Вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Кипр гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд

2 апрели соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр Константинос Комбос суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Қайд карда шуд, ки ҷонибҳо ба муколамаи устувору афзояндаи ҳукуматҳои ду кишвар баҳои баланд медиҳанд.

Тайёрии мутақобила барои тавсеъа ва таҳкими ҳамкориҳои Ӯзбекистону Кипр дар сатҳи дуҷониба, инчунин дар чаҳорчӯби Иттиҳодияи Аврупо таъкид шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: