Асқаралӣ (номи қаҳрамон дигар карда шуд) аз бозорҳои гирду атроф ва боғҳои ҳамдеҳагонаш сабзавотро ҷамъ карда, ба Русия бурда мефурӯхт.
Асқаралӣ (номи қаҳрамон дигар карда шуд) аз бозорҳои гирду атроф ва боғҳои ҳамдеҳагонаш сабзавотро ҷамъ карда, ба Русия бурда мефурӯхт. Ин дафъа кораш омад накард, то ба манзил расидан ва ба фурӯш рафтани бор онҳо пӯсида нобуд шуданд. Асқаралӣ аз ҳамдеҳагон пули бисёре қарз гирифта буд. Баъд аз ин ӯ ба муддати 8 сол бедарак шуд. Зану бачаҳояш бо падару модараш ҳамроҳ зиндагӣ мекарданд. Занаш худро ба ҳар кӯю дар мезад, дар замини хоҷагӣ алаф медаравид, пахта мечид, мол бонӣ мекард.
Рӯзе ӯ ба назди модараш омада гуфт:
– Модарҷон, то кай сабр кунам, домодатон чанд сол боз бедарак, зиндааст ё мурда ҳеч кас намедонад. Ҳамдеҳагон дар кӯчаю бозор пеши роҳамро гирифта пулҳояшонро талаб мекунанд. Ба онҳо чӣ ҷавоб доданамро намедонам.
– Духтарам, сабр кун, ягон рӯз пайдо мешудагист. Тую фарзандонатро Худо дар паноҳаш нигоҳ дорад,– дуо мекард модари меҳрубонаш.
Боз солҳо паси сар шуданд. Рӯзе Асқаралӣ ба деҳа баргашт. Бо автомобили хориҷӣ ва пули зиёде баргаштани ӯ зуд ба деҳа овоза гардид. Дертар аз шаҳр ҳавлӣ харид, оилаашро кӯчонда бурд. Аз қарзҳояш каму беш халос шуд. Акнун ҳар шаш моҳ ё як сол куҷое ғайб мезад ва бозгашт медидед, ки дар таги дари ӯ автомобили нав пайдо шудааст. Фарзандонашро ба донишгоҳҳои бонуфузи пойтахт дохил кард. Бо ҳамроҳии занаш ба зиёрати Макка рафта омад. Ҳамдеҳагон мегуфтанд: «Асқаралӣ роҳашро ёфт, кордаш дар рӯйи равған аст, қандашро хӯрад».
Аммо мақсади мо таърифу тавсифи молёбии Асқаралӣ нест. Дар нишасте бо ҳамсари ӯ ҳамроҳ будем. Ҷилави суҳбат дар дасти ӯ буд. Як хона зан – апаю хоҳарон ба ӯ сар то по гӯшу ҳуш буданд. Ӯ гоҳ либосаш, гоҳ тилловориаш, хӯрокҳои хӯрдааш, ҷойҳои рафтаашро таъриф мекард, ки баъзе занони содда бо даҳони боз ба ӯ нигоҳ мекарданд. Ҳангоми намозгузориаш соҳиби хона дар даст дастпоккуну офтоба дар гирди ӯ парвона буд. Вақте барои хондани намоз сӯзании гулдӯзии каме рангпаридаро овард, ҷавонзан гуфт: «Ҷойнамозат куҳна шудааст, чаро ҷойнамози наву хушрӯ намехарӣ?» Ё ки ба гилам, кӯрпаю кӯрпача, зарфҳо ва дигар ҷиҳози хона эрод мегирифт. Аз ин пастзаниҳои ӯ соҳибхона хиҷолат шуд.
Рости гап, дар он нишаст дилам бухс кард. Бо баҳонае берун баромадам ва роҳи хонаамро пеш гирифтам. Раҳораҳ фикр мекардам: «Наход одам то ин дараҷа дигаргун шавад? Наход дар корҳои машаққатноки хоҷагӣ мардикорӣ кардаашро фаромӯш карда бошад?»
Ҷавонзан ба тоату ибодат рӯ овардааст, аммо намедонад, ки дини ислом инсонро ба некӣ, дӯстию инсонпарварӣ, рафоқату ҳалимӣ, хоксорию камтаринӣ роҳнамоӣ мекунад, пур аз панду насиҳат ва ахлоқ аст. Ҷавон ба апаю хоҳарон оиди фазилатҳои хуби модарон, меҳрубон, сода, ғамхор, дар лаҳзаҳои мушкили оила дастгирӣ намудани шавҳар, тарбияи хуби фарзанд бояд суҳбат мекард.
Рӯзе нигоҳам ба саҳифаи ҳамон ҷавонзан дар интернет афтид. Бо либосҳои қиматбаҳо, дар шаҳри бузург, дар гирди дасторхони пурнозу неъмат ба сурат афтидааст.
Дар саҳифаҳои иҷтимоӣ монанди ин ҷавонзан сабуксароне вомехӯранд. Онҳо тӯйҳои дабдабанок, дасторхони пурнозу неъмат, ҳавлиҳои боҳашами худро ба мардум намоиш медиҳанд. Ҳол он ки дар гӯшаву канори дунё кӯдакони гушнаю бараҳна, ба як бурда нон зор, бесарпаноҳ, бемор, маъюб хеле бисёр. Ё ҳамдеҳааш ба бемории вазнин гирифтор асту маблағ надорад, ки худро табобат кунад...
Дуруст навиштааст Фаридуни Фарҳодзод дар мақолааш («Макони ғайбат, ғурбат, ғафлат ва ғорат», «Овози тоҷик», 4.01.2020, №2), ки интернетро макони ғурбат, ғайбат, ғорат, ғафлат номидааст. Кибру ҳавобаландии Асқаралӣ ва ҳамсари ӯ барин инсонҳо, ки шефтаи боигарӣ шудаанд, боиси баҳсу ҷанҷол ва ҳатто пароканда шудани оилаҳо гаштааст.
Ҳамсоязан ба сари ҳамсараш, ки коргари оддӣ буд, дод зада мегӯяд: «Марди ҳақиқӣ Асқаралӣ аст, тамоми шароити зиндагиашро муҳайё кардааст, занашро дар кафи даст мебардорад. Пешонаам шӯр будааст, ба ту барин шавҳари ношуд ҳамхона шудам». Баъзе кадбонуҳои кӯтоҳандеш мехоҳанд шавҳарашон касби дасташро партофта ба хориҷ равад. Онҳо намедонанд, ки дар шаҳри бегона онҳо чӣ гуна азобу ранҷ кашида, музди ночизе ба даст меоранд.
Оилаеро медонам. «Нимта нон – роҳати ҷон» гуфта миёнаҳол зиндагӣ мекард. Марди хона бо сохтани иморати мардум машғул буд. Рӯзе занаш маслиҳат дод, ки бачаҳо ба воя расидаанд, онҳоро хонадор кардан лозим. Ба умеди музди ночизи ӯ тӯй кардан наметавонанд. Бо фалон ҳамсоя ба хориҷ ба кор равад, шояд зиндагиашон рӯ ба беҳбудӣ нигарад. Марди хона роҳи сафарро пеш гирифт. 6-7 моҳ кор карду ба беморие гирифтор шуд ва ба деҳааш баргашт. Бо пуле, ки кор карда буд, аз назорати духтур гузашт ва доруву дармон харид. Аммо ҳамаи ин беҳуда рафт, шушашро сахт шамол хӯрондааст. Дере нагузашта мардак аз олам чашм пӯшид. Ба сари оила мусибат афтид ва аз нимта нон ҳам бенасиб монданд...
Рӯзгоре момоёни мо бо сабру таҳаммул, бо садоқатмандӣ шавҳарону писарони худро аз ҷанггоҳҳо интизор шудаанд. То омадани онҳо саробонии оиларо мардонавор ба дӯши нозуки худ гирифтаанд.
Офаридгор ҳар як инсонро бо насибааш офаридааст, ба яке зиёд, ба дигаре кам. Инсон ба камаш ҳам, ба зиёдаш ҳам бояд шукр кунад. Шукри осудагии кишвар, рӯзгор ва муҳити ором, шукри сиҳатии фарзандон бояд кард.
Фариштаи САОДАТ.