Хаёл

Айшу нишотро, ба ёрон гузоштам,

Ашки ду чашми худ,ба борон гузоштам. 
Худро супурдам ба ҳамон гурги ошно, 
Барфи диламро ба замистон гузоштам.
Бошад, ки ин баҳор ба суроғам биёӣ ту,
Пушти дарам ба меҳри ман оӣ гадоӣ ту.
Бошӣ, қаландари дари масҷидҳои даҳр,
Ҳамчун гадойи беватан аз дар дароӣ ту.

Саидаи СИНАВӢ. 

Дунё дақиқае

Ёро, ҷамоли хеш бинмо дақиқае,
Садсолаҳо зиям то бо дақиқае.

То кай ба пушти дар маҳтал гузориям,
Ҷонам, иҷозат аст оё дақиқае?

Моро тараҳҳуме, к-андар сарои ғам,
Осуда вел накард дунё дақиқае.

Умре, ки дар фироқ бигзашт, қадри ӯ
Чун умр пеши туст, бар мо дақиқае.

Ҳоло, ки фурсат аст, мекӯш, дил, ба ишқ,
Ҳастӣ нафас бувад, дунё дақиқае.

Ҳасан СУЛАЙМОНӢ.
САМАРҚАНД.

Номҳои нав

Армон

Аз китоби рӯзгори бостон,
Ман наҷустам махзани ганҷи ниҳон.
Рӯ биёвардам ба мозӣ борҳо,
То зи сӯхӣ шоире ёбам нишон.

Хаста кардам ҷустуҷуйи беҳуда,
Аз алам гӯӣ дилам омад ба дод.
Зода Сӯхам, эй басо марди шуҷоъ,
Аз чӣ аммо шоире номӣ назод?

Аз ҳароси Мақдунии кинатӯз,
Ё зи бими Чингизи беору нанг.
Лаб фурӯ бастанд оё сӯхиён,
Дардашон гуфтанд пинҳонӣ ба санг?

Балки ҳар як қитъаи Сӯхи куҳан,
Як қадамҷойи азизу нодирест.
Дар назар ҳар тахтасангу чашмааш,
Шаҳбайти обдори шоирест.

Лол гаштам пеши ин авроқи санг,
Ин ҳама бошад атои кирдгор.
Ганҷ не, эй кош, аз Сӯхи қадим,
Шоире меёфтам овозадор.

Муродҷон МАНОСОВ,
омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

 


Латифаҳо

Китобхониро бас карданиӣ?

Китобхоне аз дӯсташ пурсид:
— Дар дасти ту чист?
Дӯсташ:
— Китоби электронӣ.
Китобхон:
— Чӣ, ту китобхониро бас карданиӣ?

Ҷавоби нависанда

Журналист ба нависандае, ки романҳои детективӣ менавишт, савол дод:
— Барои чӣ асарҳои детективиро бештар мардон менависанд?
Нависанда бо табассум ҷавоб дод:
— Барои он, ки занон то ба поён расидани роман кӣ будани қотилро сир нигоҳ дошта наметавонанд.

Ташхис

Духтур аз бемор пурсид:
— Касбу коратон?
— Нависандаам.
Духтур: 
— Фаҳмо, — ва дар дафтараш қайд намуд: «Бемории куҳна — майзадагӣ, депрессия».

Сиҳат шудед

Духтуре як сол ба дунболи кор гашту пайдо накард ва тасмим гирифт, ки клиникаи шахсӣ мекушояд. Дар пушти дари клиника эълонеро овехт, ки дар он навишта шуда буд: «Барои муолиҷа 300 ҳазор сӯм, агар даво наёбед, 600 ҳазор сӯм мегиред».
Рӯзи дуюм беморе омада шикоят кард:
— Духтур, намедонам чӣ шудааст, бӯй ва тамъи хӯрокро ҳис намекунам.
Духтур:
— Ҳамшира, хоҳиш мекунам аз шиша як қошуқ сироп гирифта, ба даҳони бемор резед.
Ҳамшира:
— Даҳонатонро кушоед!
Бемор:
— Уф-ф... о, ин бензин-ку?!
Духтур:
— Табрик мекунем, шумо сиҳат шудед, бояд 300 ҳазор сӯм пардозед.

Тарҷума ва таҳияи 
К. ҲАКИМПУР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: