Ӯ шаби одина таваллуд ёфту боз дар ҳамин шаби муборак ин дунёи фониро падруд гуфт.
Пас аз вафот турбати мо
дар хок маҷӯй,
Дар синаҳои мардуми
ориф мазори мо.
Ӯ шаби одина таваллуд ёфту боз дар ҳамин шаби муборак ин дунёи фониро падруд гуфт. Дар давоми зиёда аз ҳаштод соли умри пурбаракоти хеш шоҳиди чӣ воқеаву ҳодисаҳо буду бо киҳое ҳамкору ҳамнафас, бо киҳое ҳамнишину ҳамдил, аз киҳое дилмонда буду аз кадомиҳое хушдил. Вай дар зиндагии хеш як шиор дошт: “Покбину покдил будан, ба ҳаёт бо чашми нек нигаристан”. Ва бояд таъкид сохт, ки шодравон Салим Атоев аз бачагӣ то поёни умр дар пайравӣ ба ҳамин шиори зиндагӣ кору фаъолият нишон дод. Овони кӯдакиаш ба даврони мудҳиши ҷанг ва баъдиҷангӣ рост омад. Ҳаёти пурмашаққати бачагӣ аллакай Салими хурдсолро чун инсони таҷрибаи комили зиндагидошта тарбият намуда буд. Ӯ дар оилае камол ёфт, ки он ҷо ҳамият, мардӣ, шуҷоат, меҳнатдӯстӣ, ростгӯӣ, росткорӣ, адолатхоҳӣ ҳукмрон буд. Ва ин буд, ки чунин сифатҳои ҳамидаи инсонӣ аз бачагӣ дар қалбу вуҷуди Салим Атоев сахт ҷо гирифта буданд.
Оиди фазилатҳои неки устод, шуҷоату диловариҳои ӯ борҳо гуфтаанду навиштаанд. Дар ҳақиқат, мавсуф инсони бофарҳанг, фозилу донишманд, машваратгари одамон буд. Дар кадом як ҳолате набошад, ҳақиқатро мегуфту онро ҳимоя менамуд. Дурӯғу риёро, кизбу фиребро чашми дидан надошт. Якдилу якрӯ буд, ҳақро ҳақ медонисту ботилро ботил. Мардуми Авлоду Сариосиё, Кӯшкаку Пасурхӣ, Ширинободу Бибиширин, аҳли шаҳри Бойсун ин марди наҷибро бо як овоз устоди хеш медонистанд. Зеро номбурда ҳазорҳо шогирдонро дарс гуфтаву дар қалби онҳо шӯълаи нуру зиё барафрӯхтаву одамиятро ҷо сохта буд.
Салим Атоев солҳои 1961-1966 дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсили илм гирифт. Донишгоҳро бо дипломи имтиёзнок хатм намуда, ба зодгоҳи азизи хеш баргашт. Ва тайи қариб чил сол дар ҷодаи омӯзгорӣ заҳмати арзанда намуд. Донишу маҳорат ва масъулиятшиносии ӯ буд, ки соли 1980 шӯъбаи таълими халқи ноҳия ӯро дар мактаби рақами 5 директор таъин намуд. Салим Атоев тавонист таълимгоҳро ба яке аз мактабҳои намунавии такягоҳӣ табдил диҳад. Ташаббусу покӯбиҳои ҳамин инсон буд, ки мактаби рақами панҷ соҳиби боғи биҳиштосо гашт. Садҳо дарахтони мевадору сояафкан парвариш ёфтанд. Муҳимаш, боғи маънавии барпонамудаи ӯ кайҳост, ки самараи худро додааст. Яъне даҳҳо олимону адибони соҳибистеъдод маҳсули ранҷу машаққатҳои ӯянд.
Рӯзи дафни муаллим дар сари қабр ҳамкорону шогирдонаш нисбати ӯ фикру андешаҳои хешро самимӣ ва бадард изҳор намуданд.
– Ман Салим Атоевро аз давраи донишҷӯиаш мешиносам. Худи ҳамон солҳо чун ҷавони фозилу донишманд, паҳлавону сарвари оқил ном бароварда буд. Бахусус, даврони омӯзгориву директориаш педагоги асил, роҳбари арзанда будани хешро исбот карда тавонист. Бо рафтору хислатҳои беҳини инсониаш дили ҳамагонро тасхир карда буд, — изҳор намуд собиқ мудири шӯъбаи таълими халқи ноҳия Фатҳулло Намозов.
– Хостам бетарафона бо назари ҳақбин нуқсе дар рӯзгор, ҳаёт, зиндагӣ, кору фаъолияти омӯзгорию роҳбариаш ҷӯяму ёбам. Ҷуз ростгӯию ҳақталошӣ, бе рӯю риё дар назди хосу ом, хусусан, аҳли садорат ҳарф задан, дар ҷодаи худ устувор будан, якзабонию якрӯӣ чизе ба назарам нанамуд, – навишта буд бист сол қабл аз ин омӯзгор ва шоир шодравон Равшани Эҳсон.
Бо Атоев солиёни зиёд ҳамкорӣ намудем. Ҳамчун роҳбари асил ва инсони дарёдилу бонанг ба аксарият намуна буд. Мунтазам ҳақиқатро ҳимоя менамуд. Сад афсӯс, ки чунин як инсони покбину поксиришт имрӯз дар байни мо нест. Вале бояд иқрор гашт, ки устоди равоншод даҳ нафар фарзандони асилу покниҳодро чун давоми зиндагии хеш ёдгор гузошт. Садҳо шогирдон ифтихори ӯянд. Зеро шоир фармудааст:
Гар хирадманде зи дунё
бигзарад тақсир нест,
Баҳри таъмири ҷаҳон
бархест доное дигар.
Як нуктаро таъкид сохтанием, ки устодро баъзе хислатҳое буд, ки дар дигарон онро пайдо кардан мушкил. Як рафтори арзандаи ӯ ин буд, ки аз ягон таъзияе намемонд. Соҳибони марҳуму марҳумаҳоро дилбардорӣ медод, ба сабру бардошт ҳидоят менамуд. Кадом як тӯю маърака набошад, кӯмаки иқтисодию маънавиро дареғ намедошт. Ҳар гоҳ ба фарзандону шогирдонаш таъкид месохт:
– Инсонҳо дар зиндагӣ ду тоифа ҳастанд. Гурӯҳи якум онҳое, ки як умр дар ҳаёт ҳайкалро мемонанд. Хушбахтона, гурӯҳи дигаре вуҷуд доранд, ки пас аз зиндагии хеш ба худ ҳайкал мегузоранд. Шогирдони азиз, хоҳони онам, ки ба чунин гуфтаҳои Аллома Иқбол пайравӣ намуда зиндагӣ кунед:
Ба дарё ғалту бо
мавҷаш даромез,
Ҳаёти ҷовидон андар
ситез аст.
Ин гуфтаҳои Атоев маънии басе баландро соҳиб буда, ҳар як шахсро ҳушдор медиҳад, ки дар шоҳроҳи ҳаёт ба номи одамият муносиб бошад.
Боз ҳам як нуктаро таъкид бояд сохт, ки равоншод умре ба фарҳанги миллӣ, забони шевои модарӣ, ба адабиёти беш аз ҳазорсолаи ниёгон эътиқоди баланд дошт. Садҳо шоҳбайт азёд медонисту ба шеъри классикон арҷ мегузошт.
Таассуф, марги бешафқат на парвои пир дораду на ҷавон. Дасти аҷал аз байни аҳли фарҳанг, инсони бедордил чунин як инсони ҳамидахисолу дарёдилро рабуд. Вале мо бо боварии қатъӣ гуфта метавонем, ки кору зиндагии устод дар симои фарзандонаш, шогирдонаш, аҳли илму фарҳанг боқӣ давом меёбад. С.Атоев аз дидаҳо рафт, вале ба дилҳо абадӣ маъво гирифт. Чуноне ки шайх Саъдӣ фармудааст:
Саъдиё, марди
накӯном намирад
ҳаргиз,
Мурда он аст,
ки номаш ба накӯӣ
набаранд.
Раҳматуллоҳи ШОҲИМАРДОН.
Вилояти
СУРХОНДАРЁ.