МОМОИ ҚИССАГӮЯМ

Одатан, баъди риштаҳояшро кандану шустани бистару болиштҳо пахтаашонро дар офтобрӯя паҳн мекардем.

Одатан, баъди риштаҳояшро кандану шустани бистару болиштҳо пахтаашонро дар офтобрӯя паҳн мекардем. Аз нав лаганда кардану қатора рафтани онҳо вазифаи момоям ва модарам буд. «Шумоён ҳам ин корҳоро ёд гиред, духтарбача бояд рӯзгордориро донад», таъкид мекард момо ба мо – хоҳарон.
Ӯ ҳангоми қатора рафтани кӯрпаҳо, бофтани ресмон, дарзу дӯз ё амалҳои дигар, худ ба худ гап мезад, ё суруди халқиеро замзама мекард: 
Дар ғарибӣ гашта-гашта 
ранги зард овардаам,
Ранги зардамро ба пеши 
аҳли дард овардаам.
Ранги зардамро бубину 
аз хазонам ёд кун,
Дар сари қабрам 
нишину як даме
 фарёд кун...
Гӯяндагиву қиссаҳои ӯро дӯст медоштам. Дар яке аз рӯзҳои фасли баҳор, дар гӯшаи офтобрӯяи ҳавлиамон гилем паҳн карда, кӯрпа қатора мерафт. Гуфтам:
– Момоҷон, монда нашудед? – ва дар паҳлӯяш нишастам. 
– Риштаи ин сӯзанро гузарон, додаракат ду-се маротиба гузаронду ба куҷое ғайб зад.
Сӯзану риштаро аз дасташ гирифта гузаронда додам. Қатораҳои дӯхтаи ӯ ба монанди чинҳои пешонааш буданд. 
– Ширини момо, ту акнун духтари қадрас шудӣ, ба хостгорҳое, ки меоянд, чаро ҷавоби рад медиҳӣ? Агар ба ягон ҷавон дил баста бошӣ, ошкоро гӯй, ишқу муҳаббат ҳадяи илоҳӣ аст, ба қадри он бояд расид, – сухан оғоз кард момоям.
– Ҳоло ба ту воқеаеро, ки имрӯз шумоён афсонаю ривоят мепиндоред, нақл карданиям. Бачагии ман дар дараҳои Ағваю Қалъа гузашт. Дар дараи Ағва кампири Дона бо наберааш Нишон ҳаёт ба сар мебурд. Модари Нишон ҳангоми таваллуди ӯ аз олам чашм пӯшид ва кампири Дона номи кӯдакро, ки аз модар нишона буд, Нишон гузошт. Домодаш зани дигар гирифта, ба дараи поён кӯч баст. Кампири Дона фарзанди ҷигарбандашро ба воя расонд. Куҷо равад, бо худ Нишонро мебурд. Ҳамроҳ аз кӯҳ ҳезум мекашонданд, пистаю бодом, аличу хара ва дигар меваю гиёҳҳоро ҷамъ мекарданд. Як сар гови дӯшоӣ доштанд. 
Рӯзҳо, моҳу солҳо гузаштанд. Нишон ба балоғат расид. Ҳамсояи девордармиёни онҳо духтари дӯстрӯе бо номи Маҳтоб дошт. Нишон ва Маҳтоб ба якдигар дил баста буданд. Дили ҷавони дигари гузар Қосим низ ба Маҳтоб кашол будааст. Аз ин рӯ, ин каҷдил мехост бо ҳар роҳ Нишонро ба фалокат гирифтор созад. 
Рӯзе Нишон бо маркаби худ барои ҳезум ба кӯҳ мебарояд.
Аз чӯбҳои хушки дарахтон, хорчӯб ва дигар буттаҳо хеле ҳезум ҷамъ меоварад. Сипас дар оби чашма як пора нонашро тар карда хӯрда рӯйи сабзаҳо дароз мекашад. 
Фикру хаёли Маҳтоб аз сараш дур намешуд. Духтарак дар даст сатили об, бо куртаву пойҷомаи гули бодом ва милаҳои дароз, ки дар гирди тӯпиаш печонда буд, пеши назараш намоён мешуд...
Ҷавон ғарқи андешаҳои ширин фаромадани торикиро ҳис намекунад. 
Яке аз ҳангос задани маркабаш ба худ омад ва саросема ҳезумро ба маркаб бор карду ба роҳ даромад ва то тути калони сари роҳ расид. Ҳама ҷо торик, атроф ваҳмангез буд. Ғайричашмдошт, аз паси танаи тут сиёҳие ҷаста баромад. Хар рамид, ҳезум аз болояш чаппа шуд. 
Дасту пойи Нишон аз тарс дир-дир меларзид. То ӯ ба худ омад, сиёҳӣ нопадид гашт.
Ӯ ҳезуми бастаро аз нав ба маркаб бор карду ба роҳ даромад. Раҳораҳ тарс вуҷудашро тарк намекард.
Кампири Дона аз ҳаял кардани наберааш дилаш ба сад кӯчаи гумон даромада буд. «Ба ӯ чӣ шуд, чаро дер кард? Магар мор газид, ё дучори гург шуд?»
Ва ниҳоят дарвозаи чӯбин ғиҷиррос зада кушода шуду маркабу наберааш пасу пеш ба ҳавлӣ даромаданд.
– Писарам, чаро дер кардӣ? Чанд бор мурда зинда шудам.
Нишон гуфт: – Очаҷон, мана, сиҳату саломат омадам, ором шавед. 
Сипас ҳезумро фуроварду харро ба сутуни оғил баст.
Дасту рӯяшро шуста ба хона даромад. Дар мобайни хона чароғи керосинӣ фурӯзон буд. Дар болои сандалӣ хӯрок ва чойи гарм ба назар мерасид, ки кампир болояшро бо дастархон пӯшида буд. «Бечора, очаи меҳрубонам...», чашмони ҷавон пури об шуданд...
Субҳ баъд аз тоату ибодат ва омода кардани наҳор кампир ба хонаи хоби наберааш даромад:
– Хез, ҷони оча, наҳор мехӯрем. Имрӯз корамон бисёр. Алафи боғи поён ҳам расидааст, онро даравидан лозим. 
Аммо аз Нишон садое набаромад. Кампир кӯрпаи болои набераашро оҳиста яклаба кард. Ӯ ба обу арақ ғӯтида буд, таби баланд дошт.
Кампири бечора оби дида рехта доду фарёд мезанад, аз ҳамсояҳо мадад мепурсад. Нишон аз забон монда буд...
Бад-ин минвол, ду сол гузашт. Кампири Дона ва Нишони гунг бо гирумони рӯзгори фақиронаашон банд буданд.
Қосими сияҳдил, ки ба мақсадаш расида буд, гоҳу бегоҳ пеши роҳи Маҳтобро мегирифт.
– Чаро маро намехоҳӣ, ҳанӯз гунгро фаромӯш накардӣ?
Аммо духтар ба гапҳои беҳудаи Қосим аҳамият намедод. Аз ин рафтори Маҳтоб Қосим дарун-дарун дуд карда, роҳи шайтониро меҷӯяд. 
Ниҳоят чунин рӯзи наҳс фаро мерасад.
Вақте Нишон говашро барои об додан ба ҷӯй мебарад, Қосим бо ду нафар ҳамтабақаш дар он ҷо ҳозир мешавад.
– Э-э, Нишони гунг, аз забон монда бошӣ ҳам, аз дасту поят намондаӣ-ку? – ғинг-ғингкунон ба Нишон наздик мешавад Қосим.
– Аздусар падари Маҳтоб ба ту духтарашро намедиҳад, вале он кабки дарӣ ба ман ром нашуда истодааст. Биё, ҷӯра, ту ба ман кӯмак кун. Мана, қалам ва қоғаз. Ба Маҳтоб мактуб навис. Ӯро ба таги тути калон даъват кун. Ба ту не намегӯяд. Агар гуфтаамро накунӣ, ҳодисаи ду сол пеш дар торикӣ рӯйдода такрор мешавад...
Нишони безабон, аммо дилаш пур аз дарду ғами фироқ, маҷбур мешавад, ки рӯйи қоғазро бо чунин сатрҳо сиёҳ кунад: «Маҳтоб, азизакам, туро дар таги тути калон интизор мешавам»...
Рӯзи ваъдагӣ фаро мерасад. Нишон низ пасу пеш дар ваъдагоҳ ҳозир мешавад ва мебинад, ки Қосим Маҳтобро мехоҳад ба оғӯш гирад. Духтар дар оғӯши ӯ чун мурғи ба дом афтида метапад ва чанг ба рӯйи ӯ зада фарёд мезанад: «Ту разил, беномус, аз номи Нишон маро ба ин ҷо даъват кардӣ, фиребгар!»
Нишон ин ҳангом ихтиёрро аз даст медиҳад ва аз замин санги калонеро гирифта ба сӯйи Қосим ҳаво медиҳад. 
– Аблаҳ, номард!
Санг ба пешонаи Қосим мерасад ва хун рӯю чашмашро мешӯяд...
– Маҳтоб, гурез!
Нишон ба атроф бо ҳарос нигоҳ мекард, ӯ гумон дошт, ки касе садо баланд мекунад: «Аблаҳ, номард, Маҳтоб, гурез!» Аммо ба ғайр аз ӯ касе набуд.
Нишон бори дигар «Маҳтоб, Маҳтоб!!!» гӯён садо баланд кард, аз қуллаҳои осмонбӯси дара акси садо омад: «Маҳтоб, Маҳтоб!!!»
Забони Нишон кушода шуда буд.
Мана, духтарам, муҳаббат қудрати бузург дорад. 
Дар давоми қисса чанд маротиба ба сӯзани момоям ришта гузарондам.
– Момоҷон, тақдири Нишону Маҳтоб чӣ шуд?
– Баъди гӯё шудани забонаш Нишон ҳамаи воқеаро ба миршаби деҳа гуфта медиҳад. Қосим ҷазояшро гирифт. Ду дилдода ба висол расиданд, соҳиби фарзандони бисёре гардиданд...
Момоям қатораҳои охирини кӯрпаро медӯхт. Чунин ба назар мерасид, ки мавҷи оби сой алвонҷ мехӯрд.
Ба замзамаи суруди наве оғоз кард:
Мурғи бе болу паре 
дидам, дилам омад 
ба ёд,
Нолаи ҷуғзе шунидам, 
манзилам омад ба ёд...

Саодат РӮЗИЕВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: