Момо

Ҳалима Аҳмедова

Дар паси ҳавлии мо ҳавзи калонест, ки аҳли деҳ аз он об менӯшанд. Обаш чунон ширин, ки мондан гиред. Модарам зани озода аст. Оби ҳавзро баъди аз дока гузарондан, ба нӯшидан рухсат медиҳад. 
Дар тарафҳои мо рӯзҳои гарми тобистон нисфирӯзӣ пардаи тирезаҳоро фароварда, дар хонаи торик дам мегиранд. Аз ин ҳолат дили ман торс кафам мегӯяд ва бо баҳонаи об сатилро гирифта ба лаби ҳавз меравам. Зеро ин ҳангом момо дар лаби ҳавз шолчаашро паҳн карда менишинад.  Ӯ маро доягӣ кардааст. Бино ба гуфти модарам, комамро бардоштааст. Вақте бо бачаҳои шӯх хархаша мекардам ё гап мегардондам, модарам сарашро ҷунбонда мегуфт:
– Коматро ба момо набардоронда ман мурам, феълу хӯят худди худаш-а?
Аммо момо дигар хел. Ба ман меҳрубон аст, ман ҳам ӯро дӯст медорам. Ӯ бо мо ҳамсояи девордармиён. Якчанд маротиба маро аз сарзаниши модарам наҷот дода буд. Аз ин рӯ, вақте медидам, ки оташи қаҳри модарам аланга заданист, тозон ба ҳавлии момо мегузаштам. Ӯ маро як муддат, то пасанда шудани оташи ғазаби модарам пинҳон мекард. 
Мана, ҳозир ҳам шолчаашро паҳн карда дар лаби ҳавз нишастааст. Андешаманд, нигоҳашро ба як нуқта дӯхта, ба хаёл рафтааст. Ӯро дида хурсанд шудам. Сатилро дар канори ҳавз монда, дар паҳлуяш нишастам.
Чанд вақт боз саволе маро ором намегузошт:
– Ассалом, момо.
Ӯ чашми намнокашро аз об канда ба ман нигарист:
– Ҳа, балояк, барои об омадӣ? (Момо маро балояк мегуфт).
– Худатон чӣ кор карда шиштаед?
– ... 
Барои он ки момо боз ғарқи хаёл нашавад, ӯро саволборон кардам:
– Момо, момоҷон.
– Чӣ мегӯйӣ?
– Барои чӣ танҳо зиндагӣ мекунед, оё фарзанд надоред? 
Ба ман синчакорона нигоҳ мекунад момо. Сипас нигоҳашро боз ба ҳавз андохта, гӯё аз он мӯъҷизаеро берун меоварда бошад:
– Буд, балоча, буд... Ана ҳамин ҳавзро, ки ҳар рӯз ту аз он об менӯшӣ, Ҳасану Ҳусани ман дар тӯли даҳ рӯз кофта ба охир расондаанд. Аҳли деҳ норозӣ буданд.
– Барои чӣ норозӣ буданд?
– Дар  ҳавз хурдсолон ғарқ шуданашон мумкин, беҳтараш аз ҷӯй об менӯшем, гуфтанд онҳо. Аммо, ман дар сари бачаҳоям истода кофтани ҳавзро ба охир расондам.
– Баъд чӣ, баъд... ба онҳо чӣ шуд?
– Баъд...
Момо оҳи бадард кашид, оҳи бадарди ӯ, ба назарам, ба оби ҳавз бархӯрд, ки дар рӯйи об ҳалқачаҳо пайдо шуданд.   
– Ҳасанҷонам чапандози моҳир буд. Дар рафти як бузкашӣ ҷасади ӯро оварданд. Ҳусанамро марги бародараш аз по афтонд, ба бемории вазнин дучор шуда, аз олам чашм пӯшид. Дугоникҳо бе якдигар зиста наметавонистаанд, балоча...
Акнун оби дидаи момо мисли борон, беовоз мерехт. 
– Падараш дар солҳои гуруснагӣ вафот карда буд. Онҳоро бепадар бо як азоб калон кардам.
Ҷуссаи бузурги момо акнун ба назарам хурдакак, заиф ва ночор менамуд. Ӯро аз умқи ҳавзи ғам бароварданӣ шудам.
– Момо, маро ба духтарӣ қабул мекунед?
Момо оби дидаашро бо кафи дасташ пок карда, чун бачаи гуноҳкор сар хам карда гуфт:
– Балоча, ту духтари падару модарат шав, ҳар як ниҳол дар боғи худ зебанда аст. 
– Момо, барои чӣ маро “балоча” мегӯед?
– Балоча маънои “шӯх, беқарор”-ро дорад. Рафтору кирдорат мисли писаракон аст. Дарвоқеъ, хонда метавонӣ?
– Бале, аълохон ҳастам.
– Барака ёб, гард, як китобро хонда те...
Момо аз ҷояш хеста, шолчаашро афшонд ва баъд онро дуқат карда ба бағал гирифт.
– Барои чӣ ин шолчаро бағал мекунед?
– Ҳасану Ҳусанамро дар рӯйи ҳамин шолча ба дунё овардаам, балояк.
Аз паси ӯ меравам. Аз хонаи момо бӯйи қаланфуршадда меояд. Модарам гуфта буд, ки дар хонаи момо фаришта ҳаст. Момо аз тоқча китоби латтапечеро гирифта, онро кушод ва ба серӣ бӯй кашиду бӯсид:
– Ин китоби Ҳусанҷонам. Онро такрор-такрор мехонд. Ман хонда наметавонам. Духтарам, ту хон, пазмониҳоям шиканад. 
Китобро кушода ҳайрон шудам.
– Момо, ин китоб бо дигар ҳарф навишта шудааст, ман ҳам хонда наметавонам.
Хиҷил шудам, ки моморо хурсанд карда натавонистам. Ӯ ин ҳолати маро пай бурд магар, бо табассум гуфт:
– Майлаш, мон. Афсус мехӯрам, ки дар вақташ нахондаам.
Хостам ба чашмони маъюси ӯ равшанӣ андозам. 
– Нахондагӣ бошед ҳам, афсонаю қиссаҳои зиёд медонед.
Ҳар доим бо момо суҳбати тӯлонӣ доштем. Ӯ афсона, ривоят ва достонҳои шавқовар мегуфт ва ман дар баробари қаҳрамони афсонаҳо худ гоҳ хурсанд ва гоҳ ғамгин мешудам. 
Ҳамин вақт овози модарам шунида шуд:
– Ҳалима, ҳой Ҳалима!
Кафшҳои пӯпакдорамро саросема нӯги по андохта, ба ҷониби хонаамон шитофтам. Момо аз қафоям маро дастгирӣ мекард:
– Натарс, духтарам, чӣ бало, магар очаат туро ҳамин қадар тарсончак кард?
Модарам дар даст ҷорӯб маро пешвоз гирифт:
– Ҳозир рӯзи ту – духтари бегӯшро нишон медиҳам.
Ҳамин хел бошад ҳам, модарам зани меҳрубон аст. Ӯ маро намезанад, танҳо овозашро баланд мекунаду халос. Аммо ман аз модарам метарсам, ҳозир ҳам аз тарс пойҳоям дарақ-дарақ меларзанд. 
– Очаҷон, ҳозир ҳамаи корҳоятонро иҷро мекунам. Зуд рафта об мебиёрам, ба молҳо алаф канда медиҳам, ҳавлиро мерӯбам...  
Оташи хашми модарам паст шуд:
– Зуд бош, кори хона бисёр, ту бошӣ дар куҷо дайду барин гаштаӣ, шарм намедорӣ?
Шаббодаи форами рӯзҳои саратон аллакай вазидан дошт. Модарам ба суфачаи таги ток дуруст ҷой карда, дасторхон партофта буд. Ҳангоми ба косаҳо андохтани хӯроки шом, аз рӯйи одат маро ба наздаш хонда гуфт:
– Духтарам, ин косаи хӯрокро ба момо бар, даъват кунем, боварӣ дорам, ки  намеояд. 
Ҳар рӯз ба момо хӯрок додан одати модарам аст, ки ин одати ӯро хеле дӯст медоштам. Аз чӣ бошад, он бегоҳ даричаи момо, ки ҳар доим кушода меистод, баста буд. Аз роғҳои он равшании чароғ намудор буд. Аз дарун садои касе шунида мешуд. Ба дарича наздиктар шудам, меҳмонаш ҳаст магар, аммо дар остона танҳо як ҷуфт калӯш, ки момо ба хотири дар тӯю маросимҳо иваз нашудан ба он тугма дӯхта буд, меистод. Аз роғи дарича ба дарун нигоҳ кардам. Дар рӯ ба рӯйи момо гӯё ду соя паҳлуи ҳам нишаста буданд, ба назарам момо касеро навозиш мекард:
– Бачаҳоям, шумоёнро ниҳоят пазмон шудам, аз бӯятон камтар сер шавам, очаатон қурбони шумо. Бе шумоён зиндаи дар гӯрам, на дар хобам ва на дар бедориам ҳаловат ҳаст, ҳар рӯз шумоёнро ба наздам мехонам. Охир омадаед-дия...
Он тарафи дарича барои ман торик. Чодири осмон аз ситораҳо пур. Ба баданам якбора сардӣ давид, ба овоз баровардан ҷуръат накардам, дар даст коса дастонам меларзиданд. Дарунам пур шуда инони гиряро сар додам. Садоямро шунида, момо аз дарун давида баромад, маро дида чашмонаш дурахшиданд. 
– Балоча, ин туӣ? Хӯрок овардӣ? Чаро гиря мекунӣ?
Садоям дар гулӯям монд, косаро дароз кардаму бе овоз ба пасам баргаштам. 
– Барака ёб, балоча, раҳмат...
Овози момо меларзид...
Солҳо гузашта бошанд ҳам, симои моморо фаромӯш карда наметавонам, ӯро пазмон мешавам...

Аз ӯзбекӣ тарҷумаи 
С. БЕКНАЗАРОВА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: