ҚАФФОЛИ ШОШӢ

(Нақл аз рӯзгори суханваре, ки як шеъраш ба Халифаи Бағдод хушҳолӣ бахшида, сарвари “Салибдорон” Фағфури ғаддорро озор додааст)

Қаҳрамони ин гуфтор дар  Шош (Тошканди ҳозира) ба дунё омада, баъди ҷаҳонгардӣ дар зодгоҳаш  хок шудааст. Мақбараашро дар ҳудуди “Боғи Кайковус” нишон додаанд, ки алҳол ин боғ бенишон бошад ҳам дар он ҷо мақбарае  мусаммо бо номи “Ҳазрати Имом” барҷост. Вале таърихи Қаффоли Шошӣ (ва дигар муаллифони “Шошӣ”, “Чочӣ”, “Бинкатӣ”, “Банокатӣ”, “Тошкандӣ”)  ҳанӯз дақиқ таҳқиқ  нашудааст.
Таърих, минҷумла таърихи сарзамини мо пур аз  ҷангҳоест, ки билохира ба сулҳ анҷомида сиёсати давлатиро мутағаййир, ранги таърихро хоси худ  намудааст.
Ваҷҳи печидагиҳояш ҳам аз  ин ҷост.  
Зеро ағлаби маноқибу тазкираҳо мутобиқ ба амру хоҳиши зимомдорони вақт бо истифода аз нақлу ривоятҳо рӯйи коғаз омада на ҳамеша  инъкоси воқеъиятанд, ки рӯзгор ва осори  Қаффоли Шошӣ ҳам аз ин мустасно нест.   
Қаффол таълими мутадовиларо дар мадориси Шош гирифта, дар Самарқанду Бухоро ва дигар шаҳрҳои Хуросон аз уламои машҳури замон, мисли Ҳаким Тирмизӣ  дарс омӯхтааст.    
Аз вафоти ин абармарди олами илм, қуфлсози беҳамто ва шоири беназир зиёда аз ҳазор сол гузашта бошад ҳам, асарҳояш дар кишвари аъроб то ба ҳол мавриди истифода будааст. 
Аммо асрори дар зодгоҳаш нопайдо будани кутуби ӯ ҳанӯз ифшо нашудааст. 
Ба ин нигоҳ накарда, ровиёни ахбор муҳимтарин вақеаҳои  таърихию мадании Шоши бостониро  ба вай алоқадор намудаанд. 
Минҷумла,  таърихи ба Тошканд оварда шудани Қуръони Усмонӣ ва   маблағе (60 ҳазор танга), ки тавассуташ “Наҳри Кайковус” (ҳамон Ҷӯйи Кайковус, ки алҳол “Калковусариқ” мегӯянд) ба вуҷуд омадааст. Ҳамчунин масъалаи ба Ислом гузаштани сулолаи Қарахониҳо ва инкишофи мазҳаби Шофеия дар Шоши Мовароуннаҳр ва ғайра... 
Ривоятҳо ҳокӣ аз онанд, ки  Ҳазрати Имом бисёр (72) забон медонист. Ва нахустин шахсе, ки  китоби муқаддаси яҳудиён “Таврот”-ро ба забони арабӣ тарҷума кардааст, Қаффоли Шошист, ки  ба ивази ин амали савобаш ҳазорҳо нафар асирони араб аз зиндони насрониён озод карда шудаанд.  
Ҳақ аст, ки ривоят рози таърих мекушояд. Ёдоварӣ аз ривоятҳо, нисбати Қаффоли Шошӣ, донишро  афзун,  касро  ба  дарёфт ва таҳқиқи ҳақиқат раҳнамоӣ мекунад.      
Таърих. Соли 950 ҷанги Салибдорон дар авҷ буд ва шаҳру деҳоти мусулмонон яке паси дигар  ба тасарруфи насрониёни Византия мегузашт. Вазъият – фоҷиабор. Салибдорон вақт ба вақт  сари сарбозони асирафтодаи арабро дар нӯги найза намоиш дода,  ҷисми асирони сарбуридаро тавассути  тӯп (фалахмон)  ба шаҳр партофта, халоиқро ба воҳима  меандохтанд.      
Ба замми ин ҳама даҳшат дар байни  арабҳо варақа – мактубҳои шӯрангез паҳн мекарданд, то ирода ва рӯҳияти арабҳоро заъиф  созанд. Варақаҳо  дину диёнати  арабҳоро бо қабоҳат  сиёҳ намуда, салоҳияти  худовандии  лашкари  Фағфур (Никифор)-ро бешикаст   вонамуд  мекарданд.  
Яке аз ин гуна варақаҳои тарғиботӣ, чун ҷанги даҳанакӣ, вақте ба Бағдод расид, ки Қаффоли Шошӣ  аз зиёрати Макка омада буд. Варақа иборат аз 71 мисраъ шеър буд. Дар он аҳволи ночору тақдири  асираҳои муслима  таҳқир,  қудрати ритсар (паҳлавон)-ҳои насронӣ афсонавӣ  тавсиф мешуд. Гӯё, ки аъроб бедин, аз онҳо Худо рӯ тофтааст. Мисру Арабистон, Ироқу Форсу Уммон ва  Макка тавассути салибдорони насрония  маҳв  мегардад. Инчунин, таҳдид кардаанд, ки   ҷавоб камтар аз ин  ҳаҷм ояд ҷубронаш  сахту беамон хоҳад шуд! 
Баъди муҳокимаю музокираҳои умаро масъулияти навиштани чунин “шеъри дипломатӣ” ба ӯҳдаи Қаффоли Шошӣ вогузор шудааст. Ниҳоят, достони пурмуҳтавое иборат аз 74 мисраъ эҷод мешавад.  Шоир дар ҳама китобҳои муқаддас нораво будани  қатли одамони  бегуноҳро таъкид карда, суол пеш мегузорад, ки “пас, бедин кист? Ҷанге, ки “барои дин” сар кардед, оё хилофи дини худатон нест?»  
Назми дипломатикӣ ба Фағфур сахт мерасад, аз асироне, ки дар байни онҳо шоирон ҳам буданд, дар бораи  муаллифи шеър пурсон мешавад, ки оё дар  мулки шумо чунин шоири забардаст ҳаст?
Халифа хушҳолу миннатдор  шуда аҳд мекунад, ки  ба ивази ин шеър Қаффол ҳар он чӣ шоир пурсад, хоҳад дод.
Ҳамин тавр,  Халифа барои обёрӣ ва ободонии шаҳри Шош 60 ҳазор танга тахсис мекунад ва аз ҳамин ҳисоб “Ҷӯйи Кайковус” ҳамсони “Ҷӯйи Мӯлиён”-и   Бухорои шариф шодоб мегардад.  
Ба гуфти ровиёни ахбор он вақт шоир аз Халифа  Мусҳафи Усмониро низ мепурсад.  Халифа ба аҳдаш вафо карда, Қуръонро ба шоир инъом мекунад. Қаффол онро аз Бағдод ба Тошканд меоварад.  
Илова  дар ҳошияи ин гуфтор.  Эҳтимол, ки Мусҳафи Ҳазрати Усмонро дубора ба Арабистон бурда бошанду баъди 500 сол Амир Темур онро аз Арабистон ба пойтахти худ – Самарқанд оваронд? Зеро, дар “сайри”  ин Мусҳаф навиштаанд, ки   барои ба даст даровардани “Хирқаи муборак”-и Ҳазрати Пайғомбар (бо ҳамин ном  дар шаҳри  Қандаҳор зиёратгоҳи табаррук ҷой дорад), чандин бор ҷангҳо барпо кардаанд. 
Таърих гувоҳ, ки  Қуръони Усмонӣ борҳо  даст ба даст шудааст. Чунончи, баъди забт шудани Тошканд аз тарафи русҳо, ҳамин Мусҳафи нодире, ки ба туфайли Амир Темур дар Самарқанд нигаҳдорӣ мешуд, муддате дар  Петербург, пасон дар Уфа маҳфуз буд. Дар солҳои  инқилоб барои  бозпас ба Тошканд  оварда шудани он, шоир Мирсолеҳи ӯшӣ, ки дар “Мухторияти Қӯқанд” саркотиби динӣ буд, хеле такопӯ кардааст. (Маълумоти бештар дар “Тазкираи Сибоқ”. (Т. Нашриёти «Фан», 2007. с.124. – М.О.)            
...Ривояте, ки ба ислом пайвастани сулолаи Қарохониҳоро ба Ҳазрати Қаффол алоқаманд талқин месозад, воқеъиятро зери шубҳа мегузорад. Чунки Ибни Мисквайҳ (таърихшиноси қобили эътироф), ба Ислом гузаштани Қарохониёнро  дар соли 960 тасдиқ кардааст. Ҳақиқат  ин аст, ки он вақтҳо Қаффоли Шошӣ 56 сола буда, дар мулки араб мезист. Ҳамчунин ба Тошканд дар пиронсолӣ, дар айни сар бардоштани Қарахониҳо омадани Қаффол аниқ аст.
Руҷӯъ дар доираи мавзӯъ. Ба назари мо далели таърихии дақиқ андаруни номи шаҳру деҳ ва маҳаллот маҳфуз мебошад, ки фақат илми топонимика метавонад онро равшан намояд: “Ҳазорасп”(яке аз шаҳрҳои Хоразм), “Сагбон”, “Себзор ”, “Дегрез”, “Чорсӯ”, “Ҷанггоҳ”(номи гузарҳои Тошканд), “Бисткент” (номи аслии ҳозира ноҳияи Пискент дар вил. Тошканд) худ гувоҳи ҳол аст.
Инчунин, истилоҳоти маъмули исломӣ, чун: “бомдод” (номи намози субҳ); номи рӯзҳои ҳафта, чун: “якшанбе, душанбе”... ёки номи асбобҳои мусиқӣ (ду тор, доира, кар ной, сур ной) ва ҳоказо равшангари таърихи асил аст. 
Дар атрофи топоним ва гидронимҳои Тошканд ақидаҳои мухталиф мавҷуд. Аммо академики АИ Ӯзбекистон Эдвард Ртвеладзе дар мавриди маънидодкуниҳои номи “Тошканд”, ки гӯё туркист ва мураккаб аз “санг” (тош) ва суффикси исмсози “кент” (зайли Панҷакент...) бошад, эрод гирифта, аз як мактуби подшоҳи вақт Деваштич хулоса кардааст, ки  решаи “шош”  баргирифта аз лаҳҷаи забони суғдист. Ин, албатта, мавзӯи дигар аст.
Алҳол ба мавзӯъи асосӣ:  “замони зиндагӣ ва осори Ҳазрати Имом Абубакр Қаффоли Шошӣ” мегузарем.
Аз соли 1969 то ба ҳол дар Тошканд кору зиндагӣ карда, ба истеъмоли нодурусти номи  гузару маҳалла ва обидаҳои таърихӣ бисёр рӯ ба рӯ ва ба ислоҳи баъзеаш муваффақ низ шудаем. (Маҳаллаи “Шивлий”  баъди чопи мақолаи камина: “Шайх Шиблийни биламизми?” “Шайх Шиблӣ” ном гирифтааст). Таассуфовар, ки топоними “Ҷанггоҳ“-ро Ҷангоб, “Сагбон”-ро Соғбон навишта, аз “Оқилон” «мори сафед» — (Оқ илон) сохтаанд, “Тиллокорӣ” Тиллоқорӣ шудааст. 
Ҷойи хушҳолист, ки   топоними   гузари қадима ва дар айни ҳол ободтарини пойтахт, ки  “Ҳастимом”  меномиданд, “Ҳазрати Имом” ном гирифта, исми Ҳазрати Имом Абубакр Муҳаммад Қаффоли Шошии Кабир  маъруфият ёфт, мақбараи пуршукӯҳи эшон зиёратгоҳи хосу ом мебошад.  
Пештар оиди яке аз поягузорони мазҳаби Шофеъия будани Ҳазрати Имом  ишора намудем.  Ин  ҳақиқат аст. Ҳамаи сарчашмаҳо инро тасдиқ кардаанд. Ин ҷо, илова мебояд кард, ки мазҳаби Шофеъия бо Ҳанафия бисёр наздик аст ва бо Ҳанбалия ва Моликия ба як мазҳаб – суннӣ такя доранд.
Дар таърих таззоди байни сулуку тариқатҳо бисёр рух додааст, то ба ҳадде, ки имом ва  кутуби якдигарро маҳв  намудаанд. Ҳатто дар аҳди Шоҳмуроди маъсум (а.18) сулуки “Ҷаҳрия” аз тариқати “Хуфия” хеле ҷабр дидааст. Агарчанде ба якдигар гуфтаанд, ки “Мо, ин кор намекунем”.
Аз ин ваҷҳ, эҳтимол дорад, ки замоне Шофеъия ба тазйиқ дучор гашта, асарҳои  Қаффол аз байн рафта бошад. 
Ҳароина мақбараи Ҳазрати Имом дар аҳди Сомониён барпо шуда, соли 1541  дар замони салтанати  Шайбонихон аз нав эъмор шудааст. Пас дар аҳди Шайбония ҳам, ба мисли замони Сомониён, тазоди сулук чандон рӯнамо набуд. Андаруни ҳамин мақбара, дар қатори Қаффол ва ақориби ӯ ҷойгузин шудани ҷисми Зайниддин Восифии Нишопурӣ то ҷое ин ақидаро қувват мебахшад.
Пӯшида нест, ки  Мовароуннаҳру Хуросон гоҳе муттаҳиду гоҳе пароканда  будаанд.
Маълум, ки ҳокимияти  Саффориён (867-903) тавассути Исмоили Сомонӣ  барҳам хӯрд. Он гоҳ зимоми Хилофат дар дасти Маъмун буд. “Азбаски хонадони Сомонӣ ба ин дарбор тақарруб доштанд, авлоди Асад бинни Сомон дар манотиқи мухталиф қудрате ба даст оварданд.  Маъмун Нӯҳ бинни Асадро волии Самарқанд гардонид ва Аҳмад бинни Асадро ба ҳукумати Фарғона фиристод, Шошу Истаравшанро ба Яҳё бинни Асад дод, зимоми идораи Ҳиротро ба кафи кифояти Илёс бинни Асад супурд.”(Сайид Нафисӣ)
Инъикоси он давр аз нигоҳи муҳаққиқи покистонӣ, доктор Суғдибону Шукуфта ба ин зайл аст: “Ҳудуди ба тасарруфи худ даровардаи Сомониён аз Мовароуннаҳр то Ироқ, Аҷам ва Кирмон вусъат ёфт.”
...Парокандагии ахир, ин аз байн рафтани се давлати мустақили Бухоро, Хоразм ва Қӯқанд аст, ки ин амали ноҷояро Русияи подшоҳӣ ва “болшевик”-ҳо рӯйи кор оварда, таърих ва маданияти исломиро тира сохтанд. Ба ин асос мақбараи Ҳазрати Имом дар солҳои пеш аз истиқлолият мисли дигар обидаҳои таърих назарногир буд.
Баъди истиқлолият Идораи диниёт дар ҳамин маҷмӯа ҷой гирифт, ободиҳои беҳамто арзи вуҷуд кард.     
Ровиён  Қаффоли Шоширо ба сифати қуфлсози беҳамто муаррифӣ намуда, арзи хотир кардаанд, ки яке аз қуфлҳои сохтаи ӯ ҳамагӣ 05 грамм вазн дошт. Ин ҳам як нишондиҳандаи пешрафти илму ҳунар дар он солу замон аст.       
Оиди  маҳсули қалами Қаффол маълумотҳои қобили эътибор дар сарчашмаҳои арабӣ бисёранд. Номгӯйи  асарҳояш маълум. Аммо сабаби дар  Ӯзбекистон мавҷуд набудани рисола ва ашъораш то ба ҳол номаълум. Аз ин рӯ, дар хусуси навиштаҳои форсиаш  сухан рондан мушкил.
Ва ҳол он ки бисёре аз муосиронаш (чун Ибни Сино) ба форсию арабӣ эҷод кардаанд. Зеро забони форсӣ дар қаламрави Мовароуннаҳр аз даври Сомониён  то хуруҷи Чингиз ва баъд аз он  давлатӣ будааст, ки дастёбии шоири тоҷик Бадри Чочӣ (асри ХII) ба  унвони муфтахираи  “Фахруззамон” далели ин даъвост.    
Барҳақ, Ҳазрати Имом Абубакр Муҳаммад Қаффоли Шошӣ дар  замоне  умр ба сар бурдааст, ки давлати Сомониён шукуфоӣ дошт. Он вақт эътибор ба илму дониш дар сатҳи сиёсат, мувофиқи талаби Қуръон муқаррар, ҳикмати “андӯхтани дониш  аз гаҳвора то ба гӯр” ва  “Дастёбӣ ба илме, ки магар дар Сурайёст, аҳли форс ба он муваффақ хоҳад шуд” амри маъруф буд.  
Дар асрҳои миёна, дар мактабу мадрасаҳо се илм асосӣ будааст: 
1. Қуръон, ҳамчун асоси ҳама гуна улум. 2. Забони форсӣ-тоҷикӣ ба сифати забоне, ки адабиёти оламгир дошт. 3. Фанни забони арабӣ, чун забони ягона миёни Арабу Аҷам, дар мақоми  байналмиллӣ.
Ба ҷуз ин,   баъди хатми мадорис ҳам   ин се илм аз эътибори давлат соқит набудааст. Довталабони вазоифро зарур буд то “имтиҳони давлатӣ”  аз “суҳбати ҳайати масъул” гузаранд.  Аз имтиҳон гузаштаҳо соҳиб ба тоифаи “аҳли қалам” ва “дабир” мешуданд. (Н.Неъматов. “Давлати Сомониён”). Ин  тоифабандӣ ба “ходими давлатӣ”-и ҳозира мемонад. 
Назар ба шаҳодати манобеъ аз Тошканд бисёр муҳаддисон  баромада  дар  ҳудуди Хилофат шуҳратёр гаштаанд.  Имом Абуавонаи Шошӣ, Имом ибни Алӣ ибни Ҳамиди Шошӣ, Ибни Салими Шошӣ, Ибни Шуайби Шошӣ, Абуисхоқ ибни Хузайми Шошӣ, Ибни Ҳамид Ҳофизи Шошӣ, Ибни Қосим Шошии Тункатӣ,  Ибни Хоқони Шошӣ дар соири мадориси олами ислом аз илми ҳадис дарс гуфтаанд.
Ҳаққи устодӣ доштани Имом Абдуллоҳ ибни Абуавонаи  Шошӣ нисбати муҳаддиси оламшумул Имом ибни Исмоили  Бухорӣ, Ҷаъфар ибни Муҳаммади Форобӣ ва дигарон қобили таваҷҷуҳи хосест.    
Ҳазрати Қаффол муаллифи  “Ал-ҷадал ал-ҳасан” (оид ба диалектика), “Китоб-фи-усул  ал-фиқҳ”, “Шарҳ ар-рисола”,  “Адаб ал-қозӣ”, “Маҳосин аш-шариат” аст. Аммо дар ватани аслиаш   фақат як  фотонусхаи  “Ҷавомеъ ал-калим” ҳифз мешавад, ки онро Зиёвуддинхон ибни эшони Бобохон дар  соли 1970 аз китобхонаи “Зоҳирия”-и Димишқ  оварда буд.  
Уламои ҳамзамон ва мобаъд эҷодиёти Қаффолро баланд арзёбӣ намудаанд. 
Назар ба нигоштаи Имом Абулҳақ аш-Шерозӣ: “Асарҳои пурарзиш ва бузургаш Қаффоли Шоширо Имоми кабир намудааст”. 
Ба гуфтаи Ал-Ҳакимӣ: “Шайх ал-Қаффол дар байни уламои замон, ки онҳоро мешинохтам, аз ҳама донишмандтар буд”. 
“Мавсуф  Имоми донишманде буд, ки ба шарофаташ мазҳаби Шофеия такмил ёфт”, –  навиштааст Ибн ас-Солеҳ.
“Мавсуф  дар байни ҳамзамонон одами  аз ҳама соҳибмаърифат буд”, – гуфтааст Ҳаким Абуабдуллоҳ ибни ал-Баййӣ. 
Ба қавли муҳаққиқ Тоҷиддин Абдулваҳҳоб ас-Сабоҳӣ “Қаффоли Шошӣ муаллифи ашъори баландмазмун ва тағаззули зебост.”
Муаллифи “Маҷмаъ-ул-булдон” Ёқут ал-Ҳамавӣ (муаррих, адиб, сайёҳи асри ХII) шаҳодат медиҳад, ки моҳи шавволи соли 665 ҳ. (1267 м.) дар китобхонаи Одилияи Димишқ нусхаи даҳҷилдаи асарҳои Аш-Шоширо, ки бо қалами Шайх Қутбиддин Масъуд ан-Найсапурӣ китобат шудааст, бо чашми худ дидааст. 
 Бояд гуфт, ки   асарҳои Қаффол дар мамлакатҳои арабӣ ҳанӯз мавриди нашр ва мутолиа будааст.
Сайри бозор. Тошканд аз қадим шаҳри азим, маркази тиҷорат ва илм буд. Гирду атрофи “Эски ҷува” дар иҳотаи растаҳои косибон буд. Устохонаҳо дар як вақт вазифаи фурӯшгоҳро низ иҷро  мекарданд. Бозорҳо бисёр буд. 
Минҷумла, “Саҳҳофбозор” ва “Тӯппибозор”-и Шош дар натиҷаи омаду рафти сокинони  кӯча ва маҳаллаҳои “Масҷиди баланд”,“Чорсӯ”, “Бодак”,  “Қозикӯча”, “Мерганча”, “Лӯликӯча”, “Падаркуш”,  “Раискӯча”, “Тоҷикон”,  “Тангтеппа”, “Чорбоғи Кайковус”, “Кунҷак”, “Лабзак”, “Маҳсидӯз”, «Парчабоф”, “Сари хумдон”, “Хоҷаи тарозушикан”, ”Ҷанггоҳ”,  “Оқилон”, “Хиёбони шоҳнишинтеппа” ҳамранги дигар бозорҳо аз ташрифи аҳолии атрофи  “Ҷӯйи чилдухтарон” (воқеъ дар назди гӯристони “Боткин”-и ҳозира) мудом серодам будааст. (Топонимҳои мазкур ориятист аз  китоби Х.Бӯриева: “Тошкент тарихий топонимлари”)  
Дар охирсухан мебояд аз навиштаи мусташриқи немис Адам Метс (“Исламский ренессанс”, нашри русӣ) ёдрас шавем, ки гуфтааст: “Дар аҳди Сомониён ченаки  боигарӣ на симу зар ва молу сарват, балки китоб буд.” 
Ҳаёти имрӯз давру замони Ҳазрати Имомро хотиррасон мекунад, ки  тарғибу ташвиқи китоб авҷ гирифтааст. Агар дар Ӯзбекистон ба китобхонаҳо китоб тавзеҳ  намоянд, дар Тоҷикистон хона ба хона  бепул китоб додан ба гӯш расид, ки хушнавидест  аз Эҳёи навин. 

Маъруф ОТАХОНЗОДА, 
Журналисти шоистаи
 Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: