ФАРЗАНД АЗ ПАДАР ҲАҚ ДОРАД, КИ...

Яке аз хешовандони куҳансол шаҷараи аҷдодро тартиб дода, дар шакли китоб чоп кардааст.

Яке аз хешовандони куҳансол шаҷараи аҷдодро тартиб дода, дар шакли китоб чоп кардааст. Аз он нафақат ному насаби ақрабо, балки касбу кор, воқеаҳои шавқовару пандомезе, ки бо ҳаёти онҳо вобаста аст, ҷой гирифтаанд. Китобро бо шавқи зиёд хондам. Маълум шуд, ки муаллиф то ба чоп омода кардани он заҳмати зиёд кашидааст. Маълумотҳои аввалини дар он дарҷгардида ба даҳсолаҳои охири асри XIX тааллуқ дошт. Баъди мутолиаи он донистам, ки абераю чабераҳои бародароне, ки он солҳо ба дунё омада буданд, аз хешу табор буданашон тамоман бехабаранд.
Аммо масъалае, ки ман сари он истоданиам, тамоман дигар аст...
Ба фарзандоне, ки дар 10-15 соли охир таваллуд шудаанд, дар баробари Муҳаммадалӣ, Нуримон, Камолиддин, Шарофиддин, Саида, Муслима номҳое ба мисли Артур, Марадона, Зерда, Тангем гузоштаанд, ки таассуфангез аст. 
Табиист, ки номгузорӣ ихтиёрист, аммо масъулияти худшиносии падару модарӣ куҷо шуд?
На ҳамаи фарзандон вақте ба камол мерасанду худшиносу худогоҳ мегарданд, аз номгузории волидон розӣ мешаванд.
Дар даври шӯравӣ ба фарзандон номҳоеро мисли Мэлс, Марс, Юпитер мегузоштанд ва баъдтар сабаби инро ба дур шудан аз асли худ вобаста карданд. Номгузории ғайримиллии имрӯза бошад, маҳсули бемаърифатии инсон аст.
Тавре ки дар китобҳои муқаддас оварда шудааст, яке аз вазифаҳои падару модарон ба фарзанд номи маънодору зебо гузоштан мебошад. Намояндагони дин дар гузоштани номҳо эҳтиёткориро талаб мекунанд, бино ба фикри онҳо ба номҳои Саттор, Малик, Борӣ, ки хоси сифатҳои Офаридгор аст, ҳиссаи «Абду» илова карда шавад, ки маънои бандаи Офаридгор буданро медиҳад. Мисол, инсон Саттор буда наметавонад, танҳо Офаридгор сифати сатторӣ дорад. Аммо ба номи анбиё гузоштани чунин ҳиссаҳо лозим нест, чунки пайғамбарон аз байни инсонҳо зуҳур кардаанд.
Донишмандону бузургон борҳо доир ба хулқу атвор ва тақдири инсон таъсир расондани  номро таъкид намудаанд. Волидоне, ки аз таърихи дини мубинамон хабар доранд, ба фарзандонашон бо ниятҳои нек номи хуб мегузоранд. Дар яке аз ҳадисҳо, ки Абу Дардо (р.а) ривоят мекунад, гуфта шудааст: «Расулуллоҳ (с.а.в) гуфтаанд: «Дар рӯзи қиёмат шуморо бо номатон ва номи падаратон чеғ мезананд. Бино бар ин, номатон бояд зебо бошад».
Пайғамбари ислом (с.а.в) аз мондани номҳои нозеб ва бемаъно худдорӣ кардаанд. Масалан, номи духтари Ҳазрати Умар (р.а) Осияро, ки маънои гунаҳкорро дошт, ба Ҷамила (зебо, хушрӯй) иваз кардаанд.
Инҷо лозим шуморидем,  нақли яке аз воқеаҳое, ки ба номгузорӣ вобаста асту дар даври Умар ибн Хаттоб (р.а) рух додааст, орем.
Ба назди Умар ибн Хаттоб (р.а) касе меояду мегӯяд, ки ман аз баҳри писарам гузаштам, ӯро «оқ» кардам. Умар (р.а) писари ӯро чеғ зада гуфтанд, ки падараш аз баҳри ӯ гузаштааст. Ва табиист, ки писарро барои рафтори номатлубаш сарзаниш карданд. Он гоҳ писар пурсид: Эй амири муъминон, фарзанд аз падар ҳақ дорад ё на?
– Ҳақ дорад, – ҷавоб доданд Умар (р.а).
– Ин ҳақ аз чӣ иборат аст? – боз пурсид писар.
– Пеш аз никоҳ, барои фарзанд интихоб кардани модари тарбиядида, ба фарзанд гузоштани номи зебо ва ба ӯ омӯзонидани Қуръони карим.
– Агар чунин бошад, падарам барои ман ҳеч коре накардааст: модарам дар дасти як маҷусӣ кор мекунад, ба ман номи «Хунфисо»-ро гузоштааст, ки маънои гамбуски сиёҳро дорад, аз Қуръони карим низ ҳарферо намешиносам, – гуфт писар.
Он гоҳ Умар (р.а) ба падари ӯ гуфт: «Ба наздам омада писаратро «оқ» кардан мехостӣ, аммо писар ҳақ дорад, ки аз баҳри ту барояд. Ту худ гунаҳкор ҳастӣ».
Аз ин ривоят бармеояд, ки ба номгузорӣ ва интихоби номи зебо бояд беэътибор набошем. Бояд номи фарзандонро пурра ва  дақиқ ба забон гирем.

Набия НОДИРОВА.
Вилояти БУХОРО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: