ВОЖАҲОИ МАРДУМӢ ДАР АШЪОРИ РӮДАКӢ ВА МУОСИРОНИ Ӯ

Ҳамчунон ки об аз саргаҳаш тозаву зулол аст, забони тоҷикии мо низ дар оғози пайдоиш ва ташаккули худ, аз ҷумла дар асрҳои IX-X тозаву беолоиш ва орӣ аз ҳар гуна луғатҳои номафҳуму бегона будааст.

Муҳаққиқон бар ин ақидаанд, ки забони ашъори Рӯдакӣ ва муосирони ӯ бо забони зиндаи халқӣ иртиботи бисёр қавӣ дошта, маҳз бо ин хусусияти худ аз осори шоирони баъдина фарқ мекунад. 
Чунончи, луғатшиноси маъруфи тоҷик Амон Нуров дар пешгуфтори асари худ «Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ» (Душанбе, «Маориф», 1990) таъкид кардааст: «бештари ин калимаву истилоҳот (яъне калимаву истилоҳоте, ки дар ашъори Рӯдакӣ ба кор рафтаанд – (Т.Ҳ.) ҳоло дар забони халқ роиҷ ва дар истеъмоланд». (Саҳ.5)
Воқеан, вақте мо ашъори маҳфузмондаи устод Рӯдакиро аз нигоҳи луғатшиносӣ таҳқиқ мекунем, мебинем, ки бисёр вожаю таркибҳои луғавии дар онҳо истифодашуда, имрӯз ҳам дар забони зиндаи халқ зиндаанд. Дар осори боқимондаи Рӯдакӣ баъзе калимаҳоро метавон дид, ки ҳатто бо гузашти беш аз ёздаҳ қарн имрӯз ҳам дар гуфтори мардумони бисёр маҳалҳои тоҷикнишин мавриди истифода қарор доранд. Чунончи, калимаи «хусур», ки барои кулли тоҷикон фаҳмост. Рӯдакӣ гуфтааст:
Чӣ некӯ сухан гуфт ёре ба ёре,
Ки то кай кашем аз хусур зиллу хорӣ?
Нависандагону рӯзноманигорони муосир ба ҷойи ин вожаи маълуму хушоҳанг таркибҳои сохтаву гаронвазни «падарарӯс» ва «падаршӯй»-ро кор мефармоянд. Дар ҳоле ки як вожаи одиву зебои «хусур» ҳамин ду маъниро ҳам ифода карда метавонад.
Ё худ калимаҳои «духтандар», «писандар», «мояндар»-ро бигирем, ки имрӯз ҳам дар гӯиши тоҷикони як қатор маҳалҳо, аз ҷумла шеваи тоҷикони рустои Деҳбодоми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё, ки зодгоҳи падару бобоёни нависандаи ин сатрҳост, айнан ба ҳамин шаклу мазмун мавриди истифода қарор доранд. Дар як байти устод Рӯдакӣ калимоти мазкур ба ин тарз омадаанд:
Ҷуз ба мояндар намонад ин ҷаҳони гурбарӯй,
Бо писандар кина дорад ҳамчу бо духтандаро.
Ин калимаҳо, ки шакли кӯтоҳу муҷаз ва сабукшудаи  вожаҳои «модарандар», «писарандар» ва «духтарандар» мебошанд, ки дар забони адабии имрӯза тақрибан дар истифода нестанд. Ба ҷойи онҳо ибораҳои хунуку нимбегонаи «модари ӯгай», «писари ӯгай» ва «духтари ӯгай» кор фармуда мешаванд.
Дар баъзе гӯйишҳои тоҷикӣ, аз ҷумла Деҳбодом ҷонвари хазандаи хурди сусморшаклро, ки дар забони адабии имрӯза «калтакалос» мегӯянд, «карбаш» меноманд, ки дар як байти устод  дар шакли «карбаша» омадааст:
Чор ғунда, карбаша бо каждумон,
Хӯрдӣ эшон пӯсти рӯйи мардумон.
Калимаи «ганда» ба маънии «бад» (муқобили «нағз» ё «хуб») ҳатто ба кӯдаки нав забонбароварда низ фаҳмост, аммо аз чӣ бошад, ки ин вожаи умумиистеъмолӣ дар забони адабии имрӯзаи мо тақрибан истеъмол намешавад ё кам кор фармуда мешавад. Ҳол он ки дар ашъори муосирони Рӯдакӣ васеъ корбурд шудааст. Чунончи, Имораи Марвазӣ мегӯяд:
Гандаву беқимату дуну ҳақир,
Риш пур аз ...  ҳама тан калакч.
Дар ин байт инчунин калимаи «калакч» ба маънии хуни бастае, ки дар ҷойи захмхӯрда ва хуншоргардидаи бадан пайдо мешавад, корбаст шудааст, ки имрӯз ҳам дар бисёр гӯйишҳои тоҷикӣ, аз ҷумла лаҳчаи Деҳбодом ба гунаи «калахч» мавриди истифода қарор дорад.
Дар як байти шоиру донишманди асри X, муаллифи асари машҳури «Таърихи Табарӣ» Абӯалии Балъамӣ чанд вожае ба кор рафтааст, ки имрӯз танҳо дар баъзе гӯйишҳои маҳаллӣ боқӣ мондаанд. Он байт ин аст: 
Чун барафрӯзӣ рух аз бода, кала созӣ яла,
Дастҳояш тик гардад, пойҳояш шишала.
«Кала» (калла – сар, узви бадан) вожаи умумиистеъмолӣ, дар забони адабии имрӯза камистифодааст, ба ҷойи он асосан «сар»-ро кор мебаранд. Ҳол он ки нахустмаънои «сар» – «оғоз», «аввал», «ибтидо» аст. (Чунончӣ, мегӯянд: Китобро аз сар то охир хондам).
Вожаҳои «яла», «тик» ва «шишала», ки дар байти фавқ омадаанд, алҳол дар баъзе гӯйишҳои маҳаллӣ боқӣ мондаанд ва дар забони адабӣ мавриди истифода қарор надоранд. «Яла» ба маънии «кушода», «боз» («воз»), «тик» ба маънии «рост» (ҳолати амудӣ) ва «шишала» ба маънии «ғафс», «варамида» омадаанд. Аз ин қатор вожаи «тик» дар забони гуфтугӯии тоҷикони Сариосиё ҳоло ҳам пуристифода аст. 
Дар як байти бозмондаи устод Рӯдакӣ калимаи «ғашок» ба маънии бӯйи нохуш, бӯйи бади даҳон истифода шудааст:
Аз даҳони ту ҳамеояд ғашок,
Пир гаштӣ, рехт мӯят аз ҳабок.
Ин вожа бо ҳамин маънӣ, аммо ба шакли андак дигаргуншудаи «хишок», «хишокӣ» имрӯз ҳам дар лаҳчаи тоҷикони Деҳбодом ва шояд баъзе маҳалҳои дигар низ зинда ва мавриди истифода қарор дорад.
Калимаи «воич», «воиш» ба маънии хавозаи ток, ки ҳоло ҳам дар гӯйишҳои тоҷикони Сариосиё корбурди васеъ дорад, дар як байти шоири асри X Шокири Бухороӣ ба шакли «возеч» истифода гардидааст: 
Ҳама возеч пурангуру ҳама ҷой – асир,
З-он чӣ варзид, кунун бар бихурад 
барзгаро.
Дар забони адабии имрӯза калимаи «палонҷ» аҳёнан ба назар мерасад, ки муродифи тоҷикии вожаи «кундош»-и ӯзбекӣ буда, муносибати хешигарии (агар ҳамин тавр гуфтан ҷоиз бошад) занони як мардро нисбат ба ҳамдигар ифода мекунад. Ин калима дар як байти шоири машҳури ҳамзамони Рӯдакӣ Шаҳиди Балхӣ ба гунаи зер омадааст:
Ҳаме насозад бо доғи ошиқӣ сабрам,
Чунон куҷо бинсозад банонч бо банонч.
Ба «б» табдил ёфтани ҳарф ва овози «п» ҳодисаи маъмулӣ аст, ки бо таъсири забон ва хати арабӣ сар задааст. Зеро азбаски дар имлои арабӣ ҳарфи «п» нест, калимотеро, ки овози «п» доранд, бо «б» ҳам навиштаанд. Чунончи, дар баъзе осори таърихӣ «асп»-ро «асб» навиштаанд. Бо «панонч» ҳам, ки то имрӯз дар гуфтугӯи куҳансолони Деҳбодом ба гӯш мерасад, ҳамин гуна ҳолат рух додааст. 
Дар шеваи мардуми Деҳбодом вожаи «базза» дар таркиби ҷуфти синонимии «уболи базза» истифода мегардад, ки маънии кори носавоб, хато, гуноҳро дорад. Дар ашъори бозмондаи устод Рӯдакӣ ва баъзе шоирони дигари аҳди Сомониён ин калима дар шакли «база» ва айнан ба ҳамин маънӣ омадааст. Чунончи, қофиласолори назми тоҷик дар байте гуфтааст:
Эй хуни дӯстон-т ба гардан, макун база!
Кас барнадоштаст ба дасте ду харбуза.
Калимаи «ғунуч» (шаклҳои дигараш «ғанч», «ғунч») дар ашъори Рӯдакӣ ва муосирони ӯ ба маънии нозу карашма истифода шудааст. Чунончи, дар як байти устод омадааст:
З-ину з-он чанд бувад бар неҳу меҳ,
Мар туро кашшию физину ғунуч.
Ин вожа имрӯз ҳам ба ҳамин маънӣ дар гӯйиши тоҷикони Деҳбодом дар таркиби ҷуфти синонимии «қанчу ноз» истифода мегардад.
Инчунин дар ашъори маҳфузмондаи устод Рӯдакӣ ва шоирони ҳамзамони ӯ вожаҳои сирф тоҷикии «гум» (ба маънии ҷойи чуқури дарё), «доскола» (корди токбурӣ), «бачча» (фарзанд, писар), «бебуд» (нодор, нодорӣ), «торак» (фарқи сар), «яхча» (жола), «ғеша» (як навъ гиёҳ, ки аз он бӯрё ва ҷувол мебофтанд), «камтар», «камтарак» (ба маънии андак), «гандапир» (пиразани фартут) ва амсоли инҳо ба кор рафтаанд, ки имрӯз ҳам дар бисёр гӯйишҳои тоҷикӣ мавриди истифода қарор доранд.
Омӯхтани эҷодиёти Рӯдакӣ ва муосирони ӯ аз нигоҳи луғатшиносӣ аҳамияти бузург дорад. Зеро ба ин восита мо метавонем бисёр вожаҳоеро, ки дар забони адабии ниёгонамон роиҷ буданду бо мурури замон аз ёдҳо рафтаанд, ё дар баъзе гӯйишҳои маҳаллӣ боқӣ мондаанд ва барои умум ношиносанд, аз нав мавриди истифода қарор бидиҳем. Бояд гуфт, имрӯз адибон ва ё рӯзноманигорони мо  барои ифодаи баъзе мафҳумҳо аз забони форсии тоҷикӣ вожаи мақбул наёфта, қаринаи бегонаи онро истифода мебаранд.  Чунончи, боре аз як дӯсти рӯзноманигорам, ки аз рӯзгори чӯпонҳо мақолаи хубе навишта, дар ҷое вожаи «қӯтан»-ро ба маънии ҷойи хоби гӯсфандон дар чарогоҳ истифода карда буд, пурсидам: оё муродифи тоҷикии ҳамин калима нест, ки калимаи бегонаро истифода бурдаӣ? Гуфт, пайдо накардам, аслан дар тоҷикӣ калимае  нест, ки ҳамин маъниро дода тавонад. Зеро тоҷикон аз қадим бо чорвопарварӣ чандон шуғл надоштанд ва аз ин рӯ, калимоту истилоҳоти марбут ба ин соҳа бештар туркӣ-муғулӣ мебошанд  ва гунаи тоҷикии худро надоранд, мисли лайлоқу қавурдоқу қӯчқору қӯтану қуруту қаймоқу дигарҳо...
Ман ҳам рости гап, он дам намедонистам, ки «қӯтан» қаринаи тоҷикӣ дорад ё не. Пас аз чанде  дидам, ки дар як байти устод Рӯдакӣ ин мафҳум ба шакли «нағил» истифода шудааст:
Гӯспандему ҷаҳон ҳаст ба кирдори нағил,
Чун гаҳи хоб бувад, сӯйи нағил бояд шуд.
Ба эътибори тоҷикӣ буданаш имрӯз метавонем ин вожаро эҳё намуда, ба ҷойи «қӯтан» истифода бубарем.
Дар забони адабии имрӯзаамон «клей»-и русӣ низ муродифи ягона надорад. Баъзеҳо ба ин маънӣ «ширеш»-ро ба кор баранд, баъзеи дигар «елим» мегӯянд, ки низ аслан тоҷикӣ нест. Дар ашъори устод Рӯдакӣ ин маънӣ ба воситаи вожаҳои ноби тоҷикии «сирешум» («ширеш» шакли тахфифшудаи он аст) ва «кабдо» (моддаҳои часпанда) ифодаи худро ёфтааст:
Ман он-ч мадҳи ту гӯям, дуруст бошаду 
рост,
Маро ба кор наёяд сирешуму кабдо.
Албатта, дар доираи як мақола ҳамаҷониба баррасӣ намудани ин масъалаи муҳим, яъне робитаи забони ашъори Рӯдакӣ ва дигар шуарои аҳди Сомониён бо забони зиндаи халқ аз имкон берун аст. Умед дорем, он минбаъд мавриди тадқиқу таҳқиқи доманадори донишмандони соҳа қарор хоҳад гирифт.

Турдиқул ҲАСРАТОВ,
омӯзгори тоифаи олии забон ва адабиёти тоҷик, Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон.
Ноҳияи Сариосиёи 
вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: