Сафири Ӯзбекистон Фариддин Насриев бо коргардони маъруфи синамои эронӣ, сенарист, директори ширкати "Tasvirsazan Setareh Soheil" Сирус Муқаддам мулоқот кард.
Сирус Муқаддам барои телевизиони Эрон беш аз 30 филм ва сериал таҳия кардааст. Шӯҳрати ӯро асарҳои “Гургҳои гурусна” (1991), “Наргиз” (2006), “Капитал” (2011), “Майкл” (2015) овардаанд, хабар медиҳад АИ“Дунё”.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки ҳамкориҳои Ӯзбекистону Эрон дар солҳои охир ба шарофати сафарҳои мутақобила ва муколамаи раҳбарони ду кишвар ба сатҳи нав баромад ва омодагии ҷонибҳо ҷиҳати мусоидат ба рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ, махсусан дар сохаи кинематография изҳор гардид.
Коргардони эронӣ зикр кард, ки нақша дорад ба кишвари мо ба манзури ошноӣ бо зарфиятҳои он дар арсаи синамо ва барқарории равобит бо синамогарони ӯзбек сафар кунад.