ШАҲДӢ ВА ОСОРИ Ӯ

Ба муносибати 260-солагии Ҳоҷӣ Муҳаммади Шаҳдӣ

Ба муносибати 260-солагии Ҳоҷӣ Муҳаммади Шаҳдӣ
Ҳоҷӣ Муҳаммади Шаҳдӣ аз шоирони маъруф ва хушзавқи доираи адабии Истаравшан мебошад. Муҳаммад дар соли 1760 дар гузари Масҷиди сафеди шаҳри Истаравшан дар оилаи Сӯфӣ Кӯчаки ҳалвогар, ки табъи шоирӣ дошт, ба дунё омад. Шаҳдӣ дар бораи падараш чунин мегӯяд:
Падарам асл Кӯчаки Баққол,
Ин насиб аз азал Худо кардаст.
Солҳо ранҷу меҳнати бисёр,
Хуни дил хӯрда корҳо кардаст.
Падараш заковату  истеъдод ва маҷзубии ӯро ба илм дида ба яке аз намояндагони аҳли тариқати қодирия Сӯфӣ Ғанӣ шогирд медиҳад. 
Ки саргарми марде бигаштам 
яке,
Агар пурсӣ номаш – Сӯфӣ Ғанӣ.
Вале он пири тариқат ҳам дере нагузашта вафот мекунад. Ӯ аз ин ҳол ғамгин шуда, ба ҷустуҷӯи муршиди дигар мешавад. Бо Хоҷа Убайдуллоҳ, ки бо тахаллуси Солик шеърҳои орифона ва ошиқона эҷод намудааст, шинос мешавад. Солик ӯро ба халифагӣ қабул мекунад. Писари Шаҳдӣ — Нодими Истаравшанӣ дар девони худ фикри мазкурро тақвият мебахшад:
Тариқат дар сулуки Кубравия 
сарсулуки ман,
Бувад он соҳиби иршод Солик 
пири аҷдодам.
Дар ин маврид шоири ҳамзамони Шаҳдӣ Абдураҳим Истаравшанӣ дар қасидаи ба Шаҳдӣ бахшидааш менависад:
Дар «сулуки кубравия» муътақид 
будӣ мудом,
Хирқаи Солик ба қаддат моҳи 
тобон рехта.
Муҳити нобасомони иҷтимоию сиёсӣ шоирро хеле озор додааст. Дар шеърҳояш оҳанги яъсу ноумедӣ  аз муҳити даврон таҷассум ёфтаанд. Барвақт аз ёру дӯстон ҷудо шудан, фироқи устодон, ситамгории замон ҳавсалаи ӯро пир менамуд. Адабиётшинос Саидумар Султонов таъкид мекунад, ки Шаҳдӣ «Дар деҳаи Сепула, ки ним фарсах дур аз шаҳри Истаравшан воқеъ буд, иқомат гузида, дар он ҷо боғе бунёд карда, ба корҳои деҳқонию эҷодии худ машғул мегардад»:
Аз маломатҳои мардум ҷо ба 
саҳро кардаам,
Оҳу ҳасратро даруни синаам
 ҷо кардаам.
Шоир баъди такмили илм ба зиёрати равзаи мубораки Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам меравад. Дар бозгашт қабри Аҳмади Ҷомӣ, Мавлавии Румӣ ва Ҳофизи Шерозиро зиёрат мекунад. Дар ин хусус дар шеъраш ишораҳо дорад:
Аз Каъбаю Рум то ба тамошои 
Мадина,
Гардам ба суроғи раҳи саҳрои 
Мадина.
Баъди тавофи Каъба шоир то охири умраш ба боғдорӣ, тоату ибодат ва корҳои эҷодӣ машғул шуда, узлатнишиниро ихтиёр мекунад. Тасвири ҳаёти ҳузнангези шоир, зиндагии фақирона дар шеърҳояш акси худро ёфтаанд:
Аз мо, ки ёдгор ғоре нишона 
монд,
Санги Сиёҳ тоқи мазоре 
нишона монд.
Ибораи «Санги Сиёҳ» дар шеърҳои шоир ҳамчун образи бадеӣ истифода гардидааст, аммо бояд донист, ки Санги Сиёҳ манзилест, ки шоир дар зери он ғор баҳри чилла нишастан макон ихтиёр намудааст. Шоир то охири умр бо халқи худ ҳамнафас буд. Узлатнишинии шоир  аз ҳалқаи зикр, маҷлиси унс, муроқаба, мукошафа ва мутолиа иборат аст. Гоҳ обёрии дарахтони боғ менамуд, гоҳ ба шогирдон дарс мегуфт, гоҳ ба эҷоди шеърҳои ирфонӣ машғул мешуд. Барои ҳамин ҳам мегӯяд, ки «гӯшагирӣ кори ҳар кас нест»:
Кори ҳар кас нест 
гӯшагириҳои мо,
Ном шуд Санги Сиёҳу аз ту ғоре 
монд, монд.
Шоир мувофиқи санаи таърихие, ки писараш Нодим дар шеъри худ овардааст, соли 1839 вафот кардааст. Барои таърихи вафоти Ҳоҷӣ Муҳаммад чанде аз шоирон марсия ва моддаи таърих навиштаанд. Қории Қундузӣ фармудааст:
Баҳри таърихаш хирад Комӣ 
кашида оҳи пок,
«Қабри Ҳоҷӣ Муҳаммади шоир 
мунаввар бод», бод.
Писари шоир Нодим чунин таърихро нигоштааст:
Ҳар кас, ки кунад суроғи пирам,
Таърих шудааст: «Боғи пирам».
Ҷасади ӯро дар боғи деҳаи Сепула, ки худ обод карда буд,  ба хок месупоранд. Мухлисон ва муҳибони шоир ба рӯйи хокҷои ӯ мақбарае бино мекунанд, ки дар он мақбара ҷасади шоир ва ҷасади писараш Нодим мадфун аст.
Ҳоҷӣ Муҳаммади Шаҳдӣ дар давоми умри пурбаракати худ мероси адабии гаронбаҳое боқӣ гузоштааст. Мероси адабии шоир то ҳол ба таври илмию интиқодӣ аз тарафи адабиётшиносон ва таърихшиносон ба пуррагӣ омӯхта нашудааст. Дар тадқиқи рӯзгор ва осори Шаҳдӣ саҳми С. Султонов назаррас аст. Дилшоди Барно дар «Таърихи муҳоҷирон» нисбати Шаҳдӣ овардааст: «Шаҳдии Сепулагӣ ашъори вуҷудпаймое дорад».  Бояд гуфт, ки то ҳол омӯзиши пурраи мероси адабии шоир, табдили матни интиқодӣ, академӣ ва оммавии куллиёт ва нусхаҳои дастхати девонаш ба сомон нарасидааст. Дар натиҷаи омӯзиш ва тавсифи нусхаҳои дастхати девони шоир дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Ӯзбекистон 12 нусхаи девони ӯро тавсифи мухтасари илмӣ-индивидуалӣ намудем.  Бар замми ин,  2 нусхаи дар китобхонаи шахсии мухлисони Шаҳдӣ бударо ҳам ба тавсиф омода сохтем. Ҳоло 8 нусхаи девони шоир дар шуъбаи мероси хаттии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҳфуз аст. Дар Осорхонаи адабии Истаравшан як нусха куллиёт ва девони шоир нигоҳдорӣ мешавад. Тибқи пажӯҳиши мазкур то ҳол зиёда аз 40 нусха дастнависи девони шоир то замони мо омада расидааст. Дар куллиёти Шаҳдӣ 989 ғазал, 38 мухаммас, 45 банд соқинома мавҷуд буда, ҳамагӣ аз 9 ҳазору 314 байту як мисраъ иборат аст. Чуноне Дилшоди Барно мегӯяд: «Шаҳдӣ достони ҷангие низ дошт». Пас, маълум мешавад, ки мероси адабии шоир аз ин адад бештар аст. Мухлисон ва авлоди Шаҳдӣ мероси адабии ӯро ба 15 ҳазор байт расондаанд. Лекин дар девоне, ки дар китобхонаи шахсии С.Султонов маҳфуз аст, ин достони ҷангӣ вуҷуд надорад. Мероси адабии шоир ҷанбаҳои ирфонӣ-ахлоқӣ, ишқӣ-иҷтимоӣ ва ҳасбиҳолӣ доранд. Ӯ ба Ҷалолиддини Балхии Румӣ, Аҳмади Ҷомӣ, Ҳофиз, Лутфӣ, Машраб ва шоирони аҳли тариқат таваҷҷуҳ ва муҳаббати хос дошт:
Шаҳдиё, ёбӣ агар ту баҳрае,
Рав муриди Ҳофизи Шероз 
бош.
Мавзӯи ишқ, инсондӯстӣ, худшиносӣ ва худошиносӣ низ дар шеъри ӯ мақоми хос доранд. Таъсири оятҳои Қуръон ва аҳодиси набавӣ ба шеъраш рӯҳияи тоза бахшидаанд. Чи тавре худ мепиндорад:
Шаҳди Шаҳдам, кони шаҳдам, 
Шаҳдиям, шаккарфурӯш,
Чошние медиҳам бар толибон, 
ҳалвогарам.

Намунае аз ғазали шоир:

Чанд дар ин нолаам дашт ба 
ҳомун гирист,
Оҳ зи дил баркашид, 
моҳ ба гардун гирист.
Мавҷи ҷунун ҷӯш зад, 
нолаам аз ишқи ӯ,
Моҳиву мурғи ҳаво баҳр ба 
Ҷайҳун гирист.
Мӯсиву ҳам кӯҳи Тӯр нури 
таҷаллӣ бисӯхт,
Сангу шаҷар об шуд, кӯҳ
 дигаргун гирист.
Он ки зи савдои ишқ сар ба 
биёбон ниҳод,
Чанд бар ин ҳоли ман Лайлию 
Маҷнун гирист.
Ҳолати мастон бидид 
зоҳиди он хонақоҳ,
Бехуду девона шуд, 
то ки ба қонун гирист.
Оташи дил зад шарар чанд аз 
ин нолаам,
Вой, ки ин ҷони ман з-он лаби 
майгун гирист.
Шаҳдӣ аз ин сӯзи ишқ наъра 
бизад дар само,
Ҷумла малак дар само об 
бишуд, хун гирист.

Каромиддин ҶОНМАҲМАДОВ,
манбаъшиноси Маркази байналхалқии илмиву тадқиқотии Имом Тирмизӣ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: