ПИСАРАМ, ШИКАМАТ СЕР АСТ?

(Лавҳа аз «Ёднома»)

(Лавҳа аз «Ёднома»)

Рӯзҳои тобистон буд. Ману модарам аз як қитъа замини боғамон ҳосили сабзиро бардошта дар ӯра рехтем. Чун замин нарм буд, ман дарҳол бели нӯктезро гирифта шурӯъ кардам ба побел кардани он. Модарам гуфт:
– Писарам, ту замина бел кун, ман ҳам зардолуи дугонаро меафшонам, баъд бо ҳам наҳор мехӯрем.
– Не-е, худатон набароед! – яке аз бетоқатиаш нороҳат шуда гуфтам ман. – «Дугона» баланд аст, хавфнок, корамро, ки шавам, худам меафшонам.
Модарам хандид... 
Оҳ, чӣ лабханди мулоиму нозанине дошт он лаҳза, ҳеч аз ёдам намеравад. Дар воқеъ, ба касе мисли модарам, ки дар кӯҳгардию дарахтбароӣ ҳамто надошт, «ба дарахт набароед» гуфтани ман хеле хандаовар менамуд...
Дар ҳоле ки боди форами тобистон аз миёни буттаю дарахтони боғи сарсабз вазида, тану тӯшамро бо меҳр пармосида мегузашт, ман хастагиро ҳис накарда бо тамоми неру бел мезадам, қитъазамини холишударо барои коштани картошкаи дубора омода месохтам. Дар дили ин шуғли писандидаам ногаҳон сарусадои гӯшгире баланд шуду гӯё осмон ба замин фурӯ рафт. Ба маҳзи шунидани овозҳои дилхароши қарс-қурс ва шақар-шуқури шоху навдаҳои шикастаи дарахт ва нидои баланди модарам, ки «Писарҷон!!!» гӯён садо дардода буд, бандаи ба ваҳм омада белро ба як сӯ дур андохта, бо қадамҳои баланд хез зада ба самти «Дугона» дартоз шудам.
Э вой, бо чӣ забон гӯям! Модари бечораам дар канори шохаҳои афтодаи дарахти болобаланди зардолу беҳушу безабон наҷунбида якпаҳлу мехобид. Бо шитоб худро ба ӯ расонидам, аз зери китфонаш дошта, каме сарашро бардошта, бо тарсу ҳаяҷон сухан ба лаб чидам:
– Очаҷон, чӣ шуд, ба худ оед... 
Аммо аз модарам на садое буду на ҳаракате. Миёнбанди ловдонамро аз камар кушода, лӯла карда дар зери сараш гузоштам, сари дӯшу танашро масҳ кардам. Дасту поҳояш каме ҷунбиданд, пилкҳояш ба рӯйи чашм боло-поин шуданд. Бо шаст ба сӯйи хона давида бо обхӯрӣ обу дастмолчаеро гирифта ба пас баргаштам. Модарам ба худ омад, каме об хӯрд, базӯр лаб ҷунбонда гуфт: 
– Писарҷон, натарс... Ман малча* шудам, ба савхез* бар...
Чун дидам кори дигаре аз дастам намеояд, дастмолчаро тар карда ба пешониаш гузоштаму бо шитоб ба самти хонаи акаи Муродулло давидам. Эшон «Жигули» доштанд ва хонаашон дар фосилаи ду чақрим аз манзили мо воқеъ буд. Ва, дар ёдам ҳаст, он дам чунон бо суръати тез медавидам, ки агар Элиуд Кипчугеи ҳабаш ҳам мебуд, ба ман намерасид!.. 
Модарамро озод бардошта дар курсии ақиби мошин хобонидем ва акаи Муродулло низ он дам ҳунарашро намоиш дод. Масофаи ҳаждаҳкилометрии байни гузари Доничак ва дармонгоҳи совхозамонро ӯ дар тӯли даҳ-понздаҳ дақиқа тай кард! Хушбахтона, ҳама духтурон сари кор буданд ва бахусус, сарпизишки дармонгоҳамон Ҷумъабойи Йӯлдошро дидаму ҳушёр шудам. Бо дили пур худамро бовар кунондам, ки ин табиби ҳозиқ модарамро наҷот хоҳад дод.
Ҳоли модари ба шиканҷа дучоршудаам хеле нигаронкунанда буд, гоҳе ба худ меомаду гоҳе аз ҳуш мерафт. Вақте ки духтурони дигар ба маркази ноҳия (то он ҷо 110 км аст!) бурдани ӯро дархост намуданд, Ҷумъабой ҳама масъулиятро ба уҳда гирифт ва сахту сифт гуфт:
– Дигар илоҷи ҷо ба ҷо кардан нест, агар як бори дигар ӯро савору пиёда кунед, ҷонаш меканад, беморро бой медиҳем... 
Модари «малчашудаам» он шабу як рӯзи дигар бехуду беҳол дар зери доруҳои мусаккин хоб рафт. Мани дар худ гирифта, дар ҳоле ки дарунамро занбӯрҳо мехӯрданд, ҷойи нишаст намеёфтам. Духтурон ҳар чӣ мефармуданд муҳайё намуда, бо тамоми вуҷуд аз Офаридгор офияту сиҳҳатии модари азизамро илтиҷо мекардам... Ба ин минвол шаби дуюм фаро расид. Бо орзую умеди чашмкушоии модар, дар канори тахти хобаш сари дузону нишаста будам. Ҳарчанд бо ҳар роҳе хобамро гурезонда ҳушёр монданӣ мешудам, хастагию бемадорӣ ба ин имкон намедод ва посе аз шаб гузашту надонистам, ки хобам бурдааст. Гӯё дар руъё буд, гармии ҷонбахше ба рӯйи пешонӣ ва баногӯшам нишаст, агарчи намехостам ин ҳарорату нафосат қатъ шавад, чашм боз кардам. Рӯ ба рӯям модари азиз аз ҷойи хобаш лабханд мезад, бедор шудани маро дида гуфт:
– Писарам, шикамат сер аст? Рав, ягон чиз хӯр... 
«Эҳ, модарҷон, аҷаб фариштае ҳастӣ ту! Худат ҷон меканӣ, вале намехоҳӣ фарзандат ҷон канад, худат ду рӯзу ду шаб чизе ба даҳон набурдаӣ, аммо намехоҳӣ нури дидаат гурусна бимонад...». Ҳамон як дасти озодашро миёни ду кафам гирифта, бо меҳр, бо чашмони руст бӯсидам, бӯйидам ва ҳаз бурдам.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: