Аз 1 июли соли 2022 ба фаъолияти мустақилонаи самти "духтури оилавӣ" дар асоси худкорӣ иҷозат дода мешавад

Дар портали баррасии лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии Ўзбекистон лойиҳаи Фармони сарвари давлат "Дар бораи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026" эълон шуд.

Дар доираи вазифаҳои таъмини саломатии аҳолӣ, ки дар Стратегияи рушд муайян шудаанд, дар соли 2022 пешбинӣ шудааст:

дар ҳудудҳо аз рӯи принсипи “масофаи пиёдагардӣ” хизматрасонии аввалияи тиббию санитарӣ созмон дода, 105 маркази тиббии оилавӣ ва 31 поликлиникаи оилавӣ ташкил карда шавад;

лоиҳаи қарори Девони Вазирон дар бораи ҷорӣ кардани механизми расондани хидмати бепули тиббӣ ба шахсоне, ки ба тоифаи имтиёзнокҳо дохил мешаванд, бо роҳи аз ҳисоби Буҷаи давлатӣ барои табобат ба ташкилотҳои хусусии тиббӣ ба воситаи низоми электронии иттилоотӣ фиристодани онҳо таҳия карда шавад;

дар соли 2022 музди иловагии омӯзгорон ва табибон вобаста ба категорияи тахассусӣ ба таври дифференсиалӣ, аз ҷумла омӯзгорони категорияи олӣ – камаш 15 фоиз, омӯзгорони категорияи якум, табибони категорияҳои олӣ ва якум – на камтар аз 10 фоиз, муаллимон ва духтурони тоифаи дуюм -- камаш 5 фоиз зиёд карда шаванд;

куллан аз нав дида баромадани тартиби пешниҳоди тоифаи тахассусӣ ба омӯзгорон ва духтурон бо ҷалби корбастҳои байналмилалӣ таъмин карда шуда, инчунин ба Девони Вазирон лоиҳаи қарор дар бораи ҷорӣ кардани низоми адолатнок ва шаффофи арзёбии тахассус ворид карда шавад.

Ба ғайр аз ин, муқаррар намудани тартибе пешбинӣ шудааст, ки мувофиқи он аз 1 июли соли 2022 ба фаъолияти мустақилонаи самти "духтури оилавӣ" дар асоси худкорӣ рухсат дода мешавад.

Ба ин муносибат таҳияи лоиҳаи санади қонунгузорӣ дар назар аст, ки тартиби амалӣ намудани фаъолияти мустақилонаро дар самти «духтури оилавӣ» муқаррар мекунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: