РОҲҲОИ АСОСИИ ИНКИШОФИ НУТҚИ ДАҲОНӢ

Маданияти нутқи мактаббача аз бисёр ҷиҳат ба таъсири оила ва одамони гирду атроф вобаста мебошад.

Маълум аст, ки талабагон, асосан дар мактаб бо забони адабӣ сухан карда, дар хона ва маҳалли истиқомат бо лаҳҷаи худ гуфтугӯ мекунанд. Ин ҳодиса ба аксарияти мактабҳо махсусан,  мактабҳои деҳот бештар хос аст. Баъзе шахсони кӯтоҳандеш бо рафтори нодурусти худ ба пешрафти нутқи адабӣ ва маданияти нутқи  бача халал мерасонанд.  Чунончи,  гоҳо мушоҳида мешавад, дар баъзе оилаҳо агар талабаҳо баногоҳ ин ё он калимаҳои маъмули забони адабиро дар гуфтугӯ кор фармоянд атрофиён писханд зада, ба ӯ тамасхуромез менигаранд. Гарчанде ин гуна ҳодисаҳои манфӣ характери  умумӣ надошта бошанд ҳам, алҳол ҷой дошта, ба зудӣ барҳам додани онҳо ба алоқаи мустаҳками мактаб, оила ва аҳли ҷамъият вобаста мебошанд. 
Дар рафти кор ба он муваффақ шудан лозим аст, ки талабагон маънои луғавии диалектизмҳои  дар матн корфармудашударо  дониста аз истеъмоли  онҳо дар нутқашон  худдорӣ намоянд. Ба ин бо роҳҳои гуногун: иҷрои машқи супоришҳои ҳархела, хониши мустақилона, мушоҳидаи нутқи куҳансолон ва ба қайд гирифтани калимаҳои  шевагии нутқи  онҳо ва монанди онҳо ноил  шудан мумкин аст.
Муаллим бояд дар назар дошта бошад, ки  мавқеи лаҳҷаю шева дар адабиёти шифоҳӣ бағоят калон буда, баъзе  асарҳои фолклорӣ (достони  “Шӯриши Восеъ”, эпоси “Гӯрӯғлӣ” ва ғайра) дар заминаи шеваҳои ҷудогонаи забони тоҷикӣ ба амал омадаанд. Барои фаҳмидани мазмун ва ғояи  ин гуна асарҳо, ки дар дарсҳои адабиёт омӯхта мешаванд, донистани маънои калима ва гуфторҳои шевагӣ муҳим аст.
Дар рафти таълим ба талабагон таъкид карда мешавад, ки беҳтарин калимаҳои лаҳҷаю шеваҳои гуногуни забони тоҷикӣ бо мурури замон сайқал ёфта, хусусияти умумиистеъмолӣ пайдо карда, ба забони адабӣ дохил мегарданд. Шоирон ва нависандагони мо ба мақсади фардӣ кунонидани  забони қаҳрамонони асарҳояшон бо нияти дуруст ва реалӣ шудани  тасвирот, қувваи эмотсионалии образ аз калимаҳои шевагӣ эҳтиёткорона ва бамавқеъ истифода мебаранд.  
Дар ҷараёни  дарс муаллим хонандагонро хотиррасон мекунад, ки зиёд кор фармудани калимаҳои шевагӣ нутқи адабии шахсро вайрон менамояд, истеъмоли баъзе аз онҳо натанҳо барои намояндагони маҳалҳои гуногуни тоҷикнишин номафҳуманд, балки боиси ранҷиши хотири якдигар ҳам шуда метавонанд. Аз ин рӯ, муҳимтарин воситаи алоқаи тоҷикони маҳалҳои мухталиф забони адабӣ мебошад, ки он аз як тараф, аз ҳисоби калимаҳои шеваҳои маҳаллӣ ғанӣ ва суфта мегардад, аз тарафи дигар, доираи истеъмоли калимаҳои шевагиро мунтазам танг карда меистад. 
Муаллим бояд ба талабагон таъкид намояд, ки роҳҳои беҳтарини бо забони адабӣ гафтугӯ кардан ва кор нафармудани калимаҳои шевагӣ бештар мутолиа кардани асарҳои бадеӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо, тамошои киною рафтан ба театрҳо, гӯш кардани ахбор, ба ҳамдигар бо забони адабӣ гуфтугӯ намудан, пайравӣ ба нутқи муаллим мебошад.
Барои дастрас шудани маводи таълимӣ ва шавқовар гузаштани дарс аз намудҳои гуногуни аёният, воситаҳои техникӣ, махсусан, магнитофон, ки дар он нутқи бачагон, одамони куҳансоли намояндагони ҳар маҳал сабт ёфтааст, истифода бурдан ба мақсад мувофиқ мебошад.

Акрамҷон АМИНҶОНОВ,
мактаби рақами 11, 
ноҳияи Сӯх.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: