ФАСЛИ ХОБИ НОЗ АСТ ЗИМИСТОН

Лавҳаи лирикӣ

Лавҳаи лирикӣ
Зимистон фаслест инсонро бо мӯъҷизаҳои худ мафтун месозад.
Рӯи заминро саросар кӯрпаи сафед фаро гирифта, дарахтону растаниҳо гӯё саршори нури Илоҳӣ мешаванд, кӯҳу адирҳо низ чодари сафед ба бар намуда, ба хоби ноз мераванд.
Боди сарди зимистона вазида, дар оинаҳо нақшҳои гуногуни хаёломезро падидор мекунад.
Ба мисле, ки инсон дар ин ойинаҳо бо мӯйқалам нақшу нигор офарида бошад.
Ҳа, зимистон фасли мафтункунанда, дилрабову дилписанд ва эъҷозбахш ба ҳар як фарди рӯизаминӣ аст.
Кӯдакон бо шодиву сурур ва шавқу шӯри бачагӣ ба ҳавлиҳо ва адирҳо баромада, бозиҳои зимистонаро оғоз мекунанд.
Бобои барфӣ ва духтари барфӣ сохта, шеъру сурудҳои зимистона хонда, шодиву хурсандиҳоро ба авҷ мерасонанд.
Офаридгор қудрати абадӣ ва азалӣ дорад, ки барои мо, бандагони оҷизу нотавон, ин қудрати худро нишон медиҳад.
Аз ин хотир ҳар яки мо бояд шукргузорӣ кунем, ки бароямон ақлу забон додааст, ки ин ҳамаро дарк кунем ва бубинему бишнавему бигӯем.
Боз умедвор аз он шавем, ки ба фасли дигари сол – баҳори фархундапай бирасему ҳама ҷо аз нав қабои дигар ба бар кунад, дашту даман сабзпӯш ва дар лаби ҷӯйборҳо пудинаҳои хушбӯй боз сар кашида, бӯи муаттари худро ба атроф паҳн намоянд.
Аммо ҳоло зимистон бо барфу сардиҳои худ ҳукмронӣ мекунад ва то замоне ки баҳор аз худ пайк намедиҳад, ин ҳукми зимистон идома хоҳад кард.
Барф сафед аст ва ҳамин сафедӣ чашмони моро мерабояд.
Ин чашмрабоиҳо баъзан эҳсоси форам ҳам доранд, зеро даст бар пешонӣ мемонему ба дуриҳо, дашту адирҳо ва қуллаҳои баланди кӯҳ назар мекунем. Мебинем, ки дашту адиру кӯҳҳои осмонбӯс аз барфи сафеди ғафс либос сохтаву худро оро додаанд.
Баъд ин барфҳо об мешаванд ва ҷӯйу дарёҳоро лабрези об мекунанд. Ҳама ҷо аз ин шодоб мегарданд.
Зимистон бо барфи худ базебу қашанг аст. Баъзан дар зимистон барф наборад, гумон мекунӣ, ки он либоси сафеди худро фаромӯш кардааст. Ба ёди бачаҳо барфбозӣ намерасад ва ноилоҷ онҳо ба бозиҳои дигар машғул мешаванд.
Аммо бо боридани барф дар чеҳраи онҳо шодиву хуррамӣ ҳувайдо мегардад. Баъд аз барфи ба кӯчаву хиёбонҳо ва майдончаҳо кӯрпа барин рехта бобои барфӣ месозанд. Вақташон хушу гуворо мегузарад. 
Аллакай зимистон паси сар мешавад. Вақт тез мегузарад. Боз муддати кам мондааст, ки ҷои зимистони сардро баҳори хуррам бо накҳати худ иваз намояд. 
То омадани баҳор дарахтон ва ҷонзоди зиёд истироҳат мекунанд, барои дубора сабзу хуррам шудан ва ба зиндагии нав оғоз кардан тайёрӣ мебинанд. Аммо ҳоло ба хоби ноз рафтаанд.
Баъд мо бо зимистон хайрбод мегӯем ва баҳорро – хайрамақдам.
Ҳамаи фаслҳо зебоянд. Аммо зимистон бо барфи сафеди худ зебост. 
Бигзор, дар ин фасл барфи зиёд бибораду зимистон зимистониашро кунад. Он гоҳ мо баҳорро пазмон мешавем, дар акси ҳол зимистони бебарф ба рӯҳияи мо низ таъсир мерасонад ва аз ҳавои номувофиқи гарми зимистон бемориҳои гуногун хурӯҷ мекунанд. Барои ҳамин зимистон бояд зимистон бошад!
Мегӯянд, ки барф боридан гирад, бемориҳои зиёд мегурезанд. Пас, бигзор, барф боридану боридан гирад. Имсол дар диёри кӯҳистони мо барфи зиёд борид. 

Мӯъмин МАҲМАДИЕВ,
ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: