СУФРАҲОИ ПУР АЗ НЕЪМАТУ ТАОМ

Идораи хидматрасонии ҳайати дипломатии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ бори ҳаждаҳум аст, ки фестивали хайрияи анъанаҳои маданӣ ва таомҳои миллиро ташкил менамояд.

Ин дафъа он дар Боғи истироҳати ба номи Мирзо Улуғбек «Central park» дар яке аз боғҳои куҳнаи пойтахт, ки собиқ ба номи Телман ёд мешуд, баргузор шуд. Аз субҳи рӯзи шанбе дар ин ҷо садои мусиқӣ баланд буд ва одамони ҳар гуна либоси миллӣ пӯшида даста-даста ба ин боғ ворид мешуданд. То оғози фестивал, ки он якҷоя бо сафорату намояндагиҳои хориҷӣ ва байналхалқии муқими Ӯзбекистон ва марказҳои миллӣ-мадании халқҳои ҷумҳурӣ барпо гардид, дар боғ аллакай суфраҳои гуногун дар ғурфаҳои алоҳида бо неъмати гуногуни хӯрданиву нӯшиданӣ ороста мешуд. Ҳар кадом сафоратхона хеле бо ҳавсала ва иштиёқ кушиш мекард, ки аз дигар ҳамтоёни худ хушнамуду оростатар бошад.
Ғурфае, ки  дар пешонааш «Хуш омадед» навишта шудааст, наздик шудем.
– Сафорати мо қариб ҳар сол дар ин ҷашни таому маданият ширкат мекунад, – мегӯяд мушовири сафоратхонаи Тоҷикистон Садбарг Ғаниева. – Чунин ошноӣ хуб аст, ки на фақат таому фарҳанги мардуми худ, балки бо суннату таомҳои мардумони дигар низ шинос мешавед.
Воқеан он рӯз дар ин боғ садҳо намуд таому ширинӣ ва қанду қурси халқу мардумони минтақаҳои мухталифи ҷаҳонро дидаву чашидан мумкин буд. Аз дидану чашидани онҳо чашмони одам завқ мегирифт.
– Ман кӯшиш мекунам, ки ҳар дафъа аз ин ҷашнвора дидан намоям, чунки бароям ин навъҳои аҷоибу ғароиби хӯрданиву чашиданӣ аҷабовар аст, – мегӯяд аз бинандагони доимии ҷашнвора Сайёра Саидзода, – бар замми ин ба фарҳанги пухту пази халқҳои ҷаҳон шавқам зиёд аст.
Назди ғурфаҳо рафта, пурсидан шарт нест, ки аз кадом кишвару минтақа ҳастанд, зеро ғайр аз байрақи давлаташон либосу пӯшокашон ошкор мекард, ки аз кадом диёру намояндаи кадом фарҳанг ҳастанд.
Ин замон дар саҳнаи махсуси боғ, ки садову лаҳни мусиқиву тарона ба ҳар забон садо медод, рӯ ба рӯямон дар даст бо сабади пур аз хӯришҳои гуногун духтараки чаканпӯше пайдо шуд. Ҳоҷати пурсидан набуд, ки аз кадом  ғурфа асту сафорат. Бо вуҷуди ин гуфт:
– Мавзуна Рустамова ҳастам, аз сафорати Тоҷикистон, марҳамат, гиред, чашед, меҳмон шавед.
Ҳамин ҳавову фазои пухту паз ва таоруфу меҳмондорӣ то қарибии шоми он рӯз идома  дошт, ки соҳибони суфраҳои пур аз неъмату таом аз меҳмондорӣ мамнун буданд.

Т. МИРҲАЁЕВ.
Суратгир: Р. ГАЛЕЕВ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: