Дар садамаи нақлиётӣ дар шимоли Танзания беш аз 25 нафар, аз ҷумла шаҳрвандони Кения, Амрико ва Африқои Ҷанубӣ ҳалок шуданд.
Ҳамчунин, 21 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Рӯзи шанбе дар шоҳроҳи Арушӣ ва Намангу як мошини боркаш ва се мошини сабукрав ба ҳам бархӯрданд.
Президенти Танзания Самия Сулуҳу Ҳасан дар робита ба ҳодисаи нохуш изҳори ҳамдардӣ кард.