1 апрели соли ҷорӣ дар Бухоро ҷашнвораи анъанавии ҳазлу мутоиба – «Насриддин Афандӣ» ба амал омад.
Ба ин ҷашнвора, ки ба мақсади намоиш додани салоҳияти сайёҳии шаҳри Бухоро ва тарғибу ташвиқ намудани арзишҳои таърихии он баргузор мегардад, шавқу ҳаваси нафақат мизбонону меҳмонони маҳаллӣ, балки эътибори сайёҳони хориҷӣ низ беш аз пеш меафзояд. Бинобар ин барномаи он низ торафт беҳтару рангинтар мегардад. Тадбири имсола бо қадамзании иштирокдорони ҷашнвора таҳти сарварии Насриддин Афандӣ аз маҷмӯи Пойи Калон ибтидо гирифта, то мадрасаи Нодир Девонбегӣ давом кард. Савту сурудҳо, пайкараҳои рамзии қаҳрамонҳои миллӣ – лӯхтакҳои хурду калони зебо диққати ҳозиронро ҷалб карданд. Маросими рамзии кушодашавии ҷашнвора дар назди мадрасаи Нодир Девонбегӣ сурат гирифт. Ҷонишини ҳокими вилоят Ботирҷон Шаҳриёров дар бораи аҳа-мияти ҷашнвора, таърихи ташкилшавии он сухан ронда, сипас ҳозиронро бо Рӯзи ҳазлу мутоиба самимона муборакбод намуд.
Барномаҳои консертӣ файзи ҷашнвораро афзуда ба иштирокдорони тадбир кайфияти идона бахшиданд.
Шомгоҳ дар доираи ҷашнвора назди маҷмӯи Гавкушон озмуни «Таомҳои шарқӣ» баргузор шуд. Дар он намояндагон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят низ иштирок карданд.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.