Суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал

Муҳтарам сарони ҳайатҳои вакилон!

Ман ба сипосгузориҳое, ки ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович Раҳмон барои истиқболи гарму самимӣ ва дар сатҳи баланд ташкил намудани вохӯрии мо изҳор гардид, ҳамроҳ мешавам.

Ҳамаи ҳамкасбонро бо 30-солагии ташкил ёфтани Фонди байналхалқии наҷоти Арал самимона табрик менамоям. Дар давраи гузашта он аҳамияти худро ҳамчун платформаи муҳими пешбурди манфиатҳои умумӣ дар мубориза бо мушкилоти экологӣ нишон дод. Дар ин муддат дар ҳавзаи баҳри Арал равишҳои мутобиқшуда таҳия, қарорҳо қабул ва барномаҳои муштарак татбиқ гардиданд.

Мехоҳам натиҷаҳои пурсамари раёсати Тоҷикистонро дар иттиҳодияи мо низ қайд намоям. Аз ҷумла,  бобати инкишоф додани ҳамкории амалӣ дар доираи фонд кори зиёде ба ҷо оварда шуд. Равобит бо ташкилотҳои байналхалқӣ ва ниҳодҳои молиявӣ вусъат ёфт.

Баргузории бомуваффақияти чорабиниҳои Конфронси ҷаҳонии обро, ки таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, моҳи марти соли равон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд, алоҳида қайд мекунам. Дар натиҷаи ин рӯйдоди таърихӣ имкон пайдо шуд, ки таваҷҷуҳи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои муҳиму мубрами соҳаи об дар Осиёи Марказӣ ҷалб карда шавад.

Ҳамкасбони азиз!

Фонди байналмилалии наҷоти Арал, пеш аз ҳама, таҷрибаи беназири ҳамкориҳои бисёрҷонибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли яке аз мушкилоти ҷиддии миқёси ҷаҳонӣ мебошад.

Мехоҳам махсус қайд намоям, ки ин фонд муҳимтарин платформаи ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи об ва муҳити зист гардидааст. Комиссияи байнидавлатии хоҷагии об ва ташкилотҳои ҳавзаи «Амударё» ва «Сирдарё» оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои идоракунии захираҳои об ва танзими обтаъминкунӣ кори мунтазамро пеш мебаранд. Маркази иттилоотии илмӣ заминаи мустаҳками таҳлилии дониш ва салоҳиятҳо-ро ташаккул додааст, ки барои ҳама шарикони байналмилалӣ боз аст. Фаъолияти Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор ба тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ дар бахши муҳити зист мусоидат мекунад.

Илова бар ин, фонд иҷрои як қатор барнома ва лоиҳаҳои минтақавиро ҳамоҳанг месозад, бо ниҳодҳои байналмилалӣ ва созмонҳои васоятгар ҳамкорӣ мекунад.

Нақш ва аҳамияти сохтори мо дар шароити ба вуҷуд омадани хурӯҷ ва таҳдидҳои нав аз тағйири иқлими ҷаҳонӣ боз ҳам бештар мегардад.

Оқибатҳои бад шудани вазъи обу экологияи минтақа дар натиҷаи обшавии пиряхҳо ва офатҳои табиӣ, инчунин омилҳои техногенӣ, ки бинобар афзоиши босуръати демографӣ, урбанизатсия ва индустриализатсия ба вуҷуд омадаанд, боиси ташвиши махсус мебошанд.

Ҳамкорон хуб медонанд, ки мушкили норасоии об дар Осиёи Марказӣ хусусияти шадид ва бебозгашт пайдо кардааст ва дар оянда  бадтар хоҳад шуд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки то соли 2040 дар бархе аз манотиқи Осиёи Марказӣ эҳтиёҷ ба захираҳои об се маротиба афзоиш хоҳад ёфт. Зарари иқтисодӣ метавонад дар ниҳоят ба 11 фоизи маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ расад. Аллакай, ба гуфтаи Созмони Милали Муттаҳид, давлатҳои минтақа ба далели камобӣ ва истифодаи бесамари захираҳои об ҳамасола то 2 миллиард доллар зиён мебинанд.

Хамаи ин дар доираи фонд барои дарозмуддат кор карда баромадан ва татбиқ намудани тадбирҳои минбаъд ҳам мувофиқшударо тақозо мекунад.

Муҳтарам иштироккунандагони ҷамъомад!

Имрӯз дар назди мо вазифаҳои муҳими таъминоти ҳуқуқӣ ва институтсионалии самараноки шарикии бисёрҷониба қарор доранд.

Ба ин муносибат ман мехостам таклифҳои худро мувофиқи рӯзномаи нишаст баён намоям.

Якум. Ӯзбекистон ҷонибдори  минбаъд такмил додани заминаи ҳуқуқӣ ва модернизатсияи механизмҳои институтсионалии Фонди байналмилалии наҷоти Арал мебошад.

Аз ҷумла, мо пешниҳод мекунем: инвентаризатсия гузаронда, ҳуҷҷату созишномаҳои асосӣ, аз ҷумла Низомномаи фонд, ки ҳанӯз солҳои 90-ум қабул шуда буданд, аз нав дида баромада шавад; сохтори мавҷударо якҷоя таҳлил намуда, оид ба беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ ва самаранокии кори ташкилотҳои фонд пешниҳодҳо омода карда шавад; «Қоида ва тартибот» тартиб дода шавад, ки масъалаҳои ҳамкорӣ ва фаъолияти фондро аниқ ба танзим меоранд.

Муҳим он аст, ки раванди рушд ва ислоҳоти фонд дар асоси тамоюли байнисоҳавӣ - равиши комплексии «об – энергетика – хӯрокворӣ», бо назардошти даъватҳои муосири экологӣ сурат гирад.

Илова бар ин, дар ҳуҷҷатҳои асосии иттиҳодия бояд меъёрҳо, принсипҳо ва ӯҳдадориҳои ба таври умум эътирофшудаи байналмилалӣ дар соҳаи идоракунӣ ва истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ инъикос карда шаванд.

Мо инчунин тарафдори қатъиян зиёд кардани таъсири сохторҳои мавҷудаи фонд бо роҳи васеъ намудани салоҳият ва мустаҳкам намудани потенсиали кадрию техникии онҳо мебошем.

Дуюм. Дар арафаи вохӯриамон мо дар чаҳорчӯбаи фонд фаъолияти лоиҳавиро дар давоми сӣ соли охир таҳлил кардем. Байни қоидаҳои ҳуҷҷатҳои асосии барномавии мо ва натиҷаҳои эълоншуда бо пешравии воқеии татбиқи лоиҳаҳо тафовути ошкор мушоҳида мешавад.

Ба фикрам, ҳамаи мамлакатҳои мо ҳам бояд аз рафти иҷрои Барномаи чоруми амал оид ба расондани ёрӣ ба мамлакатҳои ҳавзаи баҳри Арал дар ташвиш бошанд. Кор асосан аз рӯи нақшаҳои давлатӣ пеш бурда мешавад.

Дар робита ба ин, пешниҳод менамоям, ки ба Раёсати фонд супориш дода шавад, ки барномаи амалкунандаро аз нигоҳи танқидӣ баррасӣ намояд. Дар он  таҳияи «харитаҳои роҳ»-и татбиқи ҳар як лоиҳаи минтақавӣ муайян карда, ҳаҷму манбаъҳои маблағгузорӣ, инчунин ҷадвалҳои мувофиқашудаи онҳо ба назар гирифта шавад.

Сеюм. Бояд ҳамкории низомнокро оид ба масъалаҳои ҷалби сармоя, технология ва кумаки техникӣ барои пешбурди лоиҳаҳои афзалиятноки минтақавӣ пурзӯр гардонд.

Ба ин муносибат якчанд таклифҳо пешниҳод карда шуданд.

Якум, ҳар як кишвари мо бояд барои ҷалби кумакҳои беруна ва лоиҳаҳои минтақавӣ бо муайян кардани нишондиҳандаҳои мақсадноки мушаххас ба худ ӯҳдадорӣ гирад.

Бояд бо ҳамоҳангии ҷонибҳои раисикунанда механизмҳои ҷалб ва тақсими сармояҳо ва кумаки техникӣ таҳия карда шаванд.

Дуюм, пешниҳод менамоем, ки ба мақсади тезондани татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо ҷалби шарикони хориҷӣ, институтҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ташкилотҳои васоятгар конфронси махсуси минтақавӣ даъват карда шавад.

Чорум. Ба мақомоти кории фонд бо иштироки мушовирони байналмилалӣ супурдани таҳияи Нақшаи дарозмуҳлати рушди ҳавзаҳои Амударё ва Сирдарёро ба мақсад мувофиқ мешуморем.

Ба назар гирифтани моделсозии сенарияҳои гуногуни рушди вазъият дар ҳавзаҳои ин дарёҳо муҳим аст.

Боварӣ дорем, ки қабули чунин ҳуҷҷатҳои стратегӣ ба сиёсати ҳамоҳангшудаи идоракунии интегратсияшудаи идоракунии захираҳои обу энергетика дар минтақаи мо мусоидат мекунад.

Панҷум. Бояд ба ташкили кор бо ҷавонон дар сатҳи минтақавӣ дар масаъалаҳои ташаккули маданияти муносибати эҳтиёткорона ба об ва дигар сарватҳои табиӣ, дастгирии ташаббусҳои ҷавонон ва стартапҳо бо роҳи қабули барномаи махсус таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад. Мо ба аз наздик ҷалб намудани Маркази минтақавӣ оид ба дипломатияи превентивӣ дар баррасии ин масъалаҳо умед мебандем.

Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш!

Алоҳида мехостам ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар роҳи пешгирии таназзули минбаъдаи экосистема, пеш аз ҳама дар минтақаи баҳри Арал истода гузарам.

Қайд менамоям, ки айни ҳол дар Ӯзбекистон оид ба беҳдошти вазъияти экологӣ ва иҷтимоӣ дар Наздиарал корҳои васеъмиқёс татбиқ мегарданд. Дар асоси резолютсияи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи минтақаи инноватсия ва технологияҳои экологӣ эълон намудани Наздиарал» Нақшаи амалиёт ва Барномаи чораҳо оид ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини шуғл ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ татбиқ мегарданд.

Дар тӯли чанд соли охир дар қаъри хушки баҳри Арал дар майдони 1,7 миллион гектар ҷангалзорҳо барпо карда шуданд. Дар ду соли оянда бунёд намудани хатҳои муҳофизатии сабз боз дар 400 ҳазор гектар ба нақша гирифта шудааст. Барои бартараф намудани оқибатҳои фоҷиаи Арал, инчунин ҳифзи гуногунии биологӣ дар минтақаи баҳри Арал дар майдони беш аз 3,5 миллион гектар боғҳои табиӣ, мамнӯъгоҳ ва ҳудудҳои ҳифзи давлатӣ ташкил карда шуданд.

Имрӯз майдони умумии ҳудудҳои табиӣ муҳофизашаванда дар минтақаи баҳри Арал 4,6 миллион гектарро ташкил медиҳад.

Бар замми ин дар Ӯзбекистон оид ба баланд бардоштани самарабахшии истифодаи об чораҳои васеъмиқёс ба амал бароварда мешаванд. Дар давоми ҳафт соли охир дар майдони беш аз як миллион гектар, ки ин қариб чоряки тамоми заминҳои обёришавандаи мамлакатро ташкил медиҳад, технологияи сарфаи об ҷорӣ карда шуд.

Дар доираи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав мо ният дорем, ки Барномаи миллии ҳифзи обро таҳия кунем.

Мо метавонем ҳамкории худро дар соҳаи сарфаи об мустаҳкам намуда, онро ба сифати яке аз афзалиятҳои фаъолияти фонд муайян кунем.

Дар чаҳаорчӯби Форуми байналмилалии иқлим, ки соли оянда дар Самарқанд ба нақша гирифта шудааст, ният дорем намоишгоҳи технологияҳои муосири сарфакунандаи оби ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонро ташкил кунем.

Ба мақсади баррасии ҳамаҷонибаи ҳамаи ин масъалаҳо мо пешниҳод менамоем, ки Платформаи минтақавии мулоқотҳои мунтазами вазирони захираҳои об, энергетика, экология ва иқтисоди кишварҳои мо таъсис дода шавад.

Муҳтарам сарони ҳайатҳои вакилон!

Мехостам фикри  худро нисбати сохтмони канали «Қӯштепа» баён кунам.

Воқеан дар минтақаи мо иштирокчии нави раванди истифодаи об пайдо шуд, ки он бо кишварҳои мо бо ҳеч гуна ӯҳдадориҳо алоқаманд нест.

Шумо нағз медонед, ки ҷониби Афғонистон сохтмони каналро фаъолона пеш мебарад. Ба истифода додани он метавонад тартиб ва мувозинати обро дар Осиёи Марказӣ ба куллӣ тағйир диҳад.

Мо зарур мешуморем, ки оид ба омӯхтани тамоми ҷанбаҳои сохтмони канали «Қӯштепа» ва таъсири он ба маҷрои  оби Амударё бо ҷалб намудани институтҳои тадқиқотии кишварҳои мо гурӯҳи муштараки корӣ ташаккул дода шавад.

Пешниҳод менамоем, ки масъалаи ҷалб намудани намояндагони Афғонистон ба мулоқоти минтақавӣ оид ба истифодаи якҷояи захираҳои об баррасӣ карда шавад.

Ҳамкасбони азиз!

Дар хотима мехостам Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, муҳтарам Қосим-Ҷомарт Кемелевич Тӯқаевро ба муносибати қабули раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал табрик намоям.

Итминон дорам, ки татбиқи ташаббусҳои ба миён гузошташуда ва ҳуҷҷатҳои қабулшуда самарабахширо баланд бардошта, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар доираи фонд ба манфиати халқҳоямон ва гул-гулшукуфии тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ густариш хоҳанд дод.

Барои эътиборатон ташаккур.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: