ИСЛОҲОТИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВИН БА ХАЛҚ НЕРӮ МЕБАХШАНД

31 август дар қароргоҳи Кӯксарой бахшида ба 29-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорабинии ҷашнӣ баргузор шуд.

31 август дар қароргоҳи Кӯксарой бахшида ба 29-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон чорабинии ҷашнӣ баргузор шуд.

Хабарнигори ӮзА бо иштирокдорони он суҳбат ороста, суханони таҳтидилонаи баъзеи онҳоро сабт намуд.
Мапура МУҲАМЕДОВА, барандаи ордени «Меҳнат шуҳрати»:
— Дар шароите, ки ба тамоми дунё балои коронавирус таҳдид менамояд, халқамон рӯҳафтода нест. Кишварамон осудаву обод аст. Зеро ғайрати Президентамон, саъю кӯшиши ӯ дар роҳи ризоияти мардум ба ҳамаамон нирӯ мебахшад.
Ҳеч кас аз назари эътибор дур нест. Аз он, ки ба бузургсолон арҷ гузошта мешавад, бисёр мамнунем. Хурсанд шудам, ки давлатамон маро ба мукофоти олӣ сазовор донистааст. Албатта, аз роҳи интихобнамудаи худ, ки роҳи рушду пешрафт аст, асло намебароем. Мо собиқадорон низ саъю кӯшиш менамоем, ки дар ин роҳ ҳамеша  дар сафи сарвари давлатамон бошем.
Баҳодир КАРИМОВ — мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки Тошканд ба номи Алишер Навоӣ, соҳиби унвони ифтихории «Ӯзбекистон Республикасида хизмат кӯрсатган ёшлар мураббийи»:
– Чоряк аср аст, ки ба ҷавонон аз адабиёт дарс медиҳам. Барои ман дар ҷаҳонбинии ҷавонон ташаккул додани муҳаббат ба халқу кишвар аз ҳама муҳим аст. Дар асл ҳам мо ҷавононро бояд дар асоси ғояҳои истиқлолият тарбия намоем. Дар маънавият ва рӯҳияти онҳо бояд ғояҳои истиқлол ҷойгоҳи худро дошта бошанд. Барои ин муаллим ва мураббие, ки бо тарбия сарукор дорад, бояд ростқавлу ҳалол ва мард бошад, аз ҳама муҳимаш, бояд суханаш дигару амалаш дигар набошад.
Аз он ки Президентамон мо муаллимони оддиро ба чунин унвони баланд сазовор донистааст, мамнунем. Бовар дорам, ки ин эътироф дар корҳоямон бетаъсир намемонад.
Муқаддасхон РАҲМАТУЛЛОЕВА — сардухтури поликлиникаи оилавии рақами 44-ноҳияи Шайхонтоҳури шаҳри Тошканд:
— Президентамон дар нутқи идонаи худ меҳнати табибонеро, ки дар шароити пандемия фаъолият кардаанд, алоҳида эътироф намуд. Ин дили ҳамаамонро аз ҳисси ғуруру ифтихор лабрез кард.
Дар ин маврид алоҳида таъкид кардан мехостам, ки дар низоми тибби мамлакат ислоҳоти назаррас ба амал татбиқ мешавад, ба намояндагони соҳа эътибор зиёд аст. Зеро ҳамаамон шоҳиди онем, ки солҳои охир тибби кишвар куллан тағйир ёфт.
Дар фаъолияти ҳамаи самтҳо: ёрии тиббии таъҷилӣ, таҳкими саломатии модару кӯдак, поликлиникаҳои оилавӣ, низоми патронажи тиббӣ беҳбудӣ эҳсос шуд, пойгоҳи моддию техникӣ мустаҳкам гардид.
Бовар дорем, ки ин гуна корҳои амалӣ дар роҳи тандурустии халқамон идома меёбанд.
Ҷаҳонгир АҲМЕДОВ — коргардони студияи «Эзгу-филм», соҳиби унвони ифтихории «Ӯзбекистон Республикасида хизмат кӯрсатган маданият ходими»:
—  Ба туфайли роҳбарии бевоситаи сарвари давлатамон имрӯз дар санъати кинои миллӣ дигаргуниҳои куллӣ рӯй доданд. Филмҳои таърихие офарида шуданд, ки халқамон солҳои тӯлонӣ интизор буд. Эътибор ба актёру коргардонҳои ҷавон низ самараи хуб медиҳад. Имрӯз онҳо дар озмунҳои байналхалқии гуногун ширкат ҷуста, ба обрӯю эътибори ҷаҳонии Ӯзбекистон меафзоянд. 
Албатта, дар шароити вазнини  имсола корҳое, ки дар давраи пандемия ба амал тадбиқ гардиданд, халқамонро рӯҳбаланд сохт. Мо низ саъй бинмудем, ки ин ҷараёнро ба навор гирем. Насиб бошад, ҳоло дар ин хусус филмҳои зиёд меофарем.

Улуғбек АСРОРОВ,
хабарнигори ӮзА.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: