БУЛБУЛИ ХУШНАВОИ САМАРҚАНД

Он бегоҳ дар толори бузургу хушҳавои «Шаҳри абадӣ»-и Самарқанд ба муносибати солгарди Донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд меҳмонону мизбонон ва сайёҳони хориҷӣ ҳузур доштанд. Барои ҳозирон барномаи консертӣ низ баргузор гардид.

 Ба  саҳна  аз паси  парда зебосанаме дар  либоси миллӣ  пайдо  шуду бо овози дилнишину гуворо ба сароидан пардохт:
Биё, ки  зулфи  каҷу  
чашми  сурмасо  ин  
ҷост, 
Нигоҳи  гарму  адоҳои  
дилрабо  ин  ҷост...
Мухлисони  созу овоз таронаро шунида хеле  лаззат бурданд ва ба сароянда гулҳои тару тоза тақдим карда, аҳсант гуфтанд. 
Овозхони хушадо Зулфия Рашидӣ тайи  қариб 30 сол аст, ки дар  чорабиниҳои  гуногуни фарҳангӣ фаъолона ширкат варзида, бо сурудҳои дилошӯбу ҷаззоб ва пурмаъно дар байни мардуми санъатдӯст маҳбубият пайдо кардааст. Сурудҳои ӯ, ки аз қаъри дили ҳассосу пурмеҳраш танинандоз мегарданд, тараннумгари ишқи  поку беолоиши инсонӣ, мардуми сарбаланди диёри азиз, Ватан, Модар мебошанд.
Овони хурдсолӣ Зулфия орзу  дошт, ки  мисли  Матлуба  Додобоева, Берта Давидова, Муноҷот Йӯлчиева, Шоиста Муллоҷонова ва дигар овозхонони маҳбуб дар олами санъат нақше дошта бошад. Бинобар ин, баъзан дар тақлиди онҳо ба  забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ  сурудҳои дилписанди хешро мехонд. 
Додараш завқу шавқи хоҳарашро мушоҳида карда, назди роҳбари маҳфили ҳаваскорони мактаби миёнаи рақами 44-уми ба номи Шакурӣ, ҳофизи номдори Самарқанд – Ҷамшед  Аҳмадов бурда, ба санъат ҳавас доштани ӯро фаҳмонд.
Устоди сахтгир, вале меҳрубону дилсӯз  Ҷамшед Аҳмадов ӯро дастгирӣ намуда, асрори ҳунари воло, одаму одамгарӣ ва дар хидмати мардум буданро омӯхт. Шояд  аз ҳамин сабаб, бо гузашти айём истеъдоди шогирдаш сайқал ёфт ва бо овози хушу гуворояш дар  байни  мухлисони санъат маҳбубият пайдо кард.
Соли 1996 дар қасри «Туркистон»-и пойтахт озмуни ҷумҳуриявии ғунчаҳои боғи санъат ба ву-қӯъ пайваст. Дар озмун Зулфия  бо суруди «Зи истиқболат манам шод, Ӯзбекистон» – шеъри шоири зуллисонайн Нормурод Каримзода, оҳанги худаш  баромад карда, сазовори ҷойи аввал гардид. Бо тавсияи аъзои ҳакамот роҳхат ба омӯзишгоҳи ҳунар ва санъати ба номи Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов гирифта, таҳсилро дар он ҷо идома дод. Дар боргоҳи ҳунар истеъдоди ӯ хеле сайқал ёфт. Дар арафаи хатми омӯзишгоҳи мазкур боз офтоби  бахт ба рӯйи ӯ тофт. Соли 2005 дар Сурхондарё озмуни байналмилалӣ баргузор шуд ва Зулфия бо дастаи ҳунарии «Гули  бодом» баромад карда, бо сурудҳои дилошӯбу самимӣ тавонист аз санҷиши ҷиддӣ бо сарбаландӣ гузарад. Раиси аъзои ҳакамот, ректори Донишкадаи санъати Тошканд Бахтиёр Сайфуллоев ӯро бо комёбӣ самимона табрик гуфта, эълон намуд, ки  вай бидуни имтиҳон дар асоси гранти давлатӣ ба  донишкадаи ӯ қабул шудааст. Тамошобинони нуктасанҷ ин навидро шунида, дурудароз кафкӯбӣ карданд. 
Аммо волидайн дар аввал розӣ нашуданд, ки ба Тошканд равад. Вале воқеаи  аҷибе рух доду падари бузургвораш худ роҳи сафед талабид.
Шаби тобистон буд. Зулфия танҳо болои кати зери тути балхӣ нишаста, дар ҳавои оҳанги марғубе тарона  мехонд, ки нерӯи барқ қатъ гардида, чодари сиёҳи зулмат атрофашро пӯшонд. Вале ӯ ба торикӣ аҳамият надода, сурудхониро идома дод:
Эй гулъузорам, вой-е, 
раҳме ба  ҳолам,
Раҳме ба  ҳолам, 
вой-е, эй гулъузорам, 
Ашкони манро ту
 марез, нигоҳам...
Таронаро қиблагоҳаш шунида худро сабук ҳис кард ва рӯзи дигар ҳангоми нонушта ба  ҳамсараш гуфт:
– Очаҷонаш, биё, ба духтари соҳибистеъдодамон роҳи сафед металабем. Охир ман ҳамин шаб ба истеъдоди ӯ қоил шудам.
– О, ҳамин чароғ  ду-се рӯз пеш хомӯш шавад буд, – завқ карда хандид додараш Зафар, – хоҳари азизам ин  қадар азоби рӯҳӣ намекашид.
– Ҳар як амал бо хости Худо, – ба  суҳбат ҳамроҳ шуд модар, – рости гап ман  ҳам ҷонибдори таҳсил гирифтани духтарам.
Сарвари оила даст ба дуо бардошт ва ҳама омин гуфтанд. 
Зулфия дар Тошканд бо амри тақдир қариб даҳ сол муқим шуд. 
Пас аз гирифтани дипломи мактаби олӣ бо тавсияи ректор омӯзгори Донишкадаи санъат таъин гардид. Чанде дар ансамбли «Ватанпарвар» ҳамчун сарояндаи яккахон дар қисмҳои ҳарбӣ ҳунарнамоӣ карда, табъи ҳимоятгарони  ватанро  болида сохт.
Дар Самарқанд донишкадаи байналхалқии технологӣ таъсис ёфта ректори он асосгузори дастаи ҳунарии  «Эл мероси» Юсуф Абдулло, ки Зулфияро аз солҳои донишҷӯйӣ мешинохт, ба ӯ вазифаи  мудири шуъбаи маънавият ва маърифати донишкадаро пешниҳод карда  гуфт:
– Зулфиябону, акнун вақти ба зодгоҳ баргаштан  расид. Охир камина низ беш аз 30 сол дар мусофират будам. Биёед, ҳамроҳ кор  кунем.
 Зулфия Рашидӣ ба мероси аҷдод дилбастагии хоса дорад ва  дар  тарғибу ташвиқи он саҳми арзанда мегузорад. Ба осори шоирони тоҷик Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Хоҷа Ҳофиз, Мавлавӣ, Ҳило-лӣ, Туғрал, Лоҳутӣ, Соиб, Турсунзода, Лоиқ ва шоирони муосири Самарқанд рӯй оварда, сурудҳои дилошӯбу дилнишин эҷод карда, месарояд. 
Хидматҳои арзандаи ӯ бо мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳо қадр карда шудаанд.
– Устод танҳо он нест, ки рӯ ба рӯ истода асрори захма ба тор задан ё сурудҳои дилписанди классикӣ хонданро омӯзонад, – мегӯяд  Зулфия. – Дар олами ҳунар устодоне ҳастанд, ки ғоибона ба шогирдон шеваи эҷод ва асрори ҳунар меомӯзанд. Яке аз чунин устоди арҷманд сарояндаи нотакрор, Ҳофизи мардумии Ӯзбекистон шодравон Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов ҳисоб меёфт. Ана, барои чӣ  моён моҳе як маротиба дар хона-музейи Ҳоҷибобо шаби эҷодӣ ташкил ва шашмақомхонӣ мекунем. Хушҳол ҳастам, ки дар тӯли чанд сол ба сифати пайрав ва шогирд таронаҳои ӯро чун изҳори эътиқод иҷро менамоям.  

Зоҳир  ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

Вилояти САМАРҚАНД.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: