БОЗДИДИ ДЕҲАИ КУНДАИ ҶУВОЗ

Дар доираи сафари матбуотие, ки бо ибтикори Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекгидроэнерго» дар вилояти Сурхондарё сурат гирифт, як гурӯҳ журналистон имкон пайдо намуданд, ки аз деҳаи Кундаи ҷувози ноҳияи Сариосиё боздид намоянд.

 Ин деҳ дар қисмати болооби сарбанди Тӯпаланг, дар қабати кӯҳҳо воқеъ гаштааст ва яке аз дурдасттарин деҳаҳои ин ноҳия маҳсуб меёбад. 
– Мебинам, ки дидани деҳа бароятон хеле мароқангез аст. То ҳол барои журналистони зиёд муяссар нашудааст, ки аз ин деҳаи қабати кӯҳ боздид ва бо ҳаёти мардуми он ошно шаванд. Мо бароятон чунин имкониятро фароҳам меорем, – гуфт мушовири раис оид ба масоили сиёсати ахбор-роҳбари дафтари матбуоти ҶС «Ӯзбекгидроэнерго» Равшан Бойқулов.
 Ба таъкиди вай дар айни ҳол аз тарафи чапи сарбанди дарёи Тӯпаланг  то деҳаи Кундаи ҷувоз роҳи мошингард сохта мешавад. Барои ҳамин ҳоло ба он ҷо роҳсозон бо техникаи зиёд сафарбар шудаанд, то ки сохтмони роҳ зудтар анҷом пазирад. Аллакай шароит мусоидат менамояд, ки дар сурати зарурат сокинони деҳа худро тавассути нақлиёт ба манзил расонанд. 
 Мо то соҳили сарбанд расидем. Аммо то расидан ба он ҷо ду посгоҳро гузаштем. Дарвоқеъ, тамоми иншооти Нерӯгоҳи барқи обии «Тӯпаланг» зери назорати идораҳои интизомӣ қарор дорад ва ҳар кас наметавонад бидуни иҷозаи онҳо вориди ин минтақаи хос шавад.
Дар соҳили кӯли сарбанди Тӯпаланг ҷавони заврақрон моро интизор будааст. Вақте ки мотори заврақ ба кор даромад, он оҳиста рӯ-рӯи об ҳаракаташро ба самти пеш оғоз намуд ва суръаташ боло мерафт. Гумон кардем, ки масофаи байни ду тарафи соҳил чандон дур нест. Аммо маълум шуд, ки он ҳудуди сӣ километрро ташкил мекунад ва дар зарфи сӣ-сиву панҷ дақиқа мо ба он тарафи соҳил рафта мерасем.
 Бо ҳамон шавқу шӯр, гоҳ аккосӣ кардаву гоҳ машғули тамошои манзараҳои аҷоиби ду тарафи соҳил мо пеш мерафтем. Ҳанӯз ба соҳил нарасида заврақбон мотори онро хомӯш кард. Баъди он ки заврақ ба соҳил дакка хӯрд, мо пасу пеш худро ба соҳил гирифтем. Аз ҳамон нуқта ба ақиб нигариста дидем, ки он тарафи соҳили кӯл хира-хира ба назар метобад.
Ногуфта намонад, ҳанӯз ҳангоми шиноварӣ бо заврақ аз он гармии тоқатфарсои тобистон, ки ҷисму ҷонамонро нороҳат менамуд, асаре намондааст. Ҳавои минтақаи кӯҳистон аз қисмати поёни ду соҳили дарёи Тӯпаланг куллан фарқ мекард.
Се сокини деҳа дар он тарафи соҳили сарбанд моро истиқбол гирифтанд, ки дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 46 таҳсил мекардаанд. Ба гуфтаи онҳо таҳсил ба забони тоҷикӣ сурат гирифта, донишомӯзон дар ҳар кадом синф аз панҷ то ҳафт ё ҳаштнафариро ташкил мекунад.
– Ман дар ҳамин деҳа зодаву ба воя расидаам, соҳиби оила ва хонаву дар шудаам. Мӯйсафедони деҳ мегуфтанд, ки он таърихи беш аз дусадсола дорад. Замоне бобоёни мо ба ин минтақаи кӯҳӣ омадаанд ва дар ин ҷо сукунат ихтиёр кардаанд. Аз ҳамон давра то кунун мо идомадиҳандагони наслҳои ҳамон бобоёну падарони худ мебошем, – гуфт зимни суҳбат сокини деҳаи Кундаи ҷувоз Юсуфалӣ Раҳмонов.
– Беморони вазнинро ба маркази ноҳия бо кадом роҳ мефиристед?
– Пештар танҳо ба воситаи хару асп ин кор анҷом дода мешуд ва шонаи мардум ғайр аз азият чизи дигарро ҳис наменамуд. Баъди арзи вуҷуд намудани сарбанди  «Тӯпаланг» андак сабукиҳо пайдо шуд, зеро тавассути заврақи мотордор беморон ба он тарафи соҳил интиқол дода мешуданд. Аз деҳаи Ҳисорак, воқеъ дар поёни сарбанд, мо бору банди худро ба василаи ҳамон заврақҳо то деҳ оварда мерасонидем. Хушбахтона, Президент Шавкат Мирзиёев ба мардуми мо ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир мекунад ва бо дастури он кас роҳи васеъ ва ҳамворе сохта мешавад. Умедворам, ки дар ин замина ба оҳистагӣ як қатор муаммову мушкилоти мардум бартараф хоҳанд шуд.
– Мегӯянд, ки «Ӯзбекгидроэнерго» барои бо барқ таъмин кардани мардум, беҳтар намудани шароити зиндагии шумо борҳо дасти мадад дароз мекунад.
– Бале, мо аз раиси  он Абдуғанӣ Сангинов хеле хурсанду хушҳол ҳастем. Маҳз бо талошу эҳтимоми он кас чанд панели офтобӣ насб карда шуд, ки моро бо неруи барқ таъмин мекунад. Гузашта аз ин, роҳҳои деҳоти поёни «Тӯпаланг» аз ҳисоби маблағи «Ӯзбекгидроэнерго» ҳамвору мумфарш карда шудаанд. 
– Худи шумо ба чӣ кор машғулед?
– Ман ба чорводорӣ машғулам ва ҳамсару панҷ фарзандамро аз ҳамин ҳисоб мехӯронаму мепӯшонам. Фарзандонам дар мактаби деҳа таҳсил мекунанд. Ана ҳамин духтарчаи хурдиам мехоҳад муаллимаи забони англисӣ шавад. Барои ҳамин шабу рӯз ба омӯхтани ин забон пардохтааст. Худо кунад, ки ба ин орзуяш бирасад. 
– Мошинҳоеро низ ин ҷо мебинам. Пас, аллакай роҳ боз аст, ки мардум худро тавассути нақлиёт аз як манзил ба манзили дигар расонанд?
– Қисме аз ин мошинҳо моли ҳамдеҳагони мост. Аммо бештари он ба роҳсозон тааллуқ дорад, ки ин ҷо кор мекунанд. Пештар мардуми мо мошини худро дар хонаҳои хешу табори худ, воқеъ дар деҳаи Ҳисорак монда, бо заврақ ба деҳа меомаданд. Ҳоло, шукр, вазъият тағйир ёфтааст ва роҳи нав, ки ҳарчанд ҳанӯз ноҳамвор аст, мусоидат менамояд, ки мардум молу колои худро тавассути мошинҳо ба деҳ интиқол диҳанд.
Мактаби рақами 46 аз бинои якошёнаи дорои чанд синфхонаи хурд иборат буд. Дар он як гурӯҳ омӯзгорон аз фанҳои гуногун ба шогирдон сабақ медодаанд. Ғайр аз ин, бо баргузор намудани ҳар гуна машғулияти фаннӣ донишу маҳорати шогирдонашонро такмил мебахшидаанд.
Дар лавҳае роҷеъ ба муштзани машҳур, зодаи ноҳия Баҳодур Ҷалолов маълумот дода шудааст. Баҳодур қаҳрамони ҷаҳонгашта аст, барои ҳамин дар поёни он чунин навиштаанд: «Ту ифтихори моӣ, Баҳодур Ҷалолов!» 
Ба гуфтаҳои Ботири наврас, ки бо вай нахуст дар соҳили сарбанд мулоқот доштам, бовар ҳосил намудам. Дар бинои мактаб ва атрофи он толор ё майдончаи варзишӣ мавҷуд набуд. Ботир ва ду навраси дигар ба ҷои он ки «Мо компютеру дигар таҷҳизоти замонавӣ надорем» гӯянд, аз набудани толори варзишӣ шиква намуданд. Ҳувайдост, ки акси қаҳрамон Баҳодур Ҷалолов наврасону ҷавонони ин деҳро нерӯ мебахшад ва онҳо низ орзу хоҳанд кард, ки соҳиби толори барҳаво бошанд ва мисли Баҳодур муштзани зӯр шаванд! 
Ҳавзаи интихоботии рақами 781-и интихоботи пеш аз мӯҳлати Президент низ дар бинои мактаб воқеъ гаштааст. Дар лавҳаҳо «Интихобот 9 июли соли 2023 баргузор мегардад», «Ҳама – ба интихобот!» ва ғайра сабт ёфта буд. Се нафар аъзои комиссияи ҳавзаи интихоботӣ, ки аз ҳисоби омӯзгорони ҳамин мактаб интихоб шудаанд,  барои ташвиқоту тарғибот ва мулоқот бо мардум ба қисмати болоии деҳ рафтаанд. Маълум шуд, ки ҷамъи интихобкунандагони ин ҳавзаи интихоботӣ дастикам сад нафарро ташкил мекунад. Аъзои комиссия лавҳаву навиштаҷот дар бораи номзадҳо ба мақоми Президент ва барномаи пешазинтихоботии онҳоро дастраси овоздиҳандагон намудаанд. 
– Ҳар сол ба деҳаи мо сели калон таҳдид мекунад. Ҳамон харсангҳои бузурге, ки аз поёни деҳ то соҳили «Тӯпаланг» тӯда-тӯда хобанд, ҳамон селҳои калон овардааст. Умедворем, ки баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани роҳи нав ҳокимияти маҳаллӣ ҷиҳати ободу зебо гардидани деҳа низ ҷиддан иқдом менамояд, – мегӯянд пирони рӯзгордидаи ин деҳ.
Элмурод Саидов – омӯзгори забони давлатӣ ва таълими ҳарбии мактаби рақами 46 дар бораи насаби деҳаи Кундаи ҷувоз бо ифтихор чунин гуфт:
– Аксарияти сокинони деҳаи мо аз як наслу насаб мебошанд. Дар ин деҳ тақрибан касе бегона нест. Кундаи ҷувоз деҳаест, ки одамони маъруфу машҳурро ба халқ армуғон намудааст.  Яке аз онҳо раиси Иттиҳодияи нависандагони ҷумҳурӣ Сироҷиддин Сайид мебошад, ки дар ҳамин деҳаи дурдаст чашм ба олами ҳастӣ кушодааст ва ба унвони «Шоири халқии Ӯзбекистон», орденҳои «Дӯстлик» ва  «Меҳнат шӯҳрати» сазовор гардидааст.
Вай илова намуд, ки ҳамдеҳагонам бо чунин одамони машҳур ҳамеша ифтихор мекунанд. Зеро Сироҷиддин Сайид номи деҳ ва мардуми онро ба оламиён муаррифӣ намудааст. Дар аз ҳар сатри ашъори ӯ бӯи деҳа эҳсос мегардад. Вай «Ватан» гуфта пеш аз ҳама ҳамин гӯшаи кишвари маҳбубро дар назар дорад. 
– Шеърҳои ӯро мутолиа карда, баъдан каму беш шеър менавиштагӣ шудам, – мегӯяд бо табассум Элмурод Саидов ва ин байтро замзама мекунад:
Ман наям шоир, лекин чун каси
 шоирмиҷоз,
Касби ман омӯзгору  шеърам 
аз Кунди ҷувоз.
Суҳбату мулоқотҳои бисёр дилчаспу хотирмон боз чанд лаҳза идома кард. Вақте заврақрон ишора намуд, ки шом нашуда бояд ба он тарафи соҳил расем, дилу бедилон бо сокинони он худоҳофизӣ кардем ва рӯ ба пастӣ оварда, ҷониби кӯли сарбанд равон шудем. 
Пеш аз фаромадани шом ба соҳили дигари «Тӯпаланг» расидем. Ин сафари матбуотӣ барои он хеле хотирмону дилчасп буд, ки омадан ба чунин деҳаи дурдаст ва суҳбату мулоқотҳо бо мардуми содаи он бароям даст дод. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: