ШӮРОИ ИҶРОИЯИ ЮНЕСКО РЕЗОЛЮТСИЯ ДАР СОҲАИ ДАСТГИРИИ ТАЪЛИМИ ТОМАКТАБИИ ӮЗБЕКИСТОН МАЪҚУЛ КАРД

Иҷлосияи 216-уми Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО, ки аз 10 то 24 май дар Париж баргузор шуд, ташаббуси Ӯзбекистонро бобати резолюцияи «Амалҳои баъдинаи иҷрои эъломияи Тошканд ва ӯҳдадориҳо оид ба андешидани чораҳо ба манфиати тағйир додани тарбия ва таълими кӯдакони хурдсол» якдилона маъқул донист.

Лоиҳаи қатънома яке аз ҳуҷҷати асосие гардид, ки кишварҳои узв ҳамчун банди нав ба рӯзномаи иҷлосияи 216-уми Шӯрои иҷроия ворид кардаанд. Ҳуҷҷат аз ҷониби 55 кишвари ҷаҳон – Андорра, Алҷазоир, Озарбойҷон, Баҳрайн, Бангладеш, Белорус, Буркина Фасо, Венгрия, Ветнам, Габон, Гаити, Гватемала, Ҷибути, Миср, Зимбабве, Индонезия, Яман, Қазоқистон, Кот-д’Ивуар, Кувайт, Қирғизистон, Латвия, Либерия, Лубнон, Либия, Марокаш, Молдова, Муғулистон, Мозамбик, Нигерия, АМА, Уммон, Ҷазираҳои Кук, Покистон, Фаластин, Панама, Парагвай, Қатар, Русия, Руминия, Арабистони Саудӣ, Сент-Люсия , Сент-Винсент ва Гренадинҳо, Сингапур, Словакия, Сурия, Тоҷикистон, Танзания, Того, Тунис, Туркманистон, Туркия, Ӯзбекистон, Чили ва Шри-Ланка ҳаммуаллифӣ шудааст.
Дар резолютсия ба Ҳукумати Ӯзбекистон барои 15-16 ноябри соли 2022 дар сатҳи баланд ташкил кардани Конфронси умумҷаҳонӣ оид ба тарбия ва таълими кӯдакони хурдсол дар Тошканд ва пешвоии сиёсӣ дар дастгирии чорабинии мазкур изҳори сипос карда мешавад.  
Тавре зикр гардид, ин конфронс аввалин чорабинии байниҳукуматӣ дар ин самт пас аз Саммити трасформатсияи маориф дар Ню-Йорк дар моҳи сентябри соли 2022 ва як ҷузъи ҷудонашавандаи талошҳо барои сафарбар кардани ӯҳдадориҳои сиёсӣ дар сатҳи олӣ буд.
Дар натиҷаи форум қабул шудани декларатсияи Тошканд ва ӯҳдадории андешидани чораҳо ба манфиати тағйир додани таълиму тарбияи кӯдакони хурдсол алоҳида истиқбол карда мешавад. Ҳуҷҷат ҳамчунин аз давлатҳои узв даъват мекунад, ки ӯҳдадориҳои эъломияи Тошкандро иҷро кунанд, аз ҷумла саъю кӯшишҳои ЮНЕСКО-ро дар соҳаи таълими синни томактабӣ тавассути ҷорӣ кардани бадалҳои ихтиёрӣ, таъмини мутахассисон ва таҳкими ҳамкорӣ фаъолона дастгирӣ созанд.
Резолютсия нуқтаҳои асосии декларатсияи Тошкандро фаро гирифта, инчунин механизмҳои конкретии пешбурди онро бо мақсади пурзӯр намудани тадбирҳо оид ба тарбия ва таълими кӯдакони хурдсол дар тамоми ҷаҳон пешниҳод менамояд. Дар доираи пайгирии татбиқи санади мазкур, аз ҷумла, тадбирҳои зерин пешбинӣ шудаанд:
– амалӣ намудани мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои давлатҳои узв бо мақсади пайгирии пешрафти иҷрои декларатсияи Тошканд;
– фаъол гардонидани механизми Стратегияи глобалии шарикӣ дар соҳаи тарбия ва таълими кӯдакони хурдсол бо роҳи навсозии бандҳои он бо назардошти қоидаҳои эъломияи Тошканд;
– гузаронидани вохӯриҳои мавзӯии байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба тарбия ва таълими кӯдакони хурдсол.
Дар баробари дигарон қарор дода шудааст, ки дар ҳар панҷ сол барои ҷамъбаст намудани комёбиҳое, ки дар роҳи иҷрои декларатсияи Тошканд ба даст оварда шудаанд, чорабинии калон ташкил карда шавад.

АИ «Дунё»,
ПАРИЖ

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: