ПЕШГӮЙӢ АЗ ҲИНДУСТОН: ИҚТИСОДИЁТИ ӮЗБЕКИСТОН ТО ОХИРИ СОЛ УСТУВОРӢ ВА ДИНАМИКАИ РУШДРО НИГОҲ МЕДОРАД

Матбуоти Ҳинд дар бораи суръати афзоиши иқтисоди Ӯзбекистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ мавод нашр кард, хабар медиҳад хабарнигори АИ «Дунё».

Рӯзномаи маъруфи «The Economic Times», ки ба мавзӯъҳои иқтисодӣ тахассус дорад, таъкид менамояд, ки дар шаш моҳи аввали соли 2023 маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ӯзбекистон 5,6 дарсад афзудааст ва суханони зерини  сармуҳаққиқи Маркази таҳқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳот Руслан Абатуровро иқтибос овардааст: «Иқтисоди Ӯзбекистон дар нимсолаи аввали соли 2023 динамикаи баланди рушдро нигоҳ дошт ва ба тағйирот дар муҳити ноустувори беруна тобовар монд».
Шореҳи нашрия Дипанҷон Рой Чаудхурӣ мегӯяд, ки инфлятсия дар Ӯзбекистон коҳиш меёбад ва дар пайи натоиҷи 6 моҳ, поинтарин мизони тайи 5 соли ахирро нишон медиҳад.
Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар зарфи 6 моҳ қариб 8 дарсад афзоиш ёфта, воридоти асосӣ ба сармоягузориҳои ғайримарказонидашуда рост омад, ки суръати афзоиши онҳо 8,7 дарсад ва ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ 21 дарсад афзоиш ёфтааст, гуфта мешавад дар мақола.
Нашрия маълумоти муфассал ва ҷадвали афзоиши ҳиссаи сармоягузориҳо ба саноати коркард ва истеҳсолоти саноатӣ, инчунин дигар нишондиҳандаҳои муҳими иқтисодиёти кишварамонро овардааст.
Муаллиф ба он таваҷҷуҳ менамояд, ки муомилоти савдои берунии мамлакат дар нимаи аввали соли ҷорӣ қариб 20 фоиз афзуд.
«Дар маҷмӯъ, тамоюлҳои асосии нимсолаи аввал таҳкими макроустуворӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои манфӣ ба иқтисодиёт, дастгирии динамикаи мусбати рушди бахшҳои иқтисодӣ ва пурзӯр намудани фаъолияти сармоягузорӣ буданд. Интизор меравад, ки то охири сол иқтисодиёти Ӯзбекистон устуворӣ ва суръати динамикии рушдро нигоҳ медорад», – қайд мекунад шореҳи «The Economic Times».
Маводҳо дар ин мавзӯъ инчунин аз ҷониби агентии иттилоотии «India Blooms», порталҳои иттилоотии «TWF India», «Just Earth News» ва дигар васоити ахбори омма нашр шудаанд.


АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: