ИДИ ЗАҲМАТКАШОНИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚ ДАР БУХОРО

Қасри тантанаҳои «Сарбон»-и шаҳри Бухоро намуди идона дошт.

Қасри тантанаҳои «Сарбон»-и шаҳри Бухоро намуди идона дошт. Дар ин ҷо чорабинӣ ба муносибати Рӯзи кормандони кишоварзӣ ба амал омад. Ба он сардорони хоҷагиҳои фермерии пешқадам, кластерҳо, мутасаддиёни заминҳои наздиҳавлӣ, олимон, мутахассисони соҳаи об, механизаторон, агрономҳо, намояндагони ҷамоат ва воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд. 
Ҳокими вилоят Б. Зарипов кормандони соҳаро бо ид ва комёбиҳои меҳнатиашон муборакбод намуд. Вай таъкид намуд, ки пахтакорони вилоят дар бист соли охир бори аввал хирмани 345 ҳазор тоннагии пахтаро бунёд карданд ва ҳосилнокии майдонҳо 35,2 сентнериро ташкил кард. Дар натиҷа хоҷагиҳои фермерӣ 2,4 триллион сӯм даромад карда, 650 миллиард сӯм фоидаи соф диданд.
Кирмакпарварони диловари вилоят нақшаи ба давлат супоридани пилларо дар мамлакат аввалин шуда иҷро карда бошанд, ғаллапарварону пахтакорон дар ҷои сеюм ба марраи мурод расиданд. 8 ноҳия, бештар аз 150 ҳудуд, зиёда аз 2600 хоҷагии фермерӣ нақшаҳои солонаи пахтасупориро бо муваффақият адо карданд. Хусусан, пахтакорони ҳимматбаланди ноҳияи Вобканд, инчунин ноҳияҳои Қарокӯл, Ғиждувон, Когон, Пешкӯ ва Шофиркон ба дигарон намуна шуданд. Ғаллакорони вилоят бештар аз 447 ҳазор тонна гандум ҷамъ оварда ҳосилнокии қитъаҳоро ба бештар аз 57 сентнерӣ расонданд.
Дар Иди ҳосил ба фидоиёни соҳа нишонҳои сарисинагии «Фидоии хоҷагии қишлоқ», «Фермери зарбдор», «Қитъадори назди ҳавлигии намунавӣ», «Деҳқони заҳматкаш», ифтихорномаю тӯҳфаҳои пурарзиши вазоратҳои кишоварзию хоҷагии об, ҳокимияти вилоят, Шӯрои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибони қитъаҳои наздиҳавлигӣ бо тантана супорида шуд.
Ба иштироккунандагони тадбир барномаҳои рангини консертии санъаткорон кайфияти идона бахшид.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: