Ӯзбекистон воҳиди пулро дигар намекунад

Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузарондани деноминатсияи воҳиди пулиро рад кард.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоот дар бораи татбиқи деноминатсияи воҳиди пулӣ паҳн шуд. Дар гузоришҳо гуфта мешуд, ки пулҳои кӯҳна ба нав бо таносуби 1:10 000 иваз карда мешаванд ва қайд карда шуд, ки пулҳои кӯҳна ва нав то соли 2025 дар муомилот қарор хоҳанд гирифт.

“Ин маълумот беасос аст. Дар айни ҳол Ҳукумат ва Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ намудани тағйир додани воҳиди пулро ба нақша нагирифтааст, хабар медиҳад, – хидмати матбуоти Бонки марказӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: