ҶАШНИ ШОИРИ САРКАРДА

Ҳар сол зодрӯзи шоири саркарда Заҳириддин Бобур чун мавлуди шоири мумтоз Алишери Навоӣ дар мамлакатамон бо рӯҳи баланд ҷашн гирифта мешавад.

Ба қарибӣ дар қасри фарҳанги деҳаи Варзик бо ташаббуси мактаби миёнаи тахсилоти умумии рақами 50-ум ба муносибати зодрӯзи Мирзо Бобур тадбири маданӣ-маърифӣ ва адабӣ-мусиқии «Бобур — барҳаёт» баргузор гардид. Дар он, ғайр аз муаллимону хонандагон масъулони шуъбаи таълими халқи ноҳия, вакилони ҳокимияти ноҳияи Чуст иштирок карданд. 
Ба тадбир директори маърифатгоҳ Фурқатҷон Ҳакимов бо сарсухани мухтасар доир ба аҳамияти эҷодиёти адиби лашкаркаш оғоз бахшид. Ба ташкилу гузаронидани он, инчунин омӯзгорон Наима Сотканова, Дилафрӯз Салоева ва Муқаддам Ҳоҷиматова кӯмаки худро дареғ надоштанд. 
Дар чорабинии ҷашнӣ намунаҳо аз  шеърҳои шоир ва сурудҳо шунавонда шуданд. Тамошобинон аз намоиши порчаҳои хурди зиндагиномаи Бобур ва рақсҳои диловез завқ бурданд. Чун ворисони шоири ҷанговар ва ҳимоячиёни Ватан ҷавонписарон дар  либосҳои низомӣ усулҳои ҷанги танбатану мағлубкуниро бо моҳирию маҳорат намоиш доданд. 
Пас барои баргузор намудани чунин чорабинӣ мудири шуъбаи таълими халқи ноҳия Баҳодур Сотимов ба роҳбарону омӯзгорони таълимгоҳ арзи сипос намуда,  муаллимони фаъолу хонандагони пешқадамро бо ифтихорномаҳо мукофотонид.

Ш. МИРЗОЕВ.
Ноҳияи ЧУСТИ
вилояти  НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: