ИСТИФОДАИ САМАРАНОК АЗ ИМТИЁЗҲО

Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Asadbek Sifat Savdo»-и ноҳияи Қӯнғироти Ҷумҳурии Қароқалпоқистон бо ташаббуси соҳибкор Алишер Ёқуббоев соли 2013 бо мақсади ба аҳолӣ хидмати босифат расондан ташкил гардида буд.

Соҳибкор соли 2019 аз имтиёзҳои аз тарафи давлат додашуда босамар истифода бурда, бо кумаки кредити бонк дар 8 сотих майдон фаъолияти дукони савдои дуошёна ва сехи истеҳсоли мебелро ба роҳ монд. Алҳол дар корхона 15 нафар бо кори доимӣ таъмин мебошанд.
Бино ба фармони роҳбари давлат «Дар бораи чорабиниҳое, ки ба роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд бо субъектҳои соҳибкорӣ ҷиҳати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ нигаронида шудаанд» аз 12 июни соли 2023, дар мамлакат барномаи «20 ҳазор соҳибкор – 500 ҳазор мутахассиси соҳибмалака» кор карда шуд.  Ба рӯйхати барномаи мазкур дар қатори субъектҳои соҳибкории Қароқалпоқистон  ҶММ  «Asadbek Sifat Savdo» низ дохил гардид. Имрӯз корхона аз имтиёзҳои додашуда истифода бурда,  ба ивази кредит аз хориҷ ускунаҳои нав оварда, ҳаҷми истеҳсоли мебелро   афзун мегардонад ва ҷойҳои нави корӣ фароҳам меорад.

Дар сурат: дар ҶММ “Asadbek Sifat Savdo«.
Суратгир: 
М. ҲАБИБУЛЛОЕВ. ӮзА.           

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: