САДА ТАЙЁРӢ БА НАВРӮЗ АСТ

Мардуми мо бисёр идҳои маросимию мавсимӣ доранд. Тиргон, Меҳргон, Сада, Наврӯз ва ғайра.

Сада аз идҳои анъанавии қадимаи мо буда, аз даврони Сосониёну Сомониён ин ҷониб ҷашн гирифта мешавад.
Он панҷоҳ шабонарӯз пеш аз ҷашни Наврӯз таҷлил мегардад. Аз ҳамин рӯз сар карда, замин бухор мекунад, яъне обшавии барфу яхи ҷӯйҳо оғоз мешаванд. Бойчечак, қоқу, алафҳои ҷағ-ҷағ, зӯфтурум гули гиёҳҳои даврони Сада мебошанд.
Бачаҳо бо гули бойчечак хона ба хона гашта, сурудхонӣ мекунанд. Оби чашмасорон бисёр, рӯду ҷӯйҳо пур аз об мешаванд.
Мардум рӯзи ҷашни Сада хонро аз мавизу туршаку ҷидаву чормағзу пиставу бодом, меваҳои хушк, нони гандум ва бичаки алафӣ оро медиҳанд.
Ба муборакбодии ҳамдигар мераванд. Шабона оташ афрӯхта, дар гирди он шеърхонӣ, рақсу бозӣ мекунанд. 
Яке аз мушаххасоти сада оташафрӯзӣ аст. Мутафаккири бузурги форсу тоҷик Умари Хайём дар «Наврӯзнома»-и хеш навиштааст, ки дар ин рӯз Фаридун бар Заҳҳок ғалаба кард ва мардум аз ҷабру ситам озод шуданд, ин ҳодисаро фоли нек донистанд ва бо фармони Фаридун ин рӯзро бо оташафрӯзии бузург ҷашн гирифтанд.
Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодиён Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши ӯ Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ҳушанг рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт. Дар шикоргоҳ мори сиёҳи дарозеро дучор омад. Санги калонеро бардошта, сӯйи мор ҳаво дод ва он санг ба санги дигаре бархӯрда, шарора афканд. Ӯ аз шарора  афкандани ду санг ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз оташро ҷойи истифода қарор дод. Ин маросим ҷашни Cада номида шуд, ки онро халқҳои ориёинажод пос дошта, дар арафаи фаро расиданаш гулханҳо меафрӯхтанд. Баъди ихтирои оташ Ҳушанг нахустин касе буд, ки ба истихроҷи филизот аз санг оғоз намуд ва онро гудохта, алайҳи аҳриманзодаву деву дадҳо аслиҳа сохт. Фирдавсӣ пазироии ҷашни Садаро аз ҷониби Ҳушанг чунин менигорад:
Шаб омад, барафрӯхт оташ 
ба кӯҳ,
Ҳамон шоҳу дар гирди шаҳ 
он гурӯҳ .
Яке ҷашн кард он шабу бода 
х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда 
кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор.
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Ниёгони мо афрӯхтани оташро омӯхтанд, Сада, тавре ки зикр шуд, аз ҷашнҳои қадимӣ мебошад, ки дар даҳумин рӯзи моҳи баҳман (баробар ба 30-юми январ) баргузор мегардад.
Бинобар тадқиқоти олимон таърихи ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва монанди он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. 
Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Агар рамзи асосии Наврӯз суманак бошад, Сада ба гармиву рӯшноӣ иртибот дошта, асоси онро оташ ҳамчун рамзи гармӣ дар бар мегирад. 
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки Сада ба забони авастоӣ ба маънои «баромадан ва тулӯъ кардан» ва ба забони ориёӣ «оташ» будааст. Як гурӯҳ олимон ақида доранд, ки Сада ном гирифтани ин ҷашн ба он хотир мебошад, ки дар вақти 50 шабу 50 рӯз боқӣ мондан то фарорасии Наврӯз таҷлил мегардад. Он рамзи рафтани фасли дай ва муждаи нахустини фасли баҳор ва омодагӣ ба киштукор мебошад.
Мардум, махсусан деҳқонон дар ин айём аз рӯйи анъана ба кандану тоза кардани каналу ҷӯйборҳо, шудгори замин ва пошидани пору ба замин, тайёр намудани тухми кишт машғул мешуданд. Доир ба таърихи пайдоиши Сада Абурайҳон Берунӣ дар «Ат-тафҳим» чунин ишора намудааст: «Сада чист обонрӯз аст. Аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум оташ зананд ва гавзу (чормағз) бодом ва гирд бар гирди он шароб хӯранд ва лаҳву (бозӣ) шодӣ кунанд. Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз он то Наврӯз панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб аст». 
Аз рӯйи ин маълумоти таърихӣ равшан мешавад, ки ин ҷашн дар миёни мардум аз замонҳои қадим маҳбубият доштааст ва ба он гузаштагони мо эҳтироми хосса зоҳир менамуданд. 
Ризо Муроди Ғиёсободӣ дар бораи Сада менависад, ки вожаи «сада» дар китоби «Авесто» ҳам ба маънои тулӯъ кардан ва ҳам ба маънои ғуруб кардан омадааст ва ба гумони зиёд ҷашни Сада ба як ҳодисаи кайҳонӣ, яъне тулӯъ ва ғуруби ҳамзамони ду ситораи пурнуру дурахшон дар нахустин шабҳои баҳманмоҳ дар ҳудуди панҷ ҳазор сол пеш иртибот дошта бошад. 
Садаро мо низ бо рӯҳбаландӣ ва хушнудӣ пешвоз ва ҷашн мегирем. Дастархони идона ороста, онро бо нозу неъматҳои рангоранг оро медиҳем. Дар кӯҳу саҳро гулхан афрӯхта, аз шом то саҳар рақсу бозӣ, шеъру сурудхонӣ, сайри навдомоду наварӯсон баргузор мешавад. Онҳо дар гирди оташ давр зада, орзу ва ниятҳои неки худро изҳор мекунанд. Бачагон аз коғаз булбул, лаклак ва бодпарак сохта, ба ҳаво сар медиҳад. Калонсолон барои табрики хешу табор мераванд. Дар лаби чашмаву ҷӯйборҳо сайр мекунанд. Духтарону ҷавонон арғунчак мепарранд. Кишоварзону боғбонҳо ҷӯйборҳоро тоза карда, заминро шудгор ва ба кишт омода мекунанд. Ба дарахтон шакл дода, боғҳои нав мекушоянд. Наврасон дар мусобиқаҳои тирандозӣ, арғамчинкашӣ қувва меозмоянд. Дар ин маврид мусобиқаҳои миллӣ ба миён меоянд.
Хулоса, аз рӯзи Сада то Наврӯз маросими тайёриву омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ давом мекунад, яъне Сада тайёрӣ ба Наврӯз аст.  

Толиб ЮНУСЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: