ҲАМКОРИИ ӮЗБЕКИСТОНУ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ТАҲКИМ МЕЁБАД

Халқҳои ӯзбеку тоҷикро, ки чун «як халқе, ки бо ду забон ҳарф мезанад» таъриф медиҳанд, таъриху фарҳанг ва арзишҳои маънавӣ, анъанаҳои чандинасраи эҳтироми ҳамдигар ба ҳам пайвастааст.

Равобити ҳамкорие, ки ба чунин эътимод ва ҳамраъйӣ такя намудааст, дар соҳаи кишоварзӣ самара мебахшад. Гурӯҳи кории муштараки Ӯзбекистону Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ, ки миёни ҳукуматҳои ду кишвар таъсис ёфтааст, корҳои рушд ва амиқсозии равобити шарикӣ дар бахши кишоварзиро ҳамоҳанг мекунад.
Равобити тиҷоратию иқтисодӣ дар самти хоҷагии қишлоқ дар асоси манфиати тарафайн сохта шудаанд. Агар ба далелҳо рӯ орем, мебинем, ки дар соли 2021 гардиши умумии мол миёни кишварҳо 88,0 миллион долларро ташкил дода, дар он содирот ба 86,1 миллион доллар, воридот 1,9 миллион доллар расидааст.
Дар соли 2022 ҳаҷми муомилоти мол миёни ду кишвар дар соҳаи кишоварзӣ  ба 75,1 миллион доллар, аз ҷумла содирот 71,9 миллион доллар, воридот 3,1 миллион доллар расид. 
Бояд гуфт, ки Ӯзбекистон дар рушди кишоварзии кишвари ҳамсоя саҳми арзанда мегузорад. Мисоли равшани ин таъсиси корхонаи муштараки «Боғи дӯстӣ» 16 майи соли 2022 дар шаҳри Ҳисори Тоҷикистон мебошад. Дар марҳалаи аввал фонди оинномавии ин корхона 200 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон – Муассисаи давлатии илмии «Деҳқонӣ» – 25 фоиз, «Тоҷикниҳолпарвар» – 25 фоиз ва аз Ӯзбекистон КДУ «Агросервис Оператор» — 50 фоиз. Ин корхонаи муштарак ба боғу токпарварӣ машғул буда, пешбинӣ шудааст, ки сармоягузории ҷониби Ӯзбекистон дар оянда аз ҳисоби даромад аз фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ пӯшонда мешавад.
Барои бунёди «Боғи дӯстӣ» 20 гектар замин ҷудо карда шудааст. Дар ҳоли ҳозир интизор меравад, ки шарикони тоҷик заминро барои кишт омода кунанд ва шабакаҳои обёриро гузоранд. Ҷониби Ӯзбекистон барои интиқол додан ба Тоҷикистон ниҳоли дарахтони мевадиҳанда омода намуд.
Моҳи марти соли ҷорӣ намояндагони КДУ-и «Агросервис Оператор» дар Тоҷикистон дар сафари хидматӣ шуда, оид ба ҷоннок гардондани дар ин замина музокирот анҷом доданд.
Арзиши умумии лоиҳаи бунёди маҷмааи гармхона ва боғи интенсивӣ дар ноҳияи Ҳисори кишвари ҳамсоя 3,3 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳа аз тарафи Агентии хидматрасонии кишоварзии назди вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ тартиб дода, пудратчиён таъин карда, намунаҳои обу хок таҳлил карда шуданд.
Иштироки ширкатҳои хусусӣ дар ҳамкориҳои сармоягузории ду кишвар далели равшани он аст, ки ҳамкориҳои мутақобила барои ҳарду ҷониб судманд аст. Масалан, моҳи июли соли 2021 миёни ширкати «ВМВ «Trade group»-и Ӯзбекистон ва ширкати «AVAS Group»-и Тоҷикистон дар бораи ифтитоҳи корхонаи муштараки «BMB-AVAS Za`faron» дар ноҳияи Бахмали вилояти Ҷиззах созишнома ба имзо расид. Дар 50 гектар замини ноҳияи Бахмал якҷоя заъфарон кошта шуд. Пешбинӣ шудааст, ки дар оянда майдони кишт ба 400 гектар расонда шавад.
Қарор аст, ки солҳои 2023-2024 дар вилоятҳои Суғду Хатлони Тоҷикистон киштзорҳои заъфарон ифтитоҳ шаванд. Айни замон барои густариши фаъолияти КМ «BMB-AVAS Za`faron» дар ноҳияи Бахмал талошҳои пайваста идома доранд.
Ҳамкории байни мамлакатҳо дар соҳаи хоҷагии қишлоқ ҷабҳаи илмиро низ дар бар мегирад.
Моҳи декабри соли 2021 дар Маркази хидматрасонии кишоварзии вилояти Тошканд барои 10 коршиноси тоҷик дар як қатор самтҳо семинару тренингҳо ташкил карда шуданд. Ифтитоҳи намояндагии Маркази миллии агросервис (AKIS) дар системаи Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар шаҳри Хуҷанд дар назар аст. Айни замон дар Раёсати кишоварзии вилояти Суғд биное, ки ба ин мақсад бахшида шудааст, таъмир карда мешавад. Пас аз оғози кор дар ин замина, ҷониби Ӯзбекистон омодагии худро барои ташкили семинарҳои омӯзишӣ барои 50 нафар мутахассис ва олимони тоҷик дар ҳар семоҳа изҳор дошт. Дар ин семинарҳо олимони соҳаи кишоварзӣ, мутахассисон ва кишоварзони кишвари ҳамсоя донишу малакаи касбии худро оид ба омӯзиши агротехнологияҳои инноватсионии истеҳсоли меваю сабзавот, усулҳои муосири обёрӣ такмил медиҳанд.
Ҳамкории Ӯзбекистону Тоҷикистон дар соҳаи илми аграрӣ селексия ва тухмипарвариро дарбар мегирад. Масалан, дар моҳ-ҳои март–апрели соли гузашта ба Тоҷикистон 51,5 тонна тухмии пахтаи навъҳои «Бухоро-102» ва «Сурхон-103» ба маблағи 59,9 ҳазор доллар интиқол шудааст. Тибқи дастури роҳбарияти ҷумҳурӣ моҳи апрели соли 2022 тухмии навъҳои кадуи «Лағмони», «Ош каду», «Атлас каду», «Сурхкаду», «Ленинобод» ва «Одесса»-и селексиявии олимони кишвари ҳамсоя аз Тоҷикистон оварда шуданд. Ин тухмӣ дар 10 хоҷагии тухмипарварии ноҳияҳои гуногуни мамлакатамон шинонда шуд.
Ин бошад, дар таҳкими муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягӣ ва равобити мутақобилан судманди Ӯзбекистону Тоҷикистон ва ташаккули фазои сулҳу субот ва амният дар минтақа мавқеи муҳим дорад.

Умид МАМАДАМИНОВ,
муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: