БА МАҲАЛЛААМОН МЕҲМОН ШАВЕД,

– мегӯянд уйғурсойиҳо бо хурсандӣ

Дар натиҷаи ислоҳоти густурдае, ки аз ҷониби роҳбари давлатамон баҳри зиндагии фаровони аҳолӣ дар ноҳияҳои дурдаст амалӣ карда мешавад, дар асоси барномаи «Маҳаллаи обод» маҳаллаҳо ба маскани ободу зебо табдил меёбанд. 
Маҳаллаи Уйғурсойи ноҳияи Поп ҳам, ба туфайли ин саъю кӯшишҳо, ба маҳаллаи зебою ободтарини ноҳия табдил ёфт. Бо ин муносибат дар ин маскан маросими кушодашавӣ баргузор гардид. Меҳмононро зери садои карнаю сурнайи миллӣ ва оҳангҳои пурҷӯшу хурӯши оркестри симфонии ҳарбӣ пешвоз гирифтанд. 
Дар чорабинӣ муовини вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон Азизбек Икромов, депутати Олий Маҷлис Абдумалик Акрамов, роҳбарони секторҳои вилоят, собиқадорони меҳнат ва намояндагони аҳли ҷомеа ширкат варзиданд.
Дар маҳалла оид ба беҳбудии оби ошомиданӣ ва таъмини нерӯи барқ, роҳҳои марказӣ ва дохилӣ, инчунин таъмири биноҳои бисёрошёнаи мавҷуда, барномаҳои мақсаднок таҳия карда шуд. Ба корҳои бунёдкорӣ бештар аз 50 млрд. сӯм сарф карда шуд. 
10 км роҳҳои дохилӣ шағалпӯш карда, 3 км роҳ бо асфалт ва семент пӯшонда, аз нав сохта шуданд. Ба 18 км шабакаи оби нӯшокӣ ва ба 2,1 км сими хати электр кашида шуд. 94 симчӯб нав карда, трансформатор гузошта шуд. 29 бинои серошёнаи мавҷуда ба таври куллӣ таъмир гардид. Қариб 10 нуқтаи савдо ва хидмати маишӣ сохта, ба истифода дода шуд. 
Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо кор ва пурмазмун ташкил намудани вақти холии ҷавонон майдончаҳои спортӣ барпо карда шуд. Ба бинои Хонаи маданият, ки дар давоми солҳо ба ҳоли худ гузошта шуда буд, «ҳаёт»-и нав бахшида шуд. Дар ин маскани боҳашамате, ки ба маҳалла қувват ва зебоӣ мебахшад, толори тамошо бо 200 ҷойи нишаст, китобхона, клуби IT, курсҳои таълимии ба таълими забонҳои хориҷӣ мутобиқшуда ба кор шурӯъ кардаанд. Ба ин корҳо бештар аз 5 млрд. сӯм маблағ харҷ гардид. Поликлиникаи оилавии дуошёнаи навтаъмиршуда низ дар хидмати аҳолӣ мебошад. 
– Дар наздамон боз як вазифаи дигар истодааст, – гуфт дар нутқи табрикӣ ҳокими вилоят, узви Сенати Олий Маҷлис Шавкат Абдураззоқов. – Ҳаракати наҷибамонро давом дода, 2 бинои мактаби таълими миёнаи умумӣ ва муассисаи томактабии маҳалларо ба намуди замонавӣ овардан лозим. Дар соли оянда ба амал баровардани ин корҳоро ба нақша гирифтаем. Боз як ҷиҳати муҳимро қайд кардан мехоҳам, азбаски дар ин минтақа колонияи иҷрои ҷазо мавҷуд аст, ҳамеша дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ корҳои амалӣ мегузаронем. Мо аз номи мардуми вилоят, махсусан уйғурсойиҳо ба масъулони сохтор, ки дар ин лойиҳаи хайр кори муштарак ташкил кардаанд, изҳори сипос мекунем.
– Мо чанд сол боз ин рӯзро бесаброна интизор будем, – мегӯяд сокини маҳалла Равшаной Бойқӯзиева. – Кӯчаҳоямон обод, роҳҳо ҳамвор, аз шароити шаҳр камӣ надорад. Ҳамсояҳо ба сайру гашти бегоҳӣ баромада истироҳат мекунанд. Ҳатто мо, пиронсолон бо ҳам вохӯрда, суҳбат мекунем. Хусусан ниёзи аввалиндараҷаи мо бароварда шуд, яъне мушкили оби тозаи ошомиданӣ, ки солҳо боз моро ба ташвиш меовард, ҳал шуд. 46 сол қабл, ман аз деҳаи Ғурумсарой ба ин ҷо келин шудам. Ба шароити ин ҷойҳо одат карданам хеле душвор буд.
 Ҳоло мо хушбахтона зиндагӣ мекунем. Рӯзҳоеро, ки мо орзу мекардем, фарзандонамон бинанд. Албатта, ин корҳо худ аз худ ба амал набаромадааст. Мо ба ҷавононамон таъкид мекунем, ки ин аз ҳисоби маблағи зиёд ва меҳнати вазнин ба амал омадааст. 
На танҳо Равшаноймомо, балки дар дилу забони ҳар як уйғурсойиҳо шукргузорӣ ҷӯш мезанад. Ба гуфтаи раиси маҳалла Сабрулло Пӯлодов, дар маҳаллаи Уйғурсой, ки аз маркази ноҳия дур аст, дар 463 хонавода наздики ду ҳазор аҳолӣ истиқомат мекунанд. Дар ин ҷо тоҷик, ӯзбек, тотор, рус, қирғиз ва ҳатто корейсҳо бо ҳам дӯстона умр ба сар мебаранд.
Дар поёни чорабинӣ ба ҳамаи фаъолоне, ки дар кори хайр саҳм гузоштаанд, сипоснома ва туҳфаҳои қиматбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳокимияти вилоят супурда шуданд. Ба китобхонаи маскани маънавиёт ва маърифат ду ҳазор китоби бадеӣ, компутер ва ба ҷавонони варзишгар либосҳои махсуси варзишӣ туҳфа карда шуд. 
Аз рӯйи анъанаи халқамон шоҳи таомҳо – ош пухта, ба халқ пешкаш карда шуд. Дар чеҳраи сокинони маҳалла, ки дар гирди дасторхон ҷамъ омадаанд, аз зиндагии имрӯза қаноатмандӣ дида мешавад. Уйғурсой намуди ҳақиқии идона гирифт.

Шоҳида ДАМИНОВА, 
мухбири «Овози тоҷик». 

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: