МАҲБУБИ МАРДУМ

Аз рӯзе, ки Толибҷон Норов бо ҳамсараш Майсара Менгниёзова ба деҳаи Оқсуи ноҳияи Олтинсой омаданд, гӯё офтоб ба рӯйи мардуми он хандид.

 Ин ҷуфти муносиб дар зудтарин фурсат байни бошандагони деҳа соҳиби эҳтиром гаштанд. Зеро деҳа то он вақт духтури касбӣ надошт. Оилаи ҷавонро, ки зану шавҳар ҳар ду табиб буданд, аҳолӣ бо хушҳолӣ қабул кард. То ин дам Валидухтури вахшиворӣ аз масофаи 15 километр омада, ба аҳли Оқсу хидмати тиббӣ мерасонд. Табиист, ки омаду рафт аз ин дурӣ осон нест, машаққат ва хароҷот дорад... Хоса, дар айёми сармо... Ин аст, ки баъзан мардум бидуни кумаки аввалия монда,  азият медиданд. Гоҳе чунин таъхирҳо паёмади нохуш ҳам ба бор меовард.  
Бояд гуфт, ки Толибҷон фарзанди ҳамин кӯҳистон аст, ӯ соли 1976 дар оилаи омӯзгори фанни кимиё Ҳамроқул Норов  ба дунё омад. То синфи ҳашт дар мактаби рақами 41-уми деҳа таҳсил кард. Баъдан хонишро дар дабистони рақами 9-уми ноҳияи Олтинсой идома дод. Онро бо шаҳодатномаи аъло хатм намуд. Бо маслиҳату машварати қиблагоҳ ба Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Деҳнав ҳуҷҷат супорида, толибилми ин даргоҳ гардид. Падар бисёр мехост, ки писараш мутахассиси хуби соҳаи тандурустӣ шавад. Зеро медонист, ки мардуми Оқсу ба духтур ниёз доранд. Толибҷон соли 1996 омӯзишгоҳро хатм карда, ба шуъбаи ҷарроҳии шифохонаи шаҳри Деҳнав ба кор даромад. Зери сарпарастии номзади илмҳои тиб Акбар Маҳмудов, ки ҳамзамон раҳбарии шуъбаи ҷарроҳиро дар ӯҳда дошт, ба фаъолияти корӣ оғоз намуд. Акбар Маҳмудов шогирди худро тӯли ду сол ба дараҷае тарбият ва роҳнамоӣ кард, ки вай ҷарроҳи хубе гашт. Ҳатто амалиёти ҷарроҳиҳои одиро мустақилона мегузаронд. Ҳарчанд фелдшер буд, дар амалҳои ҷарроҳӣ ширкат меварзид. Раҳбари шуъба аз саъю ғайрати шогирд мамнун гашта, пайваста таъкид мекард, ки духтур дар шароити деҳоти кӯҳистон бояд дар маҷмӯъ аз ҳамаи соҳаҳои тиб воқиф бошад. 
Ба кор омадани ҳамшираи шафқат – Майсара Менгниёзова ҳаёти Толибҷонро куллан тағйир дод. Ҷавонон ба «дом»-и ишқу муҳаббати оташин афтода, билохира оилаи нав барпо карданд. Пасон ба Оқсу баргаштанд ва фаъолияти кории худро дар Бунгоҳи тиббии деҳкадаи мазкур оғоз намуданд. Бунгоҳи тиббӣ он солҳо техникае надошт, ки дар зарурат беморонро ба шифохонаи марказӣ, ё ҳадди ақал ба бемористони деҳаи Вахшивор баранд. Толибҷон бо назардошти ин мушкил трактор харид, ки мардуми маҳаллӣ «Пат-пат»-аш меномиданд. Трактор, вақте ба кор медаромад, пат-пат садо мебаровард, бинобар ин ба ҳамин ном машҳур гашта буд. Толибҷон бо шӯхӣ мегӯяд, «Пат-пат» чандин сол ба ҷойи мошини ёрии таъҷилӣ хидмат кард.
Ҳоло як «Дамас», ки низ бо саъю талошҳои Толибҷон ба даст омадааст, барои мардуми 11 деҳаи минтақа хидмат мерасонад, онҳоро аз хиҷолат мераҳонад. 
Бошандагони Оқсу мегӯянд: – 25 сол боз дарвозаи ҳавлии Толибҷон ба рӯйи аҳли деҳа ҳамеша боз аст. Корафтодагон шаб ё рӯз, бидуни истиҳола ба шифокори худ муроҷиат мекунанд ва ин марди кушодачеҳраву хушмуомила ба доди онҳо расида, барои ҳалли мушкили пешомада кумак мерасонад. Шифокор дар як гӯшаи ҳавлияш хонаи алоҳидае сохтааст, ки беморонро он ҷо қабул ва муоина намуда, зарурат бошад, муолиҷа мекунад. Агар вазъи бемор ҷиддист, зуд ба бемористон мебарад. 
Зану шавҳар алҳол дар Бунгоҳи тиббии оилавии «Ҳавз» кор мекунанд. Раҳбари он мутахассиси ҷавон Салоҳиддин Тағоев аст. Ӯ мегӯяд: – Толибҷон аз беҳтарин фелдшерҳои мост, мардум ба ӯ ихлоси баланд доранд.
Шароити кӯҳистон аз духтурони маҳаллӣ тақозо мекунад, ки дар ҳамаи соҳаҳои тиб даст дошта бошанд, ё ҳадди ақал ба мардуми корафтода маслиҳати муфид дода тавонанд. 
Толибҷонро боз барои он дӯст медоранд, ки вай баъзан вазифаи байторро низ адо мекунад. Толибҷон Норов бо табассуми самимӣ мегӯяд: мардуми кӯҳистон бо он бовар ҳастанд, ки духтур бояд аз ӯҳдаи ҳамаи корҳо барояд...  
Оре, Толибҷон Норов ва завҷаи ӯ Майсара Менгниёзоваро мардуми деҳа дӯст ва шарики меҳрубони худ меҳисобанд, ба онҳо арҷ мегузоранд. Ин духтурони покният низ ҳамеша бо ғами мардум мезиянд. Алҳол онҳо чаҳор фарзандро ба воя расондаанд. Умедворанд, ки нури дидагонашон – Тӯлқин, Эмомалӣ, Раҷабалӣ ва Барчиной низ замоне маҳбуби ҳамагон хоҳанд шуд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик», вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: