Тибқи таҳқиқоте, ки дар маҷаллаи тиббии Lancet нашр шудааст, имрӯз аз ҳар ҳашт як нафари сайёра, яъне 1 миллиард нафар фарбеҳ аст.
Шумораи одамони фарбеҳ аз соли 1990 чор маротиба афзуда, ба 226 миллион дар соли 2022 ба 1038 миллион, расидааст. Аз ин шумор 504 миллион нафарашон занон (афзоиш 18,5 фоиз), 374 миллион нафарашон мардон (афзоиш 14 фоиз) мебошанд.
Мушкилот ба кӯдакону наврасон низ таъсир расонд. Нишондиҳанда дар ин бобат аз 31 миллиони соли 1990 ба 159 миллион дар соли 2022, яъне панҷ баробар афзуд. Вазни зиёдатӣ хатари бемориҳои дилу раг, саратон ва диабетро зиёд мекунад, хабар медиҳад techcult.ru.
Ба гуфтаи олимон, сабаби асосии эпидемияи фарбеҳӣ дар ҷаҳон нодуруст тановул кардани хӯрок аст. Дар робита ба ин, Созмони ҷаҳонии беҳдошт пешниҳод мекунад, ки барои нӯшокиҳои шакардор андоз ҷорӣ карда, фурӯши маҳсулоти ғизоии "носолим" маҳдуд карда шавад ва субсид барои ғизои солим афзоиш дода шавад.