МОҲОНАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ

Аз 20 ноябр то 20 декабри соли равон дар вилояти Фарғона «Моҳонаи мубориза бо коррупсия» эълон шудааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят хабар медиҳад.
Бино ба ин манбаъ дар рафти тадбирҳои профилактикӣ дар доираи иҷрои фармоиши ҳокими вилоят аз 17 ноябри соли 2023 «Дар бораи ташкили муборизаи самаранок бо коррупсия дар қаламрави вилоят»  дар ҳамаи шаҳру ноҳия ва маҳаллаҳо бо иштироки депутатҳои Шӯрои халқи вилоят, мудирони бахшҳо, кормандони ҳокимиятҳо, ёварони ҳокимҳо дар маҳаллаҳо, мудирони шуъбаҳои таълими томактабӣ ва мактабӣ, кадастр, сохтумон, муассисаҳои тиббӣ семинар-тренингҳо баргузор мекунанд.
Ин чорабиниҳои таблиғотӣ барои пешгирии коррупсия дар сохторҳои давлатӣ равона гардидаанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: