ТАРТИБИ НАВ ДАР ИҶОРАИ ЗАМИН: НИЗОМИ САВДОИ МУЗОЯДАИ ЭЛЕКТРОНИИ ОНЛАЙН МУҲИТИ РАҚОБАТРО БЕҲТАР МЕКУНАД

То имрӯз қитъаҳои замин ба кластерҳои агросаноатӣ бо пешниҳоди вазорати кишоварзӣ ва ҳокимияти вилоятҳо аз ҷониби Девони Вазирон бевосита ба иҷора дода мешуд.

Пӯшида набуд, ки чунин тартиб имкон намедод, ки муҳити рақобат байни дигар субъектҳои соҳибкорӣ ва кластерҳои агросаноатӣ таъмин карда шавад.
Ба ин амалиёт бо фармони Президент ҳад гузошта шуд. Минбаъд кластерҳои агросаноатӣ метавонанд қитъаҳои заминро ба воситаи савдои музоядаи электронӣ ё интихоби пешниҳоди беҳтарин барои татбиқ намудани лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ ба иҷора гиранд. 
Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 18 январи соли 2024 «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ оид ба такмил додани тартиби ба иҷора додани қитъаҳои замини таъиноти кишоварзӣ» имзо гардид. 
Ҳуҷҷати мазкур дар пайваста идома додани ислоҳот дар соҳаи муносибатҳои замин, ки дар кишварамон солҳои охир оғоз ёфтанд, аҳамияти муҳим дорад. 
Мо дар ибтидои суханамон ба як банди фармон мухтасар дахл намудем. Дар зер кӯшиш мекунем, ки дар бораи тартиби нави иҷораи заминҳои хоҷагии қишлоқ маълумот диҳем. 
– Фармони мазкури Президетро ҳамчун марҳилаи навбатии ислоҳоти замин дар кишвар дидан мумкин аст, – мегӯяд муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алишер Каримов. – Мувофиқи ҳуҷҷат аз 1 марти соли 2024 сар карда, механизми нави ба иҷора додани қитъаҳои замини таъиноти кишоварзӣ ҷорӣ карда мешавад. Минбаъд қитъаҳои замин ба воситаи савдои музоядаи электронии онлайнӣ ба муҳлати 30 сол ба иҷора дода мешаванд. Агар замин ба иҷорачӣ бо ҳамин усул дода шавад, ба тамоюли баланд бардоштани нарх амал карда мешавад. Дар ин маврид нархи ибтидоӣ ба миқдори арзиши меъёрии қитъаи замин муайян карда мешавад. 
Фараз мекунем, ки касе дар савдоҳои музоядаи онлайни электронӣ оиди ба иҷора додани қитъаҳои замин ғолиб шуд. Дар навбати худ ғолиб ӯҳдадор мешавад, ки арзиши қитъаи заминро дар давоми се сол ҳар моҳ бо қисмҳои баробар пардозад. Ин тартиб барои онҳое, ки дар феҳристи иҷтимоӣ ба қайд гирифта шудаанд, ба таври дигар ҷорӣ карда мешавад. 
Агар дар савдои музояда онҳое, ки ба «Дафтари оҳанин», «Дафтари бонувон» ва «Дафтари ҷавонон» дохил шудаанд, ғолиб оянд, тартиби қулайи пардохт истифода мешавад. Ба онҳо иҷозат дода мешавад, ки нархи қитъаи заминро дар ҳиссаи баробар тӯли панҷ сол бидуни фоиз ба қисмҳо тақсим карда пардозанд. Дар ин бобат иҷорагир метавонад аз қитъаи замин барои кишоварзӣ, боғдории инфиродӣ, полизкорӣ, чорвопарварӣ истифода барад. 
Бо фармон барои шахсоне, ки қитъаи заминро ба иҷора мегиранд, боз як қулаии муҳим фароҳам оварда шуд. Акнун онҳо метавонанд заминҳои таъиноти кишоварзиро, ки ба иҷора гирифта буданд, ба шахси дигар ба иҷора диҳанд. 
Дақиқтар ифода намоем, иҷорагир метавонад бе тағйир додани мақсади истифодаи қитъаи замин ҳуқуқу ӯҳдадориҳои зикршударо ба шахси дигар диҳад. 
Дар ин раванд ҷиҳатҳои сазовори эътибор ҳастанд, ки бояд таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Дар ин сурат иҷорагир бояд пеш аз додани иҷора аз замин камаш се сол истифода бурда бошад. Агар замин то соли 2021 бо қарори ҳоким гирифта шуда бошад, муҳлати истифодабарӣ бояд на камтар аз 5 сол бошад. Боз як ҷиҳати сазовори эътибор дар он аст, ки иҷорагир бояд ӯҳдадории дахлдори пардохтро пурра иҷро карда бошад.
– Дар тартиби кӯҳна низ иҷорагир метавонист қитъаи заминро ба гарав монад, – мегӯяд сармушовири раёсати вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Толмас Қуроқбоев. – Аммо дар сурати таъмин карда нашудани ӯҳдарории гарав гаравгиранда – аз ҷониби бонки тиҷоратӣ майдони замин ба рӯйхат гирифта мешуд. Дар ин ҳолат замин ба сифати актив «ях бандонда» мешуд. Фармони Президент имкон дод, ки замин ҳамчун активи озоди муносибатҳои ҳуқуқии шаҳрвандӣ дар асоси тамоюли бозор ҷорӣ карда мешавад. Ин чӣ маъно дорад? Дар сурати таъмин нагардидани ӯҳдадорӣ оид ба қисми гарав замин дубора ба иҷора дода шавад. Маблағи аз иҷорапулӣ бадастомада мувофиқи қонунгузорӣ дар бораи иҷрои ҳуҷҷатҳои суд ва дигар мақомот тасдиқ карда мешавад. 
Бо як сухан ифода намоем, ҳуҷҷати мазкур дар таъмин намудани низоми сода гардондани ба иҷора додани қитъаҳои замини таъиноти кишоварзӣ, шафоф намудани ҷарён аҳамияти муҳим дорад. Самараи ба муносибтаринҳо супурдани замин, ҳосилнокии баландро таъмин мекунад. Ин ба ободии кишвар ва серию пурии дасторхони мардум хидмат мекунад. 

Икром АВВАЛБОЕВ,
мухбири ӮзА.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: