САМТҲОИ БАРТАРИНОКИ ОМӮЗИШИ МАҲАЛЛА ВА ОИЛАҲО

Бо супориши Раисҷумҳури Ӯзбекистон бо мақсади беҳдошти муҳити маънавӣ ва маърифатӣ, бо мақсади омӯхтан ва ҳал кардани муаммоҳои аҳолӣ аз рӯи минтақаҳо гурӯҳҳои кории ҷумҳурӣ ташкил карда шуданд.

Чанде пеш дар Маркази ҷавонони Самарқанд ҷамъомади гурӯҳи корие баргузор гардид, ки ба вилояти мо вобаста карда шудааст.
Ба ҷамъомад раиси Иттиҳодияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон, роҳбари гурӯҳи корӣ Қаҳрамон Қуронбоев сарварӣ кард. Дар он аввал масъалаи ташкилӣ баррасӣ гардид.
Шералӣ Юлдошев ба вазифаи сардори садорати вилоятии Иттиҳодияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон таъин шуд.
Сипас, масъалаҳои асосӣ роҷеъ ба вазифаҳои асосии гурӯҳи корӣ, самтҳои бартариноки омӯзиши маҳалла ва оилаҳоро муҳокима карданд. Дар вилоят 4-то штаби минтақавӣ ташкил карда, ба онҳо роҳбарони идора ва ташкилотҳои масъулро вобаста намуданд.
– Ба ҳар як маҳалла рафта, фаъолияти сарварони онро дар даври гузашта ва шароити аҳолиро меомӯзем, – гуфт Қ. Қуронбоев. – Муаммои онҳоеро, ки мӯҳтоҷи ҳимояи иҷтимоӣ мебошанд, танҳо бо ёрии моддӣ ҳал карда намешавад. Баръакс, аз он мумкин дар онҳо кайфияти боқимондагӣ пайдо шавад. Бинобар ин, ба ки ва чи хел ёрмандӣ лозим буданашро саҳеҳ дониста, бар ҳамин асос «Харитаи роҳ»-и боманзили вилоятро таҳия бояд кард.
Дар ҷамъомад масъалаҳои касбомӯзии ҷавонон, ташкили пурмазмун гузарондани вақти холии онҳо низ муҳокима гардиданд. Аз ҷумла, дар вилоят роҳандозии додани диплом ба хатмкунандагони мактаб роҷеъ ба касб ва забони хориҷие, ки дар давоми таҳсил омӯхтаанд ва дар ҳамин самт ташаккул додани таҷрибаи Самарқанд пешниҳод карда шуд.
– Азбаски солҳо дар сохтори маҳалла кор кардаам, аҳамияти ислоҳотеро, ки дар он амалӣ мешаванд, хуб дарк мекунам, – гуфт ҳокими шаҳри Каттақӯрғон Гавҳар Алимова. – Дар маҳалла ташкил шудани фаъолияти сарвари ҷавонон, фаъолияти занону духтарон ҷараёни дер боз мунтазир шуда буд. Акнун ин сохтор ба «ҳафтгона», ба ҷамоаи пурқувват табдил ёфт. Вазифаи мо дастгирии онҳо ва ҳал кардани мушкилоти мавзеъҳо дар ҳамкорӣ аст.
Гурӯҳи корӣ дар маҳаллаҳо ташкили корҳоро дар самтҳои фаъолияти «ҳафтгонаи маҳалла», таълими шуғли аҳолӣ ва аз ҳама беш ҷавонон, ривоҷдиҳии тадбиркорӣ, дар байни аҳолӣ гузарондани тадбирҳои маънавӣ-маърифатӣ ва варзишӣ, роҳандозӣ кардани тамоюли «Маҳаллаи бехавф»-ро ба таври таҳлилӣ омӯхта, барои бартараф кардани муаммоҳо додани ёрии ташкилӣ-услубиро муайян кард.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: