ҶАШНВОРАИ МАЪНАВИЯТ БАРГУЗОР ГАРДИД

Ба муносибати 32-юмин солгарди истиқлоли ватани маҳбуб дар гӯшаву канори кишвар таҳти шиори «Ба хотири ҳаёти нав, ба хотири Ӯзбекистони Нав» тадбирҳои маънавӣ-маърифӣ, вохӯриҳои эҷодӣ, фестивал ва озмуну мусобиқаҳо гузаронида мешаванд.

Бахусус, фестивали маънавият, ки дар вилояти Самарқанд идома дорад, ба ҳамагон кайфияти идона мебахшад. Дар маҳаллаҳо, ташкилотҳои ҷамоатӣ бо иштироки тарғиботчиёни иборат аз як гурӯҳ олимони шинохта, намояндагони адабиёт ва санъат мулоқотҳо, чорабиниҳо маънавӣ-маърифӣ гузаронида мешаванд.
Дар вохӯрӣ бо эҷодкорони маҳбубу маъруф, ки дар мактаби касбу ҳунари рақами дувуми ноҳияи Нарпай баргузор гардид, намояндагони ҷамъиятӣ, ҷавонони ноҳия иштирок карданд. Аъзои гурӯҳи тарғиботӣ – узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Рауфов, Артисти шоистаи Ӯзбекистон Меҳмоналӣ Салимов, доктори фанҳои фалсафа Мунира Қаҳҳорова дар бораи мазмуну моҳияти ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, маънавӣ-маърифӣ, ки тӯли солҳои охир амалӣ мегарданд, ҳарф заданд. 
Чунин тадбирҳои маърифатӣ дар шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят низ баргузор мегарданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: