Нашрияи бонуфузи тиҷоратии Словакия «Hospodarske noviny» («Навигариҳои иқтисодӣ») мақолае бо номи «Мусоҳиба аз Ӯзбекистон: илҳом барои Братислава?
Тошканд аз сифр ба пешвои нақлиёти экологӣ табдил ёфт» чоп кард, – хабар медиҳад хабарнигори АИ «Дунё».
Муаллифи мақола сармуҳаррири шӯъбаи ахбор ва маводи таҳлилии рӯзнома Павел Новотний мебошад, ки қаблан барои инъикоси ҷараёни интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар кишвари мо ба Ӯзбекистон сафар карда буд.
Павел Новотний қайд мекунад, ки онҳое, ки ба Тошканд чор сол қабл ва имрӯз омадаанд, дар ҳаракати нақлиёт бешубҳа дигаргуниҳои калонро мушоҳида мекунанд. «Маршруткаҳои машҳури советӣ аз кӯчаҳо нопадид шуданд, ҷойи онҳоро автобусҳои ҳозиразамони экологӣ гирифтанд», — таъкид мекунад муаллиф.
Дар идомаи мақола матни мусоҳиба бо раиси раёсати ҶС «Тошшаҳартрансхизмат» Анвар Ҷӯраев оварда шудааст.
Анвар Ҷӯраев дар мусоҳиба дар бораи Консепсияи рушди нақлиёти шаҳрӣ ва инфрасохтори роҳу нақлиётии шаҳри Тошканд, ташкили хатсайрҳои автобусҳо ва сиёсати тарифӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи иттилоотӣ барои рақамикунонии системаи нақлиёт, инчунин «сабз» кардани васоити ҳаракати ҶС «Тошшаҳартрансхизмат» тавассути харидани автобусҳои нав ва автобусҳои электрикӣ нақл менамояд.
«Hospodarske noviny» рӯзномаи ҳаррӯзаи словакӣ аст, ки соли 1993 таъсис ёфтааст. Он узви Федератсияи матбуоти тиҷоратии Аврупо мебошад. Аз замони таъсисёбӣ он яке аз нашрияҳои бонуфуз дар Словакия маҳсуб мешуд. Теъдоди шумораи ҳаррӯза 20 ҳазор нусха мебошад. Ба сомонаи нашрияи «hnonline.sk» дар як моҳ беш аз 2 миллион муштарӣ ворид мешавад ва 35 миллион аз он дидан мекунанд.
АИ «Дунё».