КИ ДАР ПИРӢ БИДОНӢ ҚАДРИ ПИРӢ...

Беш аз 50 сол аст, ки кормандони Хона-интернати «Саховат»-и пиронсолон ва ногироёни Самарқанд ҳамчун наҷотбахши мӯҳтоҷон ва парастори пиронсолон хизмати шоиста мекунанд.

Вақте мо ба назди дарвозаи хона-интернати мазкур омадем, ду мошини боркаш, ки дару тирезаҳои нави замонавӣ оварда буд, дуртар аз мо қарор гирифт. Посбон ба директор занг заду аз мо ва бинокорон хабар дод. Дере нагузашта директори хона-интернат – зани болоқад, кушодачеҳра Сурайё Ҷаводова, ки дар тан хилъати сафед дошт, ҳозир шуд ва масолеҳи сохтмонро қабул кард. Сипас, сабаби ташрифи моро фаҳмида, бо табассуми малеҳ гуфт: – Чанде пеш бинои наву зебои сеошёнаи дорои 50 кати хобро сохта, ба истифода супоридем. Акнун навбат ба таъмири хушсифати бинои кӯҳна расид, ки соли 1969 қад афрохта буд.


Ваъда додӣ, вафо кун...

Се сол қабл Ҷаводова дар Садорати ҳифзи тандурустӣ кор мекард. Нобаҳангом ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов Сурайёро назди худ хонд ва гуфт, ки пас аз шикоятҳо бо фаъолияти хона-интернати «Саховат»-и пиронсолон ва ногироёни Самарқанд шинос шудааст. “Дар ҳақиқат, шароити зисти онҳо беҳбудиро металабад. Мо машварат ороста, ба вазифаи сарвари хона-интернат номзадии шуморо муносиб донистем, – гуфт ҳоким. – Дасти одамизод гул аст. “Кори як зан, беҳ аз сад марди лофзан”, гуфтаанд. Боварӣ дорам, ки шумо барои ин мардуми мӯҳтоҷи меҳру шафқат шароити хуб фароҳам намуда, дуои онҳоро мегиред. Дар ҳалли муаммоҳое, ки пеш меоянд, мо албатта ёрӣ мерасонем”.
Сурайё Ҷаводова корро аз таҳияи лоиҳаи бунёди бинои замонавӣ барои пиронсолон сар карда, бастаи ҳуҷҷатҳо дар даст назди ҳоким омаду мақсад ва нақшаҳои худро гуфт. Ҳоким дар ин масъала ташаббуси сарвари хона-интернатро дастгирӣ кард ва хушбахтона баъди як сол тантанаҳои бӯрёкӯбӣ баргузор гардид, ки дар он ҳокими вилоят низ иштирок карда, ташаббуси хайри Сурайё Ҷаводоваро эътироф намуд.

Бирав дилеро дарёб!

Ҳоло дар хона-интернати «Саховат» 150 нафар пиронсолону ногироҳо дар шароити хуб бо шукргузорӣ ба сар мебаранд. Дар хонаҳои хушҳаво барои зисту зиндагонии онҳо шароити зарурӣ фароҳам буда, табибону ҳамшираҳои шафқат ва хизматчиёни беминнат ҳамеша аз ҳолу аҳволи онҳо хабардоранд.
– Шароити зисти мо аз шароити меҳмонхонаҳои Самарқанд кам нест, – гуфт пирамарди корейстабор Канбобо. – Фазои тинҷу осуда пойдор аст. Шифокорон доим аз ҳоли мо хабар мегиранд. Ҳар ҳафта як маротиба рахти хоб иваз шуда, фаррошон хонаҳоро тозаву озода нигоҳ медоранд. 
– Шароит маҷбур кард ва бо амри тақдир ба ин ҷо омадем, – ашк дар чашм гуфт пирамарди дигаре, ки номи худро гуфтан нахост. – Бовар кунед, парасторону кормандони ин ҷо аз баъзе фарзандони худписанду бепарво беҳтару хубтаранд. Мехоҳам барои ин ҳама шароити хуб ба маъмурият миннатдорӣ изҳор кунам. 
Воқеан, дар хона-интернат барои ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шудани бошандагон толори саломатӣ амал мекунад, ки бо асбобу ускунаҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла, тенниси рӯйимизӣ, шоҳмоту шашка, тӯб ва ғайра таҷҳизонида шудааст. 
Китобхонаи хона-интернат низ ҷойи дӯстдоштаи пиронсолон мебошад, ки дар ҷевонҳо китобҳо ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ, ва ғайра гузошта шудаанд. 
– Дар китобхона ғайр аз асарҳои шавқовар, бастаи рӯзномаҳои «Овози Самарқанд», «Янги Ӯзбекистон», «Халқ сӯзи»,  «Зарафшон», «Самаркандский вестник» ва маҷаллаҳои гуногун ҳаст, – гуфт мудири китобхона Зулфияхонум. – Ҳатто барои шахсони чашмашон оҷиз бо алифбои «Брайл» китобҳо дорем. Гоҳ-гоҳ шоиру нависандагон омада, вохӯрӣ мегузаронанд.
Як гӯшаи китобхонаро ҳайкалу лӯхтакчаҳо, матоъи гулдӯзӣ, бозичаҳои бачагон зеб медоданд, ки бо дасти пурэъҷози пиронсолону ногироҳои ҳунарманд офарида шудаанд.

Аз нек – боғ

– Дар ин ҷо пиронсолони табиатдӯст бисёранд, – гуфт роҳбалади мо Сурайё Носируллоевна ва моро ҷониби боғи сарсабз бурда, илова кард:
– Ин себзору гулгашт бо дастони табарруки мӯйсафедони нуронӣ бунёд шудааст. Дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» 450 бех ниҳоли меванок ва манзаравӣ, инчунин 370 бех гулбуттаи бисёрсола шинондем. Хона-интернат қариб се гектар замин дорад ва деҳқонону боғбонони соҳибтаҷриба барои ободу гулпӯш будани боғҳо масъуланд. Бузургон гуфтаанд, ки аз нек – боғ. Ҳосили дарахтон низ пеш аз ҳама ба пирону ногироҳо пешкаш карда мешавад.

Сифати неки инсонӣ

– Хона-интернат беҳуда «Саховат» номгузорӣ нашудааст, – бо табассум гуфт директор Сурайё Носируллоевна. – Мардуми ҳимматбаланди Самарқанд ба мақоли «инсон – бандаи эҳсон» амал карда, дар арафаи иди байналмилалии Наврӯз, ҷашни Соли нав, Рӯзи байналмилалии ногироҳо ва дигар санаҳои муҳим аз ҳоли пиронсолон хабар гирифта, барои онҳо дастархони идона меороянд. Хӯроквориҳо меоранд. Ғайр аз ин, дар иду ҷашнвораҳо санъаткорон омада, бо суруду навои дилошӯб табъи ҳозиринро болида месозанд. 
Мо дар ин ҷо бо пиразани куҳансолтарини маскан Олга Николаевна Матвеева шинос шудем, ки синнаш ба сад дакка мехӯрад. Бо вуҷуди солхӯрдагӣ, хушҳолу болидарӯҳ аст. 
Дар хона-интернат писронсолоне низ буданд, ки дар ин маскан оила барпо кардаанд. Тӯроббобои 77-сола ва Тансахолаи 80-сола аз ин ҷумлаанд, ки дар хона-интернат бахту тахт ёфтаанд ва меҳрубони ҳамдигаранд. Масъулон гуфтанд, ки ба муносибати никоҳи «дилдодагон» базми хоса ташкил кардаанд ва имрӯзҳо онҳо доим боҳаманд. Ҳамроҳ ба ошхона мераванд, рӯйи ҳавлӣ сайру гашт мекунанд. 
– Ғамхорӣ ва нигоҳубини пиронсолон доим зери эътибори ҳукумат қарор дорад, – гуфт Сурайё Ҷаводова. – Ба масъалаи таъминоти моддии онҳо низ эътибор дода мешавад. Гурӯҳе аз онҳо дар бонкҳо суратҳисоби худро доранд ва маблағашонро пасандоз мекунанд. Аксар пиронсолон маблағи дасташонро барои ширинӣ ё сару либоси дилнишини хеш сарф мекунанд.
Ҳоло дар «Саховат» аз вилоятҳои Ҷиззах, Қашқадарё, Бухоро, Хоразм ва ҳатто Тошканд пиронсолону ногироён истиқомат мекунанд. Ҳар гоҳ бо онҳо суҳбат кунам, дарди дилашонро шунавам, мисраъҳои шоир ба ёдам мерасад:
Ба пирони забун кун дастгирӣ, 
Ки дар пирӣ бидонӣ қадри пирӣ.

Собири БУРҲОН,
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: