САРНАВИШТИ ТАЛХ

(Ҳикоя)

Бобоям умри дароз дид. Беозор дар ҷойгаҳи  хобаш мурд. Дар  асл ӯ  осон  ҷон  додан  намехост.
Вақте ки  ҷанг сар  шуд,  ӯ аз  аввалинҳо шуда ба фронт рафт. Лек ӯро  ба  Қазоқистон   ба  хонаи  ятимон  ҳамчун  муаллими  география  фиристоданд. Баъд  ӯ  ба  Куба  барои  мубориза  бар  зидди  империалистони дунё миён  баст. Гарчӣ сабаби  ҷанги  Афғонистонро  намедонист, ба  он  ҷо  ҳам  рафтанӣ   шуд. Зидди ҷинояткорон  мубориза  бурдан хосту ба  милитсия ба кор даромад, аммо ӯро қабул накарданд. Хулоса, бобоям  якумр мубориза бурд.
Ба ҷуз ин, ки бадонро сарзаниш  мекард, дасти  ӯ  ҳамагӣ  як  бор хунолуд шудааст.  Як  рӯз ӯ бо бел мурғи ҳамсояро зада кушту аз он шӯрбо пухта, зимни хӯрдани он худ ба худ такрор мекард: «Ҳоло зиндагиро ба роҳ мемонам!»  
Дар асл ӯ  қаҳрамон набуд. Лекин  рӯзе дар ҳақиқат ҷасорат нишон дод.
Ба хешу ақрабо маро бо номи  писарона ҷеғ заданашонро манъ кард. Медонед, ин хислати  бобоямро то ҳол мардӣ меҳисобам. Оё тасаввур мекунед, ки ман то ҳамин вақт бо номи писарона чӣ хел мегаштам?! Баъди хешутабор  номи аслиям «Аномалия»-ро ба забон гирифта ҷеғ задан, дилам ба ҷояш афтид, мисли дигарон худро одам ҳис мекардагӣ  шудам.
Вақти кӯдакиям маро падару модарам: “Ту  зеботарин духтари рӯйи заминӣ» мегуфтанд. Вақте ки  ақлам ба ин ё он чиз мерасидагӣ шуд, фаҳмидам ки дар асл ин хел нест. Қадду қоматам, мӯйҳоям, афту андомам писарона буд. Гарчи  гӯшвораи  модарам  ҳама вақт бо ман буд, ҳамсолонам маро мазоҳ мекарданд.
Вақт  тез  мегузашт. Дугонаҳоям паси ҳам ба шавҳар мебаромаданду баъзеашон  ҳатто  ду-се  фарзанддор  ҳам  шуданд. Аммо  ман  бошам,  то кунун бо  афту андоми  худ  оворааму бо оина мубориза мебарам. Шавҳар  ҳам  накардам, ҳатто  аз хонаи ятимон ягон фарзанд нагирифтам. 
Фикр накунед, ки одами бетаъин ҳастам. Ду донишкадаро тамом кардам. Дар мавзӯи ба соҳаам  дахл надошта кори дипломӣ навишта бошам ҳам, падару модарам қобилияти маро  эътироф наменамуданд.
Беист меҳнат  карда бар ивазаш хеле пулдор ҳам шудам. Мероси модарам — гӯшвораву даспонаву марҷону зарвориҳои  бисёр  дар  қуттии  нақшдор  меистод. Ҳамаи ин лашу лушҳо дигар диламро ҳатто  гарм ҳам намекунанд.
Ҳозир бошад, барои зинда буданам боварӣ ҳосил кардан, ба оина менигараму фикр мекунам, ки агар Худо ба ман каме ҳусн медод, шояд сарнавиштам  тағйир  меёфт.
Бобоямро тез-тез ёд мекунам. Зеро ману ӯро ду чиз  бо ҳам  мепайвандад,  яке   сарнавишти  талх,  дигаре  зиндагии  ба  эътидол    наафтода.

Ашот  ГАЗЕЗЯН
(адиби  арман)

Аз ӯзбекӣ  тарҷумаи  
Раҳимшоҳ ШАРИФЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: