ДАР ОШЁНАҲОИ ҒАЙРИИСТИҚОМАТИИ БИНОҲОИ СЕРҲУҶРА ОЁ БА ТАШКИЛИ БОҒЧАҲОИ БАЧАГОНА ИҶОЗАТ ДОДА МЕШАВАД?

Илму фан, таълим ва тарбия пояи асосии рушд ва нерӯест, ки кишварро тавоно ва миллатро бузург мегардонад.

Аз ин рӯ, кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон низ аз рушди устувори иқтисодиёт дида, рушди таълимро ба сифати вазифаи аввалиндараҷа мақсади худ қарор додаанд.
Дар ин раванд нақши низоми таҳсилоти муттасил муҳим дониста мешавад. Хусусан, дар кишварамон ба рушди низоми таълими томактабӣ, ки аввалин ва муҳимтарин қисми он маҳсуб меёбад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Бинобар ин, ислоҳоте, ки дар рушди соҳаи таълими томактабӣ амалӣ гардид, самара мебахшад. Дар соли 2017 мизони фарогирии кӯдакон бо таълими томактабӣ ҳамагӣ 27 фоиз буда, дар охири соли гузашта ин нишондод аз 70 фоиз гузашт.
Чуноне таъкид  шуд, то он даме, ки таълиму тарбия масъалаи асосии рушди кишвар боқӣ мемонад, пешрафти он низ муҳим дониста мешавад. Аз ин рӯ, ислоҳоти дар соҳаи таълими томактабӣ оғозшуда дар кишварамон пайваста идома дорад. Аз ҷумла, дар лоиҳаи Барномаи давлатии соли 2023 «Соли эътибор ба инсон ва таълими босифат», ки дар асоси пешниҳодҳои дар муҳокимаи васеъ бо ҷомеа ва халқамон баёнгардида, инчунин вазифаҳои устуворе, ки дар Муроҷиатномаи Сарвари давлатамон ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон зикр ёфтаанд, таҳия шудаанд, як қатор вазифаҳо муайян карда мешаванд. 
Хусусан, бо мақсади рафъи камии бинову иншоот дар таъсиси муассисаҳои таълими томактабӣ аз 1-уми апрели соли 2023 пешбинӣ шудааст, ки ба фаъолияти муассисаҳои таълими томактабии нави давлатӣ дар ошёнаҳои ғайриистиқоматии биноҳои серҳуҷра ё бо роҳи хариди хонаҳои инфиродӣ сохташуда ва баъдан азнавсозӣ, таъмир ва таҷҳизонидани онҳо иҷозат дода шавад.
Инчунин, дар назар аст, ки маҳдудиятҳои ба гарав гузоштани бино аз рӯйи қарзҳои бонкӣ барои ин лоиҳа ба шарики хусусие, ки бинои муассисаи таълими томактабии ғайридавлатиро дар қитъаи замини дар доираи лоиҳаи шарикии давлатӣ-хусусӣ ба иҷора гирифташуда сохтааст, бекор карда мешавад. 
Пешниҳоди чунин имтиёзҳо на танҳо ба афзоиши фарогирии таълими томактабӣ, балки барои шаҳрвандоне, ки мехоҳанд дар ин замина соҳибкориро оғоз кунанд ва маблағҳои худро на ба сохтмону таъмир, балки барои фароҳам овардани шароит ба таълими босифати кӯдакон харҷ намоянд, хидмат мекунад. 
Дар лоиҳаи Барномаи давлатӣ ба инкишофи таълими мактаб, ки марҳилаи миёнаи таълим ба ҳисоб меравад, диққати махсус дода шудааст. Аз ҷумла, аз соли хониши 2023-2024 дар ҳамаи вилоятҳои ҷумҳурӣ ва шаҳри Тошканд бо хӯроки бепул таъмин намудани хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба роҳ монда мешавад. Ба ин мақсад аз буҷа 2,7 трлн. сӯм ҷудо карда мешавад. Аз 1-уми  сентябри соли 2023 дар яктогӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҳар як ноҳия (шаҳар) амалиёти ба хонандагон омӯзонидани ду забони хориҷӣ ва як касб марҳила ба марҳила ҷорӣ карда мешавад. Дар натиҷа забони фаронсавӣ дар 76 мактаб, немисӣ дар 76, англисӣ дар 37, куриёӣ дар 10, чинӣ дар 6 ва ҷопонӣ дар 3 мактаб ҳамчун забони дуюми хориҷӣ таълим дода мешавад. Инчунин, аз синфи 10-ум ба хонандагон 64 касби корӣ, соҳибкорӣ дар 21 соҳа, 10 нафар аз рӯйи ихтисоси IT ва «индустрияи эҷодӣ» таълим мегиранд. Ба ин раванд пешвоёни ҷавонон ва соҳибкорони маъруфи минтақа ҷалб карда мешаванд. Ин ба ҷавонон имкон медиҳад, ки дар асоси шавқу рағбаташон таҳсили хуб гиранд. 
Ҳамзамон, бо мақсади рушди низоми таълими касбӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, ки ба талаботи бозори меҳнат ва корфармоён ҷавобгӯ мебошанд, аз соли таҳсили 2023-2024 грантҳои давлатӣ барои техникуму коллеҷҳо дар шакли таълими дугона ҷудо карда мешаванд. Дар натиҷа, имсол камаш 5,7 ҳазор донишҷӯ бар асоси гранти давлатӣ дар шакли таҳсили дугона қабул мешаванд. Дар шакли таълими дугона донишҷӯ дар муассисаи таълими касбӣ дониши назариявӣ гирифта, дар баробари ин бо иҷрои фаъолияти меҳнатӣ дар корхонаи истеҳсолӣ маҳорати амалии худро мустаҳкам менамояд.
Дар лоиҳаи Барномаи давлатӣ ба беҳтар намудани таъминоти моддии педагогҳо низ диққати махсус дода шудааст. Маоши моҳонаи 27 ҳазор нафар омӯзгорони муассисаҳои таълими касбӣ 20 фоиз зиёд шуда, ба ҳисоби миёна ба 3 млн. сӯм баробар мешавад. Ба ин мақсад соли ҷорӣ аз буҷа 139 млрд. сӯм ҷудо карда мешавад. 
Умуман, татбиқи ҳадафу вазифаҳои афзалиятноки лоиҳаи Барномаи давлатӣ ба таъмини дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи саломатии онҳо, ташаккули низоми таълими босифат, боз ҳам беҳтар намудани нишондиҳандаҳои рушди устувори иқтисодӣ хидмат мекунад.

Музаффара АБДИЕВА,
депутати Палатаи қонунгузории
Олий Маҷлис. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: