БАҲРИ ИМТИҲОНАМ ЗОДААНД

Ҳар гоҳ, ки ин байтҳоро аз «Ифтихор» ном шеъри Лоиқи нотакрор мехонам, симои Баҳриддин Бозоров пеши назарам ҷилвагар мегардад.

 Оре, Баҳриддин зодаи Сойхурд ном деҳаи кӯчаку кӯҳии ноҳияи Нуратост. Овони тифливу кӯдакӣ ва мактабхониаш дар ҳамин деҳа гузаштааст.
Низому Ҷаҳонгул соли 1979 оила бунёд карданд. Вале зиндагии оилавӣ роҳи равон надорад. Онҳо дер фарзанддор шуданд. Беҳуда «поёни шаби сияҳ сафед аст», нагуфтаанд. Худои меҳрубон пас  аз ҳафт сол фарзанд – писар дод. Баҳриддин ном ниҳоданд. 
Падари Баҳриддин Низом Бозоров омӯзгори фанни математикаи мактаби рақами 43-юми ноҳияи номбурда буд, модараш низ то нафақа дар мактаби рақами 30 фаъолият дошт. Муаллим Бозоров аз мактаби рақами 30-юм ба нафақа баромад. 
Овони томактабии Баҳриддин чун дигар бачаҳои деҳа бо хокбозию асптозӣ гузаштааст. Аз чӯб хару асп сохта бо ҳам бозӣ мекарданд. Ҳаво, ки гарм шуд, машғулоти асосӣ оббозӣ буд. Он солҳо аз даҳ силсилачашмаи деҳа оби зулол равон буд. Оби чашмаҳои Сариоб то чашмаи Боғҳоипон ба ҳам мерасид. Он солҳо муаммои об вуҷуд надошт. 
Низоммуаллим пайваста бо китобу дафтар сарукор дошт. Ин ҳама ба Баҳриддин бетаъсир набуд.
Чун ба синни мактабӣ расид, кӯдакистонро надида дар партаи мактабӣ нишаст. Мегӯянд, ки офтоб аз баромадаш аён аст. Дар ӯ, аллакай дар хона меҳр ба дафтару китоб пайдо шуда, ташаккул ёфта буд. Он айём мактабҳо мисли имрӯз муҷаҳҳаз набуданд. Аҳолии деҳоти дурдасти кӯҳистон он замон ҷуз радиову телевизион, ки он ҳам на ҳамеша намоиш медод, дар бораи ахбори технологӣ тасаввуроте надоштанд. Падар медид, ки Баҳриддин ба омӯзиши илми дақиқ бештар майлу хоҳиш дорад. Аз ин рӯ барои писари ягона ҳамаи имконотро муҳайё менамуд. Китобҳои иловагӣ ёфта медод. Баҳриддин нисбати дигар ҳамсинфон фаъолтар буд. Мактабро бо дониши аъло хатм намуда, ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи ахбор ва  технологияи Тошканд супорид. Орзуяш рӯйи об баромад. Донишҷӯ  гардид. 
Чор сол асосҳои ахбор ва технологияи муосирро аз устодон хуб омӯхт. Дар донишгоҳ низ фаъол буд. Дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ иштирок мекард. Ин буд, ки зуд байни ҳамсабақон мавқеъ пайдо кард. Се соли охири таҳсили бакалаврӣ чун сарвари гурӯҳ фаъолият намуд. 
– Маслиҳатҳои падарам, – мегӯяд Баҳриддин, – ҳамеша раҳнамои ман буданд. «Беэътиборӣ миёни корро мешиканад, носомонии кор инсонро дар байни мардум беэътибору беҳурмат мекунад», – мегуфтанд падар. 
Ҷавони меҳрубону хушгуфтор аст Баҳриддин. Бо ҳамсуҳбатҳо зуд забон меёбад, дар дили онҳо ҷой мегирад. Дар муомила бисёр самимӣ аст. Воқеан, Баҳриддин се забон: тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русиро хуб медонад. Ба забони англисӣ муошират карда метавонад ва имрӯз пайи мукаммал омӯхтани забони англисӣ машғул аст.
Вай ба дониши аз бакалавриат омӯхтааш қаноат накард. Бинобар ин соли 2011 бахши магистратураи донишгоҳи мазкурро хатм намуд.
Баҳриддин фаъолияти меҳнатиро дар  идораи кони  «Шимолӣ»  ҳамчун оператори хизмати танзимгарӣ оғоз намуд. Баъдан ӯро ба гурӯҳи дастургар-техникии идораи автоматикунонидашудаи кони кушоди истеҳсолии «Шарқӣ » роҳбари гурӯҳ таъин карданд. Ҳамчун роҳбари гурӯҳ хуб фаъолият дошт. Ин буд, ки қаҳрамони моро роҳбари Маркази технологии  ахбор-коммуникатсияи идораи кони «Шарқӣ» таъйин намуданд. Дар ин вазифа низ Баҳриддин корро хуб ба роҳ монд. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолӣ афзуд. Ба корхона манфиати зиёд расид. Чанде нагузашта ӯро ба вазифаи масъулиятнок гузарониданд. Сармуҳандис-ҷонишини раиси раёсати технологияи ахбору коммуникатсионии ҶМ  ККМН таъйин намуданд. Б. Бозоров дар ин вазифа низ зиёд кор накард. Дастовардҳои  мутахассиси ҷавон ба гӯши директори генералии комбинати кӯҳӣ-металлургӣ расид. 
Баҳриддин Бозоровро ба идораи марказии комбинат даъват намуданд. Мутахассиси ҷавон аз соли 2023 ин ҷониб ҳамчун ҷонишини раиси Иттиҳодияи технологияи ахбору коммуникатсионии ҷамъияти саҳҳомии Комбинати кӯҳӣ-металлургии Навоӣ фаъолият дорад.
Ӯ ҷавонест донишманд, бо равиши тараққиёти ҷамъият ҳамнафас. Пешаи худро хуб медонад, ба ҳамкорон забон меёбад. Бешубҳа, Баҳриддин ва чун ӯ ҷавонони ҳамнафаси замонро барои пешбурди рушду нумӯи кишвар зоидаанд. 
Фаъолияти Баҳриддин Бозоров бисёр ҷавононро бояд сабақ бошад. Чун дониш дориву пешаи худро дӯст дошта, бо эҳтиром муносибат дорӣ, ту корро не, кор дар пайи ҷустуҷӯйи ту мешавад.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: