КИТОБ БАРОИ РУШДИ ТАФАККУРИ ИНСОН ВОСИТАИ МУҲИМ АСТ

Мутаассифона солҳои охир сару садоҳо дар бораи коста гардидани шавқу завқи наврасону ҷавонон нисбат ба китобхонӣ тез-тез ба гӯш мерасанд.

 Ба туфайли доман густурдани технологияҳои иттилоотӣ, ба вуҷуд омадани роҳу воситаҳои мухталифи вақтхушӣ дар роҳи ба китобу китобхонӣ ҷалб намудани фарзандонашон ба волидон мушкилиҳои беш аз пеш ба миён овард, ки айни ҳол барои рафъи он мушкилӣ мекашанд.
«Барои майлу рағбати ҷавононро нисбат ба китобхонӣ афзун намудан, ба ташаккул додани  ҳисси китобхонии аҳолӣ эътибори алоҳида медиҳем» – гуфтааст Президент. Ба ғайр аз ин Сарвари давлат дар суханрониҳои хеш  таъкид намудааст, ки : «Намунаҳои беҳтарини адабиёти миллӣ ва ҷаҳонро дар саҳифаҳои интернет ҷойгир намуда, ба оммаи васеи хонандагон ҳавола мекунем».
Мегӯянд, ки китоб дӯсти одил, муаллими беминнат, хазинаи бебаҳост. Дар дунё кашфиёти беҳтарин низ китоб аст. Агар китоб намебуд, кадоме аз кашфиётҳои бузургро ихтироъ мекарданд? Ҳар фарде, ки ба китоб ҳамнафас аст, дар зиндагӣ ҳар гуна имтиҳону мушкилиро пиёда месозад. Он баробари ба қалби мо таскин бахшидан, боз инчунин рӯҳи моро низ тарбия мекунад. Ҷаҳони маънавии одами китобхон холигие надорад, барои ҳамчун шахс ташаккул ёфтани ӯ китоб  кӯмак мерасонад. Шахси китобхон ба таври мустақил фикр меронад, ҳамеша дар ҳаёт мавқеи муайяни худро дорад.
Хушбахтона, тайи солҳои охир ба туфайли дар сатҳи ҳукумат эътибор нигаронидан ба китобу китобхонӣ як андоза майлу ҳаваси ҷавонон ба китобу китобхонӣ торафт меафзояд. Хосса бо ибтикори Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ҳар сол гузаронидани озмуни  китобхонӣ ва ба беҳтарини онҳо тақдим намудани тӯҳфаи Президент – мошини «Spark» боиси  дубора рӯй овардани одамон, аз ҷумла ҷавонон ба китоб гардид. Дар ин ҷода гузаронида шудани маҳфилу озмунҳои «Китобхони беҳтарин», «Беҳтарин китобхони ҷавон», «Беҳтарин оилаи китобхон» аз пайи худ бисёр ҷавонон, ҳатто одамони синну соли гуногунро мебарад, ки хеле хушоянд аст.
Мутаассифона, бархе дуруст дарк наменамоянд, ки барои чӣ китоб мехонанд. Яъне онҳо то ҳол маданияти мутолиаро намедонанд. Барои эшон китобхонӣ танҳо василаи  вақтгузаронисту халос. Онҳо сараро аз носара ҷудо намекунанд. Гӯё бо ин амали худ онҳо доно шуданиянд. 
Аслан ҳар кас бояд китобҳоеро мутолиа намояд, ки ба ӯ ғизои рӯҳӣ бахшад, ҷаҳонбиниашро васеъ гардонад, ба ҷаҳони бойи маънавияту фарҳанг варо ворид созад.

Маҳбуба АЯСОВА, 
ходимаи Маркази ахбору китобхонаи 
ноҳияи Фориши
вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: