ФАРҒОНА – ДАР ҲАР КОР НАМУНА

Фарғона ба сифати вилоят соли 1938 таъсис ёфта буд.

Фарғона ба сифати вилоят соли 1938 таъсис ёфта буд. Дар қисми шарқии ҷумҳурӣ ва ҷанубии водӣ доман густурдааст. Аз шимол бо вилоятҳои Андиҷону Намангон, аз ғарб бо Тоҷикистон, аз ҷануб ва шарқ бо Қирғизистон ҳамҳудуд мебошад. Майдонаш 6,8 ҳазор километри квадратӣ, аҳолиаш наздик 3 миллиону 850 ҳазор нафар. Дар таркибаш 15 ноҳия, айни замон 9 шаҳр ва 10 шаҳрча мавҷуд. Фарғона, Қӯқанд, Марғилон ва Қувасой аз калонтарин шаҳрҳои вилоятанд. Қисми шимолии вилояти Фарғонаро даштҳои Қароқалпоқ ва Ёзёвон фаро гирифтааст. Иқлимаш континенталӣ. Адирҳои қисми ҷанубии вилоят бо қаторкӯҳҳои Олой пайвастаанд. Шоҳимардон ва Сӯх барин гӯшаҳои дурдасти он, ки табиати зебою мафтункор доранд, дар миёни чордевори баланди кӯҳҳо ҷой гирифтаанд. Асосан ӯзбекону тоҷикон, ғайр аз ин қирғизҳо, русҳо, уйғурҳо ва намояндагони миллату халқиятҳои дигар дар вилоят аҳлу тифоқ кору зиндагӣ мекунанд.
Меҳнаткашони Фарғона чун аҳолии вилоятҳои дигар дар татбиқи ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ ва соҳаҳои дигар ба муваффақиятҳо даст меёбанд. Хусусан, ривоҷи соҳибкории хурд эҳсосшаванда аст. Дар таъмини аҳолии маҳаллӣ бо шуғл субъектҳои хурди тиҷоратӣ нақши муҳим мебозанд. Масалан, соҳибкори фарғонӣ Акмалҷон Фозилов ба наздикӣ ба фаъолият шурӯъ карда бошад ҳам бо дуруст ташкил кардани корбарӣ ба комёбиҳо ноил гашт. Бо гирифтани 153 ҳазор доллар кредит корхона кушода маҳсулоти хушсифати ДСП ва МДФ баровард, ки харидоргиранд. Корхонаашро бо ускунаҳои чиноӣ ҷиҳозонд. 20 ҷойи нави корӣ ташкил кард. 2,5 миллиард сӯми иловагие, ки аз бонк гирифт, имкон дод доираи фаъолияташро боз ҳам густариш бахшад. Дигар аз корхонаҳои хурде, ки ба ивази 20 миллиард сӯм ташкил гашт, бар коркарди пахта ва омодасозии риштаю калоба махсусонида шудааст. Моҳи ноябри соли равон бошад, дар кӯчаи Маданият ба ивази 1 миллиард сӯм ҶММ «Mega Polimer» ба фаъолият оғоз намуд, ки асосан маҳсулоти сохтмон мебарорад. Корхона дар як рӯз 4 ҳазор рулон маводи изолатсионии нахи шишагӣ истеҳсол менамояд. Ҳамчунин ширешҳои сохтмон ва таҳмолкуниҳое, ки ин ҷо истеҳсол мешаванд, харидоргиранд. Аз ибтидои соли нав дар ин ҷо баровардани маводи рангубор низ ба нақша даромадааст.
Ба маҳсулоте, ки корхонаҳои хурд ва бузурги вилоят мебароранд, чи дар бозорҳои маҳаллӣ ва чи хориҷӣ талабот калон. Масалан, якчанд коргоҳ дар се-чаҳор моҳи охир бо ҳамкорони тоҷикистонию қирғизистониашон дар бораи экспорти маҳсулот ҳуҷҷатҳо ба имзо расонданд.
Бо мақсади рушди соҳибкории оилавӣ вомҳои имтиёзнок ҷудо карда мешаванд. Оилаҳое, ки ба соҳибкорӣ майл доранд, ба рӯихати корхонаҳои таъмингари маблағ ва маҳсулот аз наздик шиносанд.
Дар вилояти Фарғона барои ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ механизми нави истифода аз қитъаҳои замин ва биноҳои бекор ҷорӣ карда шудааст. Мувофиқи он, қитъаҳои замин ва биноҳое, ки холӣ хобидаанд, танҳо дар майдончаи тиҷорати ягонаи электронии «E-IJRO AUKSION» тавассути савдои музоядаи электронӣ ба амал бароварда мешаванд.
Айни замон онҳое, ки соҳибкор шуданианд, бинои холӣ ва қитъаҳои замини аз ҷониби ҳокимияти ноҳияҳо таклифшудаистодаро тавассути нуқтаҳои интернет дар савдои музоядаи электронӣ хариданашон мумкин.
Ба наздикӣ ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров бо лоиҳаҳои наве, ки дар заминаи объекти бекорхобидаи собиқ «Фабрикаи риштаю калоба» воқеъ дар маҳаллаи «Ибрат»-и шаҳри Фарғона ба амал бароварда мешаванд, аз наздик шинос гашт. Аз ҷумла, лоиҳаи аз нахи сунъии полиэстер омодасозии матои сунъӣ аз ҷониби ҶММ «Vinteks Co»-ро ҳоким аз назар гузаронд. Маслиҳатҳо дод. Арзиши умумии лоиҳае, ки аз моҳи марти соли 2022 ба кор андохта мешавад, 2,5 миллион доллари ИМА мебошад. Одатан аз риштаи полиэстер либос ва мебел барои хона омода месозанд. Он дар саноат низ мавриди истифодаи васеъ мебошад. Масалан, камарҳои бехавфии автомобилҳо ва дигар воситаҳои нақлиётӣ аз ин гуна ришта тайёр карда мешаванд.
Баробари ин ҳокими вилоят ба лоиҳаи сармоявии истеҳсолгари тести бемории диабети қандро аниқкунандаи «Vita Nova diagnostik» шинос гардид. Дар вазъи пурра ба кор андохта шудани лоиҳа 50 ҷойи нави корӣ ташкил хоҳад гашт.
Тавре ишора карда гузаштем, вилояти Фарғона бо иқлими мусоиду барҳавоӣ ва манзараҳои нотакрор низ ҷудо шуда меистад. Вилоят аз истироҳатгоҳҳо, масканҳои таърихиву зиёратӣ хеле бой. Дар мавзеи Водили ноҳияи Фарғона боғи истироҳатие мавҷуд бо унвони «Таги чанор». Дар ин ҷо мақбараи Хоҷа Аҳмад Валӣ, ки яке аз шахсҳои муътабар дар олами ислом мебошад, ҷой гирифтааст. Чанори азиме, ки тақрибан ҳазорсола аст, низ эътибори бинандаро ба худ мекашад.
Вале боғ вақтҳои охир бенигоҳубин монда буд. Аттраксионҳо фарсуда. Барои истироҳати бофароғат имкониятҳо маҳдуд буданд. Ба наздикӣ бо супориши ҳокими вилоят дар ин ҷо корҳои ободонию барқарорсозӣ ба роҳ гузошта шуданд. Нақшаи топографии боғи истироҳатӣ бозсозӣ гашт. Корҳои реконструксионӣ дар асоси лоиҳаи нав имрӯзҳо ба амал бароварда мешаванд.
Соҳибкорони чашмикордон дар ҳамаи ҳудудҳои вилоят ба чӣ қодир будани худро нишон медиҳанд. Масалан, Зарифҷон Зиёев аз ноҳияи Данғара ба ивази бештар аз 4 миллиард сӯм дар асоси шарикӣ-давлатӣ ба барпои бинои ҶШМ дар деҳаи Телиминг шурӯъ сохт. Баробари ҳамин дар ин ҷо шохобчаи хидматрасонии маишӣ ва гузари ҷавонон ба истифода супурда шуд. Дар бинои нав ва барҳавои ҶШМ барои раис, нозири профилактика ва ёрдамчиёни ҳоким кулли шароит муҳайёст. 
Корҳо дар маркази дӯзандагӣ-бофандагӣ воқеъ дар Данғара низ эътиборро ба худ мекашанд. Дар ин  ҷо 180 нафар бонувон меҳнат мекунанд. Маҳсулоти марказ асосан дар Янгибозори Қӯқанд, ки ҳудуди хеле васеъро фаро гирифтааст, ба фурӯш бароварда ва харидори худ меёбад.
Дукони тиҷоратӣ, шохобчаҳои хидматрасонии техникӣ ба автомобилҳо ва мошиншӯӣ, ҳамчунин, бо саъйи соҳибкор З.Зиёев барпо ва имрӯзҳо намунавӣ хидмат мерасонанд. Соҳибкор тавонистааст ҷамъ 250 ҷойи нави корӣ ташкил намуда, ба ҳамкорҳои худ намуна гардад.  
Роҳбари кооператсияи ангурпарварии Олтиариқ Исоҷон Бойматов қайд мекунад, солҳои охир аз ҷониби роҳбари давлат ба токпарварӣ эътибори алоҳида нигаронида ва боғдорон аз имтиёзҳо истифода менамоянд. Масалан, барои кандани чоҳ дар ҳудуди 10 гектар ҷамъ 120 миллион сӯм субсид ҷудо карда шуд, ки ин барои деҳқонону фермерҳо имконияти калон аст. Ба қарибӣ бо мақсади боз ҳам оммавӣ гардондани таҷрибаи олтиариқиён дар токпарварӣ ба ноҳияи Карманаи вилояти Навоӣ 6 навъи сараи ангур фиристода шуд. Дар Кармана ангурзори нав дар ҳудуди 200 гектар майдон барпо мегардад. Баъд аз ин мерседес, ризоматота, кетмонсопи ва ҳусайнӣ барин навъҳои ангур дар вилояти Навоӣ низ парвариш меёбанд, дар барпои боғ ҳам олтиариқиён шахсан ҳисса мегузоранд, мегӯяд И.Бойматов дар фуроварди сухан.

М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: