Хабарҳо аз вилоятҳо

БӮРЁКӮБОН ДАР ПАЖӮҲИШГОҲ

Пажӯҳишгоҳи микробиология, вирусология, бемориҳои сироятӣ ва паразити ба номи  академик Исоев ба биноҳои нави баландошёнаи замонавӣ кӯчид, ки дар  тасарруфи Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд аст.

 

Дар маросими бӯрёкӯбон меҳмонони хориҷӣ низ ширкат варзиданд. 
– Ман аз Куриёи Ҷанубӣ омадам, – иброз дошт профессор Но Вонг Парк, – боиси хушнудист, ки  риштаҳои  дӯстӣ  ва ҳамкорӣ  сол  то сол мустаҳкам  мегардад. Боварӣ дорам, ки дар пажӯҳишгоҳ барои  муайян кардан ва  пешгирии бемориҳои гуногуни сирояткунанда амалиётҳои муштарак анҷом дода хоҳад шуд. 
Дар ин ҷо асбобу анҷомҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст, ки дар баъзе кишварҳои ҷаҳон  нест. Меҳмонону мизбонон бо таваҷҷуҳи хосса бо бинои нав шинос шудаанд. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.


ОБИ ТОЗА – ГАРАВИ САЛОМАТӢ

Дар робита ба таъмин намудани аҳолии вилояти Қашқадарё бо оби тозаи ошомиданӣ чандин лоиҳаи хурду бузург дар амал татбиқ мегардад, ки ба некуаҳволии мардум нигаронида шудаанд.
Яке аз чунин тарҳҳои хеле муҳим дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Янгиобод»-и ноҳияи Нишон амалӣ гардида, боиси хурсандии аҳолии ин мавзеъ шуд. Тарҳи мазкур дар доираи дастурҳои ҳукуматии вобаста ба беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоӣ дар саросари ҷумҳурӣ, хоса бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин сохтани мардум рӯйи кор омада, пурра аз буҷаи давлат маблағгузорӣ шудааст. Барои сохтани иншооти обнигаҳдорӣ ва тақсими он дар маҳаллаи «Янгиобод» ҳудуди 8 миллиарду 948 миллион сӯм маблағ сарф гардидааст. Расми кушоиши ин иншоот бо иштироки меҳмонони зиёд аз маркази вилояту ноҳия ба таври тантанавӣ сурат гирифт. Кунун аз 820 хонадони ин маҳал 510 ададаш бо оби тоза таъмин гардиданд. Бошандагони маҳалла аз сиёсати хирадмандона ва мардумнавози раҳбарони давлат изҳори қаноатмандӣ карданд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё. 

ПУЛИ НАВ СОХТА ШУД

Дар деҳаи Қӯрғони маҳаллаи Гарашаи ноҳияи Фориш ҷавобан ба қарори Президент Шавкат Мирзиёев «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ оид ба минбаъд беҳ намудани инфрасохтори маҳаллаҳо дар солҳои 2022-2023» пули нав сохтанд. 
Ин иншоот аз тарафи ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Elitstroy» дар давоми се моҳ бунёд гардид ва ба он 5,5 миллиард сӯм маблағ сарф шуд. Он зиёда аз чил метр дарозӣ ва даҳ метр бар дорад.                                                   
Фаъолону пешвоёни маҳалла мегӯянд, ки то ин дам аҳолии шаш деҳаи хурду калони тарафи муқобили сой барои ба ин тараф – маркази маҳаллаву ноҳия гузаштан мушкилӣ мекашиданд. Инак, мушкили мардум осон шуд. 
Аз ин пештар дар ҳудуди ҳамин маҳалла соҳибкоре ҳиммат карда, кӯпрук сохта, ба истифодаи мардум дод, ки аз он ҳам аҳли маҳалла хеле мамнун гардида буданд. То ин дам шумораи кӯпрукҳои навсохт ба нӯҳто расид.   
Дар маросими ба истифода додани кӯпруки калон фаъолон, пиру барнои маҳалла, роҳбарони ноҳия ширкат варзиданд. 
    
Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори 
 «Овози тоҷик» 
дар вилояти Ҷиззах.

 


ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН ЧӢ ГУНА СУРАТ МЕГИРАД?
Аз рӯйи ташхис ва таҳлили обуҳавосанҷон зимистони имсола низ обу ҳаво хеле сард меояд. Аз ин рӯ, омодагӣ ба фасли зимистон яке аз масоили умдаи рӯз маҳсуб ёфта, муҳайё намудани шарту шароити мусоид дар муассисаҳои таълимӣ дар мадди аввал қарор дорад.
Ҳокими вилояти Сурхондарё Улуғбек Қосимов дар ҳар сафари кории хеш ба  навоҳии вилоят пеш аз ҳама бо шароити макотиби миёнаву томактабӣ шинос шуда, омодагии онҳоро дар фасли зимистон ба назари эътибор гирифта, тавсеаҳои зарурӣ дода меояд. Аз ҷумла, дар сафари навбатӣ аз ноҳияҳои Тирмиз, Ангор, Музработ ва Шеробод, ки дар як самт воқеанд, дидан намуд. Дар ҷараёни омӯхтану таҳлил кардан маълум гардид, ки дар мактаби касбу ҳунари ноҳияи Тирмиз, мактаби рақами 35-уми ноҳияи Ангор, мактаби рақами 32-юми ноҳияи Музработ ва мактаби рақами 20-уми ноҳияи Шеробод ҳарчанд системаҳои гармидиҳанда насб карда шудааст, вале ба сабаби мавҷуд будани баъзе камбудиҳо, носозиҳо кафолати пурра гарм кардани синфхонаҳо ҳоло мавҷуд набуда, ба таъмир эҳтиёҷ дорад. Ба маъмурияти мактабҳо ва мутасаддиёни соҳа супориш дода шуд, ки дар муддати кӯтоҳ камбудиҳо пурра бартараф карда шаванд. Инчунин, таъкид гардид, ки дар соли хониши имсола новобаста аз хунукии шадид гармии синфхонаҳо ва бардавомии таҳсил бояд таъмин карда шавад.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Сурхондарё.

КОРҲОИ ОМОДАГИРӢ ОМӮХТА ШУД

Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров роҷеъ ба корҳои ободонӣ ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон дар шаҳри Қӯқон ошно шуд ва коҳиши қарзи дебитории вобаста ба захираҳои энергетикӣ дар ин шаҳрро мавриди омӯзиш қарор дод. 
Дар ҷараёни омӯзиш прокурори вилоят Бахтиёр Исмоилов низ ширкат намуд. Ҳарду рафти рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, маҷрои корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар доираи лоиҳаи миллии «Макони сабз», омодагириҳо ба мавсими тирамоҳу зимистон ва кам кардани қарзи дебитории пардохтҳои захираҳои энергетикӣ ва андозро омӯхтанд.
Зимни санҷиш маълум гардидааст, ки қарзи аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ аз рӯйи пардохтҳои захираҳои энергетикӣ ва андоз хеле зиёд боқӣ мондааст. Аз ҷумла, ин қарз барои неруи барқ 24 миллиард сӯм, барои таъмини гази табиӣ 56 миллиард сӯмро ташкил намудааст. Дар робита ба пардохти ҳарчи зудтари ин қарзҳои дебиторӣ дастандаркорони соҳаҳои мазкур муваззаф карда шудаанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: