ПАНҶ ТАШАББУС – ДАР НАВРӮЗ

Табиист, ки халқи сермиллати мо баробари расидани баҳори нозанин Наврӯзи хуҷастапайро интизор мешаванд.

Табиист, ки халқи сермиллати мо баробари расидани баҳори нозанин Наврӯзи хуҷастапайро интизор мешаванд. Зеро Наврӯз – оғози рӯзи нав, рамзи зебоӣ, сарсабзии табиат, ҷашни шодмонӣ ва иди деринтизори мардуми мо аст. Рӯзҳои мубораки баҳори хуҷастапай дар тамоми гӯшаву канор, овулу деҳот, маҳалла ва шаҳрҳои кишвар ин иди пуршукӯҳи байналхалқӣ – Наврӯзи оламро бо хушиву хурсандӣ, бинобар урфу одат ва анъанаҳои миллӣ ҷашн мегиранд. Боиси таассуф аст, ки чун соли гузашта соли ҷорӣ низ ба сабаби коронавирус таҷлили ҷашни Наврӯз бо назардошти риоя ба қоидаҳои карантинӣ пешбинӣ шудааст. Он ҳам бошад, дар кишвар бо амал намудан ба қоидаҳои ҷоришуда ва ҷамъ накардани одамони зиёд. 
Мавриди қайд аст, ки хонандагони мактабҳои таълими ҳамагонӣ низ ба ҷашни Наврӯз ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд. Урфу одат, анъанаҳои қадимӣ ва нодири аҷдоди худро ба меҳмонон пешкаш менамоянд. 
Соли 2019 бо ташаббуси Президент бобати ба амал татбиқ сохтани 5 ташаббуси муҳим доир ба баланд бардоштани шавқ ва самарабахш ташкил намудани кор бо ҷавонон бинобар самтҳои маданият, санъат, варзиш, технологияи ахбор ва китобхонӣ ҷамъомад баргузор гардида буд. Дар он Сарвари давлат қайд намуда буд, ки алъон барои заҳролуд кардани шуури ҷавонон ҳар гуна хуруҷҳо авҷ гирифтаанд. Бинобар ин пурмазмун гузарондани вақти холии онҳо масъалаи хеле муҳим аст. Имрӯз  дар тамоми ташкилоту идора ва муассисаҳои таълими мамлакатамон чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, адабию бадеӣ, варзишӣ ва ғайра доир ба “5 ташаббуси муҳими Президент” баргузор мегарданд. 
Таҳти унвони “5 ташаббус – 5 имконият” дар арафаи ҷашни Наврӯз, дар саҳни мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 9-уми ноҳияи Бӯка чунин чорабинӣ баргузор гардид. Мактаб аз ҷавонону гулдухтарони соҳибистеъдод, санъатдӯстон, шефтагони суруду рақсҳои миллӣ, дӯстдорони футболу намудҳои дигари варзишӣ, ташнагони китобу илм, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва ғайра пур буд. Агар дар як гӯшаи он шогирдони мӯйқаламбадасти устодони санъати тасвирӣ Ҳоҷибой Ҳоҷиев ва Орифшо Мирмаҳмадов ҷамъ шуда бошанд, дар сӯйи дигар китобдӯстони ҷавон ҳамроҳи  китобдори мактаб Саидвалӣ Аҳмедов машғули китобхонӣ буданд. Дар варзишгоҳ ва толори варзишӣ ҷавонон бо роҳбарии омӯзгорони соҳа Давлат Сангинов, Саидвосеъ Аҳмедов, Даврон Комилов ва Надирмаҳмад Сангинов футбол, тенниси рӯйи миз, шоҳмоту шашка, волейбол, гӯштии камарбандӣ, каратэ (ИТФ) бозӣ мекарданд. Шеърхонӣ ва баромадҳои рақсиву саҳнавии хонандагони мактабҳои рақами 9 ва 43-юми деҳа ҷолиб буд. Дар гӯшае мусобиқаи шогирдон барои пухтани таоми миллии палав вусъат дошт.  
– Имрӯз мо бори дигар ба амалан ҷорӣ гардидани “5 ташаббуси муҳим” гувоҳ шудем. Ин ташаббус дар Бӯка бори аввал соли 2019, ҳангоми сафари Президент ба ноҳия дар мисоли маҳаллаи “Бӯстон” оғоз гардида ва то имрӯз давом дорад, – мегӯяд мудири шуъбаи таълими халқи ноҳия Қаҳрамон Сатторов. – Дар ин муддат дар 54 мактаби таълими ҳамагонии Бӯка мувофиқи нақша ва барномаи шуъбаи таълими халқ чорабинӣ, семинарҳои омӯзишӣ ва тадбирҳои дигар доир ба 5 ташаббус баргузор шуданд. Дар онҳо хонандагони мактабҳои ҳудуд ва секторҳо иштирок намуда, маҳорати худро бинобар самтҳои маданият, санъат, варзиш, технологияҳои ахбор ва китобхонӣ нишон доданд, таҷрибаи якдигарро омӯхтанд. 
– Агар гӯем, ки ин чорабинии наврӯзӣ, ҷашни Наврӯз ё сайри наврӯзӣ не, балки 5 ташаббус дар Наврӯз буд, хато намешавад, – мегӯяд муовини директор оид ба корҳои маънавияти мактаби рақами 9 Фотеҳназар Кучаков. 
Бинобар гуфти ӯ алҳол дар мактаб маҳфилҳо доир ба санъати тасвирӣ, мусиқӣ, адабиёт, дастаҳои варзишӣ, технологияи компутерӣ, китобхонӣ, барои духтарон маҳфилҳои дӯзандагиву бофандагӣ фаъолият мебаранд, ки дар ҷаҳонбиниву ҳунаромӯзӣ,  муҳимаш барои пурмазмун гузарондани вақти холии хонандагон нақши муҳим мебозанд.  
Дар идомаи барномаҳои рақсиву саҳнавии чорабинӣ бо роҳбарии омӯзгори мусиқӣ Ғойибҷон Ашурзода сароидани суруд аз ҷониби хонандагон диққати тамошобинонро ба худ ҷалб намуд. Дар он аъзои маҳфили мусиқӣ ва ҷамоаи “Хор” фаъол иштирок карданд. 
Тадбири “5 ташаббус – 5 имконият” баробари хонандагони мактабҳои 9 ва 43-юми деҳаи Навобод, ҳамчунин донишомӯзони мактабҳои 8, 7 ва 10-уми сектори 3-юми ноҳияро фаро гирифт. Дар охири чорабинӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бинобар мусобиқа ва номгӯйҳои гуногун аз ҷониби роҳбарияти мактаб бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон сарфароз карда шуданд.  
Воқеан, таҷлили ҷашни 5 ташаббус дар Наврӯз барои ҷавонон дарси навбатии амалӣ гардид, хурсандии онҳоро ҳадду каноре набуд. Тантанаҳои наврӯзии навободиён аз ҷониби ҳайати эҷодии барномаи «Рангинкамон»-и шабакаи телевизиони «Ӯзбекистон» ба навор бардошта шуд. 

Меҳровари ҚОДИР,
ноҳияи Бӯкаи 
вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: