ЧОРВОДОРӢ СОҲАИ СЕРДАРОМАД ВА МАНФИАТОВАР

Таъмини аҳолӣ бо гӯшт, маҳсулоти гӯштии хушсифату арзон, шир ва маҳсулоти ширӣ ба рушди чорводорӣ вобаста мебошад.

Ҳамчунин он бошуғлфарогирии аҳолиро таъмин намуда, манбаи даромади изофӣ мебошад. Ноҳияи дурдасти Томдии вилояти Навоӣ ба чорвопарварӣ ихтисосонида шудааст. Дар дашту биёбонҳои беохири он ба рушду ривоҷи чорводорӣ эътибори махсус дода мешавад.
Дар ноҳия асп ва шутурпарварӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Мувофиқи қарори Президент, аз 18 феврали соли 2022, «Дар бораи чораву тадбирҳои боз ҳам ривоҷ додани чорводорӣ ва мустаҳкам намудани базаи хӯрокаи он» ба соҳибкорон ва хоҷагиҳои фермерии соҳа имкониятҳои васеъ муҳайё гардидааст. Имрӯз дар ноҳия 5554 сар чорвои шохдори калон, беш аз 341 ҳазор сар чорвои хурд парвариш карда мешавад. Дар ноҳия 235 хоҷагии фермерӣ фаъолият доранд. 105 хоҷагии фермерӣ ба парвариши чорвои хурди шохдор, 17-тои он ба асппарварӣ, боқимонда ба парвариши шутуру ҳайвони калони шохдор машғул мебошанд. 
Хоҷагии фермерии «Бахт имкон ривож чорваси» аз зумраи хоҷагиҳое мебошад, ки рӯ ба ривоҷ дорад. Дар ин хоҷагӣ наздики 2000 чорвои калони шохдор, беш аз 300 сар бузи зотӣ парвариш карда мешаванд. Хоҷагӣ, ки дар заминаи технологияҳои нав ташкил шудааст, бо самаранокӣ афзалият дорад. Аз ҳар сар гов рӯзе 25-28 литр, аз ҳар сар буз 3-3,5 литр шир дӯшида мешавад. Хоҷагӣ ҳар рӯз ба корхонаҳои коркарди шир наздики 20 тонна шир месупорад.
Хоҷагии фермерии «Рустемов медеу аяқудуқ» низ ба чорвопарварӣ тахассусонида шудааст.         
– Мо мехоҳем  фаъолиятамонро вусъат бахшида саршумори чорворо зиёд намоем. Бо ин мақсад аз Қазоқистон ба ивази 300 миллион сӯм кредит 220 сар буз овардем. Ин миқдор имрӯз аз 600 сар гузаштааст. 5 нафарро бо кори доимӣ таъмин намудаем, – мегӯяд сарвари хоҷагии фермерӣ Бағдагул Жӯртабаева. – Шири буз сифати баланд дошта,  хусусиятҳои зиёди тиббиро дорост. Бемориҳои камхунӣ ва меъдаро шифо бахшида, ба таъмини  фаъолияти муътадили чашм мусоидат мекунад. Бағдагул ҳамеша дар хидмати мардум аст.
Ниятҳои зиёд дорад. Мехоҳад панҷ нафар фарзандашро дар ҳамин соҳа тарбия ва таълим диҳад. Ба ин мақсад дар гармои тобистону сармои зимистон дар дашти беканор машғули заҳмат аст. Хоҷагӣ аз марказҳои аҳолинишин дур аст. Омаду рафт ба марказҳо Бағдагулро душвориҳо пеш меовард. Сиёсати инсонпарварона ва дастгирии соҳибкорон буд, ки Жӯртабаева бо машинаи сабукрав тақдир гардонида шуд. Рағбат Бағдагулро илҳом бахшид. Дар маркази ноҳия сехи истеҳсоли яхмосро аз шири буз ва гӯсфанд ба роҳ монд. Ду нафар бекоронро бо кор таъмин намуд.
– Мувофиқи фармони махсуси Президент ҳудуди кишвар вобаста ба имконоти тараққиёт ва бартараф намудани тафовути нобаробарии иқтисодӣ ба панҷ  минтақаи тоифавӣ ҷудо шудааст. Ноҳияи Томдӣ марбут ба тоифаи панҷум аст. Мувофиқи фармон соҳибкорон аз пардохти андози даромади шахсони ҷисмонӣ, яъне коргарони худ озод карда шудаанд. Ин фармон ба рушду нумӯи соҳибкорӣ имконияти васеъ медиҳад. Ҷавонон аз ин имконот васеъ истифода мебаранд ва комёб мегарданд.
Шутурпарварӣ имрӯз ба ҳукми анъана даромадааст. Ин пеша соҳибкорро даромади зиёд оварда, мизоҷонро манфиат. Шифобахш аст шири шутур. Мардум эҳтиёҷи зиёд доранд ба он. Ба таъбире бозоргир аст шири шутур. Пашми шутур харидори зиёд дорад. Ин ҳамаро Акерке Қулмағанбетова хуб дарк кард.
– Талабот ва эҳтиёҷи мардум ба ширу гӯшт ва пашми шутур зиёд аст. Азми қавӣ гирифтам, ки ба шутурпарварӣ машғул шавам. Хоҷагии фермерии шутурпарварӣ таъсис додам, – мегӯяд А. Қулмағанбетова. – Ҳар рӯз мизоҷони зиёд аз гӯшаву канори кишварамон меоянд. Шири гарми шутурро дар ҳамин манзил истеъмол менамоянд ва аз он шифо ҳам меёбанд, – сухани худро идома дод соҳибкор.
Шутурпарварӣ мушкилиҳои зиёд дорад. Бачаи шутур чун бузғолаву барраю гӯсола зуд аз ҷо барнамехезад. Пойҳои дарози он нисбати тана камқувват мебошанд. Ҳафтаҳо онро рӯйи даст дошта, аз модараш озуқа медиҳем. Ин ҳолат аз соҳибкор матонат, далерию кордонӣ ва иродаи мустаҳкамро тақозо дорад.
Соҳибкорони томдигӣ пайваста ҳаракат ба харҷ медиҳанд, ки дасторхони мардум аз маҳсулоти хушсифат ва арзони чорво фаровон бошад. Ва дар навбати худ соҳибкорон низ даромади хуб мегиранд. Чунин аст қонунияти иқтисоди бозорӣ.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: