Вале шикваи ҳамсояи соҳибмансабамон аз ҳамсояи наваш ҳайратовар буд.
Вай гоҳе бо ҳазл, гоҳе ҷиддӣ мегуфт:
– Чӣ кор кунем? Ягон маслиҳат диҳед.
– Чӣ мушкиле ба саратон омад?
– Ҳамсояи нав ба дилам зад.
– Чаро?
– Занаш ҷудо, фарзандонаш ҷудо, боз худаш аз мо як чизҳое мепурсанд, ки...
– Наход?
– Туҳмат не, – бо ришханд гапашро идома дод мард, – дина тақ-тақи дарамон ба гӯш расид. Дарро кушоданд. «Ба раис гап дорам», – овозашро шунидам. Салом додаму «марҳамат» гуфтам. «Не, ҳозир вақт надорам, – гуфт бо хандаву хоҳиш кард: – Як пиёла равғани зағир медодед».
Дар ҳайрат афтода, ҷавоб додам: «Мо ҷувоз надорем».
– Медонам-медонам, – гуфт: – Лекин равғани зағир доред...
– Аз куҷо донистед? – пурсидам.
– Аз бӯяш, дирӯз, бегоҳӣ... Бӯйи равғани зағир аз ошпазхонаи шумо омад...
– Бӯйгири нағз будаед.
– Ҳа. Худо ба ман бӯйгириро доду ба шумо равғани зағирро, – гуфт бо ханда:
– Кам намешавед-ку, як пиёла равған диҳед, ки оши палави мо ҳам боре бӯйи равғани зағир бикунад...
– Додед? Шарм накард?
– Э не... Касе аз Худо шарм надорад, аз ҳамсоя мешармад?
Магар аз беору гадонусха раҳо меёбед? Додам...
Оре, ҳамсояҳо дар ҳама ҷо гуногунхислатанд.
Бомдоди фасли тобистон чун ба сайру ҳавохӯрӣ мебароям ва ҷониби майдони варзиши кӯдакону ҷавонон меравам, ҳамеша суроби пиразани резапайкар, ки ду зарфи пуроб дар даст дорад, бо саги хонапарварди зебояш ба чашмам мерасад. Саги тозаву озодаи хушҳол пеш-пеши соҳибаш метозад ва гоҳе ба фавҷи майнаҳои моҷароангез ё зоғҳои фитнагар, – аз пайдо шудани сагча бо ғавғо бонги хатар мезананд, – ҳамлавар. Пиразан бо коҳише вафодорро ба риояи тартибу оромӣ мехонад. «Эй бача, беадабӣ накун». Сагак бе ак-ак хоҳиши соҳибашро мепазирад. Пиразан бо навбат бехи навниҳолони сӯзанбаргу арча, гулбуттаҳо сатил-сатил об оварда мерезад, ки дар нафаси гармӣ нахушканд. Сипас осудаҳол бо вафодораш сайри маҳалларо идома медиҳад. Аммо накукорӣ ва хайру эҳсони холаи Ниҳол фасли зимистон, вақте ки шохи дарахтону замин зери кӯрпаи барф мемонанду яхбандӣ мешавад, аён мегардад. Дар ин рӯзҳо парандагони нотавони маҳалла: кафтару қумриву гунҷишкакон, ҳатто майнаҳои ҷасур зору ҳайрон мемонанд. Ҳама чиз дар зери барф. Аз куҷо дону хӯрдание биёбанд, ки мадори дилу тан шавад ва аз ҷабри сармои шадид бираҳанд? Ана, дар ҳамин рӯзу соати «қаҳтӣ» холаи Ниҳол ба имдоди мурғакони гурусна мерасад. Вай дар гулбоғи барфпӯши шафати роҳрав барои мурғон хони зиёфат меорояд. Пешакӣ пиразан ғами таъмини ғизои мурғонро мехӯрдааст...
Бомдод, нимрӯзӣ ва қариби шом болои барф панҷа-панҷа дону нонреза мепошад. Беҳтарин саховат, олам-олам савоб. Роҳгузарон болои ях бо эҳтиёт қадамзанон аз дидани ин манзара, албатта, шоду дилгарм мешаванд.
Эҳе, аз чор тараф парандагони гурусна болзанон омада, ба атрофи хони зиёфати холаи Ниҳол мешинанду ҳарисона ба базми дончинӣ шурӯъ мекунанд. Аввал мурғакон ҳамдигарро бо минқор ё бол зада меронанд, вале чун серу осуда шуданд, ҳар кадом бо хонишаке базми шукрона меороянд. Холаи Ниҳол аз паси тирезаи даҳлез айнак дар чашм, бо меҳр мурғаконро тамошо карда, ҳаловат мебарад.
Ана ҳамин тавр хӯву хислат ва рафтору кирдори ҳамсояҳо ҳар хел буда, ҳар кадом дар ёд ҳар хел мемонад.