... ХИРАДРО КОРИ ХУД КУН ДАР ҲАМА КОР

Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати пешгирифтаи худ ҳамеша ба қишри ҷавони кишвар аҳамияти хоса дода, барои соҳибкасбу соҳибдониш гардидани онҳо кулли шароити заруриро фароҳам овардааст.

Ҷавонони Тоҷикистон баробари таҳсил дар муассисаҳои олии кишвар, ҳамчунин дар донишгоҳу донишкадаҳои давлатҳои хориҷӣ низ таҳсил карда истодаанд. Тибқи маълумотҳои оморӣ, айни ҳол дар макотиби олии 56 кишвари ҷаҳон ҷавонони тоҷикистонӣ  таҳсил доранд, ки шумораи онҳо зиёда аз 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин радиф имрӯз дар ҳамсоякишвари мо – Ӯзбекистон  зиёда аз 100 нафар ҷавонон дар донишгоҳҳои гуногун таҳсил гирифта истодаанд. Аз ин нишондиҳанда 28 нафарашон донишҷӯёни курси якум мебошанд. Мо, ҷавонон аз сиёсати пешгирифтаи ду роҳбари давлат – мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев шод ҳастем ва дар роҳи тақвият бахшидани ин дӯстӣ кӯшиш менамоем. 
Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон аз соли 2014 дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мегиранд» таъсис дода шуда, айни ҳол намояндагии маҳфил дар 18 давлати дунё фаъолият дорад. Мақсади асосӣ аз ташкили ин маҳфил пеш аз ҳама муттаҳидсозии ҷавонон, таҳкими муносибатҳои дӯстии халқҳо, шоиста муаррифӣ намудани фарҳанги кишвар, пайдо кардани робитаи доимӣ байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта мебошад. 
 Намояндагии маҳфили мазкур дар Ӯзбекистон «Шӯрои донишҷӯёни Тоҷикистон дар Ӯзбекистон» ном гирифта, дар рӯзҳои фарорасии ҷашни Наврӯз – 20 марти соли 2022 бо ибтикори Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода таъсис дода шуд. Фаъолияти шӯро дар асоси «Низомномаи Шӯрои донишҷӯёни Тоҷикистон дар Ӯзбекистон» ба роҳ монда шудааст. Аз рӯзи таъсис то ба имрӯз шӯро таҳти роҳбарии раёсат дар ҳамкорӣ бо сафорат дар роҳи расидан ба мақсаду вазифаҳои худ тадбирҳои амалӣ ва чораҳои заруриро татбиқ намуд. Нахуст дар Telegram саҳифаи расмӣ бо номи «Шӯрои донишҷӯёни тоҷикистонӣ»-ро ҳамчун воситаи мусоҳиба ва пахши иттилоот дар байни донишҷӯёни тоҷикистонӣ созмон ёфт, ки тамоми аъзоён ба он ҷалб гардиданд. Дар ин саҳифа аз тарафи аъзо то имрӯз садҳо мавод доир ба мавзӯъҳои гуногун, ки дар маҷмӯъ инъикосгари ифтихори ватандорӣ, хештаншиносӣ, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, зебоипарастӣ, тарзи ҳаёти солим, дӯстӣ ва муттаҳидӣ мебошанд, нашр гардид.
Аз июни соли 2022 ҳамкории дуҷониба бо Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон ба роҳ монда шуд. Донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар як қатор чорабиниҳои Марказ иштирок намуданд ва бо фарҳанги халқҳои муқими Ӯзбекистон ошноӣ пайдо карда, бо намояндагони миллатҳои гуногун муколамаҳо анҷом доданд. Ин ҳамкориҳо дар оянда низ тақвият хоҳад ёфт.
Тибқи қарори шӯро дар назар аст аз  соли таҳсили нави 2023-2024 дар назди худ  дар ҳамкорӣ бо ташкилот ва марказҳои фархангӣ панҷ маҳфили навтаъсис ба фаъолият оғоз менамояд: Адабиёт узви ҷудонопазири ҳаёти инсон ва воситаи дӯстиву рафоқат маҳсуб меёбад. Чи хеле ки дар урфият мегӯянд, «Дӯстии адабӣ – дӯстии абадист», дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро муносибатҳои дӯстонаи ду шоирони тавонои миллат Ҷомӣ ва Навоӣ оғоз бахшидаанд. Бо ин мақсад дар назди шӯро дастаи ҳаводорони адабиёт бо номи «Дурахши дӯстӣ» таъсис меёбад. Санъату фарҳанг, кино ва театр дар роҳи муаррифии фолклор ва этнографияи халқҳо нақши калидӣ дорад. Дар дунё ягон миллате ё давлате вуҷуд надорад, ки ба мисли тоҷику ӯзбек фарҳангу санъати якхела ва наздикро дошта бошад. Бо пешниҳоди донишҷӯён, бо роҳбарии донишҷӯёне, ки дар риштаи санъат таҳсил доранд, дастаи ҳавасмандони навозандагӣ, ҳунарӣ ва рақсӣ таъсис дода мешавад. Варзиш омили саломатӣ ва нерӯмандии ҷисму рӯҳи инсон аст. Дар он тане, ки солиму нерӯманд бошад, ақлу идрок низ хубтар ташаккул меёбад. Инчунин варзиш омили ҳамбастагиву иттиҳод ва қосиди сулҳ мебошад. Бо фарогирии тамоми донишҷӯён дастаи мунтахаби шӯро дар бозии Футбол таъсис дода шуда, роҳбари дастаи варзиш ҳамзамон сардори дастаи мунтахаб интихоб гардид. Дар давоми фаъолият дастаҳои мунтахаб дар дигар намудҳои варзиш аз қабили теннис, шоҳмот ва ғайра низ ташкил хоҳад ёфт. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ талаби замони муосир мебошад.  Дар ҳамбастагии донишҷӯёне, ки ихтисосашон барои омӯзиши забон нигаронида шудааст, дастаи «Забондон»  таъсис дода шуд, ки аз соли нави таҳсил ба фаъолият оғоз менамояд. Ба зан – модар дар ҳама давру замон эҳтироми зиёд зоҳир мегардад ва онҳоро гиромӣ доштан аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Дар байни донишҷӯён, хушбахтона, дар радифи писарон духтарон низ хеле фаъол мебошанд. Дар назди шӯро иттиҳоди духтарони донишҷӯ таъсис ёфт.
Боварии комил дорем, ки ташкили чунин маҳфилҳо барои тақвияти дӯстӣ, пурмазмун ва хотирмон гузаронидани вақти донишҷӯён, робитаҳои нав пайдо кардан бо ҷавонони Ӯзбекистон, эҳтиром ба таъриху фарҳанги ҳамдигар нақши муассир мегузорад.
Носири Хусрав фармудааст:
Туро гар дӯстӣ бояд сазовор,
Хирадро кори худ кун 
дар ҳама кор... 

Ҳусейн ҚОСИМӢ,
раиси Шӯрои донишҷӯёни Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, 
донишҷӯи Донишгоҳи шарқшиносии Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: