СИМПОЗИУМИ ШЕЪРИ ФОРСӢ ДАР ДУШАНБЕ – ВОҚЕАЕ БУД ТАЪРИХӢ

Соли 1967 дар шаҳри Душанбе воқеаи муҳими адабӣ рӯй дод.

 Як қатор шоирони бузург ва намоёни форсигӯ, мунаққиду адабиётшиносони барҷаста, доираи васеи илмиву фарҳангӣ  дар Симпозиуми шеъри форсӣ ширкат варзиданд. 
Чорабинӣ таҳти ташаббуси якҷои Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва ҳунари Эрон рӯйи кор омада буд.
Худи ҳамон сол дар Маскав китобе ба табъ расид бо унвони «Мушоира» (мураттибон Шавкат Ниёзӣ ва Раҳим Ҳошим).
Китоби хушсифат бо ҳуруфи арабӣ чоп шуда буд. Он вақтҳо чопи китоб бо ҳуруфи бобоии арабиасос воқеаи нодир ҳисоб меёфт. Хурдсол будам. Устодам Муқаддасхон Зиёев (равонашон шод бод) «Мушоира»-ро, ки дар он беҳтарин намунаҳои қаламии шуарои форсигӯ аз Эрон, Афғонистон, Ҳинду Покистон ва Тоҷикистон ҷой гирифта буданд, ба ман туҳфа карданд. Нав хати арабиасосро меомӯхтам. Китобе надоштам, ки хонам. «Мушоира»-ро бо дили пурҳаяҷон қабул кардам. 
Албатта, он рӯзгор ман бояд китобчаҳое мехондам, ки барои хонандагони синни хурд ва миёнаи мактабӣ тавсия шудаанд. Вале ман, барои он ки алифбои бобоиро амиқтар фаро гирифта ва хондани матнҳо бо ҳуруфи классикиро омӯзам, он китоби ба калонсолон пешбинишударо аз даст намегузоштам.
Аз байн солҳои зиёд гузаштанд. «Мушоира»  ҳамон «китоби рӯйимизиам»...
Ин китоб нафақат дар «арабихониам» (шиносоӣ ба ҳуруфи арабӣ) аз наздик кӯмак кард, балки олами пурэъҷози шеърияти форсиро то андозае пеши назарам ҷилвагар намуд. Маҳз бо шарофати ҳамин китоб ман ба Мӯъмин Қаноат, Аминҷон Шукӯҳӣ, Лоиқ Шералӣ барин шоирони тоҷик, ки бароям «номҳои нав» буданд, шинос шудам. Якчанд шеърро азёд кардам. Минҷумла, «Ба ҳаводори забони тоҷикӣ»-и устод Мӯъмин Қаноатро, ки бо мисраи «Қанд ҷӯйӣ, панд ҷӯйӣ, эй ҷаноб...» оғоз меёбад. 
Донистам, ки Эрону Афғонистон шоироне доштааст аз қабили Нодир Нодирпур, Сулаймон Лоиқ, Бориқ Шафеӣ ва ҳоказо, ки маҳсули хомаи онҳоро тоҷикон бе душворӣ фаҳмида метавонанд. Ҳиндустону Покистон низ шоирони хушсалиқаи форсигӯ доштааст. 
Баъдтар ба таърихи ҳамоиши назми форсӣ дар Душанбе, ки сабабгори тавлиди «Мушоира» буд, таваҷҷуҳ кардам. Донистам, ки дар он асосан масоил ва афкор марбут ба шеъри нав муҳокима карда шудаанд.
Ду сол қабл аз симпозиуми мазкур дар Кобул (Афғонистон) маҷлиси адабӣ бо иштироки намояндагони илму адаб аз панҷ кишвари форсигӯ (Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Ҳинд ва Покистон) масъалаи тарҷумаи беҳтарин осори адабиёти дунё ба форсӣ ва ҳамоҳанг кардани тарҷумаи ислоҳоти илмии ҷадидро мавриди гуфтугӯ қарор дода будааст. 
Вазорати маорифи Афғонистон ба ҷамъомад сару бар гашт. Маҳз бар асари ҳамон маҷлис Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон таҳти сарпарастии шоири шаҳир Мирзо Турсунзода қарор кард «эстафета»-ро қабул созад ва дар ҳамоиши навбатӣ (Душанбе) роҳ ва равиши шеъри нави форсӣ миёни ин кишварҳо табодули назар гардад.
Тавре сарчашмаҳо гувоҳӣ медиҳанд, дар  симпозиум, ки дар асл «базми сухан»-ро мемонд, дар баробари шуарову адабиётшиносҳои номвар чанде ховаршиносони шинохта дар бораи шеъри ҷадиди форсӣ баромад карданд. Касе ба тарҷумон ниёз надошт. Намояндагони чанд давлат забони ҳамдигарро, ки умумифорсӣ гӯянд, чун забони модарии худ мефаҳмиданд. 
Симпозиуми Душанбе, ки дар он асосан гуфтугӯ аз шеъру шоирист, дар роҳи расидан ба мақсад қадами муҳим хоҳад гашт, гуфтанд баромадкунандагон. Воқеан ҳамин тавр шуд. Ҳамоиш адабиётҳоро, ки дар асл ягонаанд ва аз як сарчашма об мехӯранд, наздиктар намуд. То андозае ба тасбит расонд, панҷ давлате, ки дар боло зикр гашт, як қисмати Осиёест ва як воҳиди бузурги фарҳангист.
Мутаассифона, бинобар сабабҳои сиёсӣ аз Покистон ягон шоири форсигӯ дар симпозиум иштирок накард. Вале дар баёзи «Мушоира» ба шуарои форсигӯ аз Покистон низ қисмате ҷудо карда шуда буд. 
Ҳиндустон ягона намоянда дошт: доктор Мунибурраҳмон, устоди забон ва адабиёти форсӣ дар Донишгоҳи Лакҳнав. Вай муаллифи китоби «Шеъри форсӣ пас аз инқилоби машрута» ба забони англисист. Инчунин дар таълиф ва нашри мунтахабот аз осори шоирони муосири Эрон сарубар шудааст.
Аз Афғонистон се нафар адибони номвар намояндагӣ карданд: Абулҳақи Вола, ҳамонвақта раиси чопи китоб дар Вазорати иттилоот ва маданияти Афғонистон, Моили Ҳиравӣ, узви анҷумани таърихи Афғонистон, суханвари барҷастаи ин сарзамин, Муҳаммад Насим Накҳати Саидӣ, устоди Донишкадаи адабиёти Кобул.
Аз Эрон низ се чеҳраи намоёни илму адаб вакили ҳамоиш буданд: доктор Лутфалии Суратгар, шоир Нодири Нодирпур, доктор Парвиз Нотили Хонларӣ.
Меҳмонони арҷманд аз кишварҳои ҳамзабонро Тоҷикистон самимона пазироӣ кард. Фориғ аз симпозиум, сайру саёҳат дар ҷойҳои ҷолиби диққати Душанбе низ шеъри садодода рост ба дилҳо роҳ мегирифт, эҳсосро ба ҷунбиш меовард.  Атрофи Нодир Нодирпурро ҳаводорони шеър печонда буданд ва мехостанд боз шеър хонад.
Меҳмонон мисле шамъ буданду вазири фарҳанги Тоҷикистон Меҳрубон Назаров, раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, узви барҷастаи Фарҳангистони ин кишвар Раҳим Ҳошим, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Носирҷон Маъсумӣ, раиси Академияи улуми Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ, фарзанди  асосгузори адабиёти навин дар Тоҷикистон Садриддин Айнӣ – адабиётшинос Камол Айнӣ, адибони номвари тоҷик Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Мӯъмин Қаноат, Мавҷуда Ҳакимова ва дигарон гирди онҳо парвона.            
Баъди бозгашт ба ватан шоир ва олими Эрон, устоди Донишгоҳи Теҳрон Парвиз Нотили Хонларӣ дар шумораи нӯҳуми маҷаллаи «Сухан» оиди рӯйдоди муҳими адабӣ дар Душанбе мақолаи батафсиле бо унвони «Дар сарзамини Рӯдакӣ» чоп кунонд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад: «Дар Тоҷикистон шеър ва шоирӣ ҳануз яке аз муҳимтарин иштиғолҳои зеҳнии мардуми соҳибзавқ ва соҳибдил мебошад...»
Иштирокдорони афғонистонӣ низ бардоштҳои фаромӯшнопазири худ аз он анҷуманро дар нашрҳои гуногун қаламдод карданд.
Аз сипозиуми таърихӣ ва чопи баёзи «Мушоира» бештар аз ним аср гузашт. Дил мехоҳад мушоираҳо давом кунанд, шеърият дилҳоро ба дилҳо, мамлакатҳоро ба мамлакатҳо дар давраи нави таърихӣ низ мустаҳкам бипайвандад.

Муҳаммадҷон ШОДӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: